барқияҳо
Барқияи табрикии Сарвазири Ҷопон ба Президенти Тоҷикистон
Рӯзи 2 феврал, ҳамчунин Йошихико Нода, Сарвазири Ҷопон, ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимии маро ба муносибати 20-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои мо муносибатҳои неку бобарор оғоз гардид.
Дар робита ба рух додани ҳодисаи мудҳиш - зилзила дар қисми шарқии Ҷопон дар моҳи марти соли гузашта мо аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, ва мардуми дӯсти тоҷик ҳамдардии амиқ ва паёми самимии тасаллибахш қабул кардем. Бо истифода аз ин фурсат барои ҳамдардии амиқатон изҳори сипос менамоям.
Кишвари мо Тоҷикистонро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то кунун ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Мо ният дорем, ки минбаъд низ мамлакати Шуморо дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла ободонӣ, татбиқи ислоҳоти гуногуни иқтисодӣ ва рушди кишвар, дастгирӣ намоем.
Итминони комил дорам, ки таҷлили 20 - умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ такони бузурге дар роҳи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳоямон бо Тоҷикистон ва мардуми тоҷик мегардад.
Бо ҳавасмандии зиёд мехоҳам, ки бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар чаҳорчӯби муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон", ҳамкории фаъол намоям.
Иҷозат фармоед, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар фаъолияти роҳбариатон саломатию комёбӣ ва ба халқи тоҷик бахту шукуфоиро орзу намоям".
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.02.12 №: 17 Мутолиа карданд: 3400