logo

номаҳо

Ба хонаи махсуси пиронсолон ниёз дорем

Пирӣ таъсирашро ба зиндагиям мегузорад. Эҳсоси танҳоӣ мекашам. Интизори як ҳамсуҳбатам, аммо он ҳеҷ аз дари хонаам ворид намешавад. Дунёи кӯдакону ҷавонон дигар аст, ба ҷаҳони ман мутобиқ нест. Фарзандону набераҳоям бештар ба кори худ овораанд. Бар асари андешаҳои зиёд зуд-зуд бемор мешавам. Ҳама рӯзу шабҳо дарди танҳоиро таҳаммул менамояму лаб во намекунам. Аз рӯзгор шикоят надорам. Пулу молам басанда аст. Мехоҳам хонаи махсусе барои ман барин пиронсолони хоҳишманд бисозанд, ки ҳамаи шароитҳоро дошта бошад. Аз хизмати табибон баҳравар шавем. Бо ғизоҳои хоси даврони пиронсолӣ таъмин гардем. Дар боғ сайругашт намоем. Суҳбати фозилон, шоирону ҳунармандонро доир кунанд. Китобхонаву ҳуҷраҳои компютериро дар ихтиёрамон вогузоранд.
Дар он ҷо бо ҳамсолон, фикр мекунам, ки кас эҳсоси танҳоиву хастагӣ наменамояд. Андешаҳои беҳудаву бемориҳои вазнин моро ёр намешаванд. Фарзандону набераҳоямон вақташонро беҳуда барои мо сарф намекунанд. Бо хотири шод ба хабаргириамон меоянд. Шояд суолам бидиҳед, ки ин хона аз кадом маблағ сохтаву нигаҳдорӣ мешавад? Ва мо аз кадом ҳисоб дар ин хона то замони фарорасии марги зебо зиндагонӣ мекунем? Посух медиҳам: ин хонаро сармоягузоре бояд бунёд намояд. Ҳар пиронсоли хоҳишманд барои зиндагияш дар он макон маблағи муайян мепардозад.
Бунёди он саро ҳам мисли як меҳмонхона аст. Дар пойтахти кишвар чи қадар меҳмонхонаҳои хубу замонавӣ сохта тавонистем. Сохтмони як хонаи пиронсолон чи мушкилӣ дорад? Бо бунёду истифодаи он чанд кас соҳиби ҷойи кори доимӣ мешавад ва мушкилоти мо пиронсолон рафъ мегардад ва ин хона ҳатман ба сармоягузораш маблағи сарфнамудаашро барзиёд бармегардонад. Агар чунин хонаҳо нафъ намеоварданд, дар кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ онҳоро намесохтанд.

Ҷ. ҲУСЕЙНОВ,  
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.02.12    №: 17    Мутолиа карданд: 4312
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед