энергетика
Ҳаҷми истеҳсол танҳо дар соҳаи неруи барқ наафзуд
- Истеҳсоли маснуоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011-ум 7 миллиарду 583,2 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ин маҳсулот ба маблағи 6 миллиарду 602,2 миллион сомонӣ ё 87,1 фоизаш ба фурӯш рафтааст.
Корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар ин давра ба маблағи 2 миллиарду 897,3 миллион сомонӣ маснуот тавлид кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2010 ба маблағи 437,1 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маснуоти истеҳсолгардида 38, 2 фоиз ба корхонаҳои системаи вазорат ва 9,6 фоиз ба КВД "Ширкати алюминийи Тоҷик" рост меояд, - гуфт Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ. Номбурда афзуд, ки дар ин муддат аз корхонаҳои системаи вазорат ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ маснуот содир шудааст. Аз рӯи нишондиҳандаҳои фаврии ҷамъбастӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсол ба ғайр аз неруи барқ дар тамоми раёсатҳои соҳавӣ таъмин гардид. Соҳаҳои алоҳида, аз қабили саноати маъдани кӯҳӣ, ангишт, маводи сохтмон, хӯрокворӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсолро аз 128 то 149,7 - фоизӣ расониданд.
Нигинаи РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.02.12 №: 17 Мутолиа карданд: 3241