logo

энергетика

Чаро истеҳсоли барқ кам шуд?

Истеҳсоли қувваи барқ дар соли 2011 нисбат ба соли 2010-ум 721 миллион кВт.соат кам шуд.
Абдулло Ёров, раиси ширкати "Барқи Тоҷик", инро ба сардиҳои ғайричашмдошти моҳҳои аввалу охири  солу коҳиш ёфтани маҷрои дарёи Вахш ва низ  бинобар аз эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ зиёд будану  пайдо нашудани харидори хориҷӣ, берун аз турбинаҳо, бе истифода аз обанбори Норак раҳо кардани миқдори калони оби баробар ба истеҳсоли 3372 кВт. соат неруи барқ рабт дод.
 Илова бар ин, ба гуфти ӯ, бо вуҷуди сохтмони неругоҳҳои хурду хатҳои тозаи интиқоли барқ ва насби зеристгоҳҳои нав ва ба ин васила афзоиш додани потенсиали истеҳсолӣ, ки соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои худии  ширкат ба ин мақсад 56,6 миллион сомонӣ сарф шудааст, проблемаи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда нисбат ба соли 2010 коҳиш ёфта бошад ҳам, ҳалли худро наёфтааст.
 Мавсуф ба сифати мисол аз корхонаҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ёдовар шуд, ки дар ин сол ба маблағи 32,9 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода карда, ҳамагӣ 4,8 миллион сомонӣ пардохт намудаанд. Бақияи қарзи умумии ин вазорат дар назди ширкат ҳоло ба 182,5 миллион сомонӣ расидааст. Ва яке аз сабабҳои қарздории калони "Барқи Тоҷик" аз неругоҳи "Сангтӯда-1" ба напардохтани ҳақи барқи истифодашуда аз тарафи вазорату идораҳо ва аҳолӣ вобаста аст.

Неъматуллоҳи ЁРМУҲАММАД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.12    №: 16    Мутолиа карданд: 3312
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед