logo

муҳоҷират

Муҳоҷирати корӣ ғарибӣ нест, он сиёсати иқтисодии ҷаҳонист

Тавсеаи раванди муҳоҷират дар ҷаҳони муосир тақозо дорад, ки бояд дар муносибат ба ин падида аз шеваҳои тоза кор гирифт. Зеро вусъат пайдо кардани муҳоҷират дар ҳама олам, рақобат дар бозори корро низ шиддат мебахшад. Омори мунташираи Созмони Милали Муттаҳид низ дар ростои ин амр баёнгари он аст, ки ба зудӣ раванди муҳоҷират дар ҷаҳон коҳиш нахоҳад ёфт. Бино ба маълумоти СММ, феълан шумораи умумии муҳоҷирони корӣ 214 миллион нафарро ташкил медиҳад ва пешбинӣ мешавад, ки ин рақам то соли 2050 ба 405 миллион баробар хоҳад шуд.
Вазъи кунунӣ нишон медиҳад, ки раванди муҳоҷират дар мамолики ҷаҳон бо шеваҳои гуногун ҷараён дошта, ба як манбаи аслии даромад табдил шудааст. Чунончӣ, давлатҳои мутараққии ҷаҳон, назири Амрико, Федератсияи Русия, Чин, Фаронса, Олмон ва Туркия аз ин ҳисоб суди иқтисодии қобили мулоҳиза ба даст овардаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сармояи хориҷӣ аз ҳама бештар ба иқтисодиёти Чин ворид мешавад, ки қисмати бештари он ба соҳибкорону муҳоҷирони чинӣ мансуб аст. Ё худ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти Туркия интиқоли даҳҳо миллион евро ва вуруди технологияи муосири аврупоӣ аз ҷониби соҳибкорону муҳоҷирони бурунмарзии турк ба ин кишвар унвон мешавад.
Зимнан дар самти танзими муҳоҷирати корӣ таҷрибаи Филиппин, Миср, Индонезия ва Ҳиндустон қобили омӯзиш дониста мешавад. Чунончӣ, таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи Филиппин мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст ва шумораи муҳоҷирони кориаш дар ҷаҳон 10 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ҳар сол аз ин кишвар 1 миллион нафар бо мақсади кор дар хориҷи кишвар сафарбар мешавад.
Ба дунболи ин амр Филиппин иқтидори бузурги моддию техникиро соҳиб шуда, дар муассисаҳои он беш аз як миллион нафар шаҳрванди ин мамлакат, Индонезияву Тайланд ва дигар давлатҳои ҳамсоя ба омӯзиши касб фаро гирифта шудаанд. Ин аст, ки ҳар сол аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ ба иқтисоди ин давлат 19 миллиард доллар ворид мешавад.

БЕШ АЗ 70 ДАРСАДИ МУҲОҶИРОНИ
КОРИИ ТОҶИК НИЁЗ БА ОМӮЗИШ ДОРАНД
Дурнамои раванди муҳоҷират дар ҷаҳон масъулони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ин бовар қарор додааст, ки он дар садсолаҳои оянда мақоми худро гум намекунад ва аз падидаҳои нави ҷаҳонӣ дар асри 21 боқӣ хоҳад монд. Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират, мегӯяд, ки чунин ҳолат моро водор мекунад, то муҳоҷирони кории дорои касбу кори муайянро омода намоем, зеро ҷаҳони имрӯза ба муҳоҷирони соҳибкасб ниёз дорад, на ба мардикори беихтисос. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар робита ба масъалаи касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ тадбирҳои судманд андешид.
Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури танзим ва беҳтар намудани раванди муҳоҷират «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015”-ро таҳия намудааст, ки он бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 4 октябри соли 2011 тасдиқ гардид. Сафиалло Девонаев, сардори хадамот, зимни як нишаст дар ҳузури васеи хабарнигорон изҳор дошт, ки ин санад роҳнамо ва дурнамои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират аст. Феълан дар амал татбиқ намудани стратегияи мазкур дар меҳвари фаъолияти кормандони соҳа ва дигар ниҳодҳои дахлдор қарор гирифта, ба дунболи он як қатор корҳои назаррас ба субут расидааст. 
Гуфтанист, ки феълан дар мамлакат 68 адад омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 18 ҳазор нафар касб меомӯзанд. Аммо, Сафиалло Девонаев дар робита ба мизони кунунии муҳоҷирати корӣ дар ҷумҳурӣ ин шумораро ночиз хонд ва ба афзоиши теъдоди омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ дар кишвар таъкид кард. Ба қавли ӯ, бояд ҳар сол 150 ҳазор шаҳрванд ба омӯзиш ҷалб шавад. Зеро масъулони хадамот ба ин натиҷа расидаанд, ки беш аз 70 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ ва тахассусҳои бозоргир ниёз доранд. Зимнан кормандони соҳа ба таълими касб фаро гирифтани муҳоҷиронро яке аз роҳҳои асосии танзими раванди муҳоҷират арзёбӣ мекунанд.
Аз ин рӯ, бо мақсади давра ба давра ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 66-и шаҳри Душанбе курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи ихтисосҳои гуногун ва ҳамчунин омӯзиши забони русиро ба таври ройгон роҳандозӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки ҷиҳати дар қаламрави Федератсияи Русия бо кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки курсҳои махсусро дар ин омӯзишгоҳ хатм кардаанд, мувофиқа ҳосил шудааст.  Ин иқдоми аввалини хадамот дар самти танзими раванди муҳоҷирати корӣ ба ҳисоб меравад.

РАСОНАҲО РАВАНДИ МУҲОҶИРАТРО
НОДУРУСТ ШАРҲ МЕДИҲАНД

Дар ҳоле ки раванди муҳоҷират ба ҳайси як падидаи маъмулӣ сарчашмаи даромад ва ба даст овардани сармоя аст, бархе аз расонаҳо онро нодуруст шарҳ медиҳанд. Дар бисёр маврид ҷараёни муҳоҷират ба унвони мушикиле арзёбӣ мегардад, ки гӯё дар пайи иқтисоди заъиф ва ё фақру нодорӣ зуҳур карда бошад. Аммо дар асл раванди ҷаҳонии он далолат бар он дорад, ки муҳоҷират падидаи хоси ҷаҳони муосир ва ё асри 21 аст.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат, умдатан ба Федератсияи Русия  рӯ ба афзоиш аст. Дар пайи ин тамоюл вобаста ба поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик, боздошт ва таъқиби онҳо дар Русия низ пайваста гузориш мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба таъкиди масъулони Хадамоти муҳоҷират буду боши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва дигар давлатҳо зери назорати мақомоти марбутаи давлатӣ қарор дорад.
Мавзуи муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ахиран дар расонаҳо бозтоби васеъ пайдо карда, ба дунболи хеш далелҳои беосос ва омори нодуруст доштааст. Аз ҷумла, дар воситаҳои ахбори омма шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 1 миллион нафар ва баъзан зиёда аз 2 миллион арзёбӣ мешавад, ки маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират ин рақамҳоро рад мекунад. Дар иртибот ба ин таъкид мешавад, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунгоҳҳои наздисарҳадӣ, роҳи оҳан ва фурудгоҳҳои кишвар фаъолияти намояндагиҳои худро ба роҳ мондааст, ки рафту омади шаҳарвандонро сабт месозанд. Қобили зикр аст, ки баҳисобгирии шаҳрвандон - муҳоҷирони кории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 622 тасдиқ шудааст, амалӣ мегардад. Аз ҷумла дар соли 2011 аз қаламрави ҷумҳурӣ 750 ҳазору 391 нафар муҳоҷири корӣ ба хориҷи кишвар сафар намуда, 597 ҳазору 511 нафар баргаштааст.
Дар ҳоле ки вобаста ба ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Федератсияи Русия зиёд ҳарф зада мешавад, бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷират соли 2011 нисбат ба 3377 шаҳрванди ҷумҳурӣ қарори дахлдор оид ба берун кардани онҳо қабул шудааст, ки дар муқоиса ба як соли пеш (4062) камтар аст. Бино ба маълумоти мавҷуда, дар ҳамин давра аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 816 шаҳрванд интиқол шудааст, ки аз ин теъдод 91 нафар ба қатл расидаааст.

БА ДИФОЪ АЗ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН
БАРХӮРДИ БЕШТАР ЗОҲИР МЕШАВАД

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош дорад дар ҳамбастагӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар қазияҳои эҳтимолӣ имкони расидагии бештар пайдо кунад. Гузашта аз ин, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдори Русия ҳар як ҳодисаи қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар  мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.
Зимнан, соли гузашта мақомоти олии Тоҷикистон дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар ва ҳодисаҳои қатли муҳоҷирони корӣ вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури таҳқиқи қатли Бахтиёр Расулов, шаҳрванди Тоҷикистон, дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, намояндаи худро фиристод.
Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират изҳор дошт, ки ба манзури беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба зудӣ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав намояндагии хадамот ифтитоҳ хоҳад шуд. Коршиносон аз чунин тасмим истиқбол мекунанд, зеро ба гумони ғолиб ифтитоҳи намояндагӣ дар Домодедово ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик мусоидат хоҳад кард. Баробари ба фаъолият шуруъ намудани дафтари намояндагии хадамот дар ин фурудгоҳ барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав имкони дастрасии иҷозатномаи кор пайдо мегардад.
Ҳамчунин хадамот барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гурӯҳи панҷнафараи адвокатҳоро ба Русия хоҳад фиристод. Дар ин бора Сафиалло Девонаев бо Фахриддин Зокиров, роҳбари Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе, мувофиқа ҳосил кардааст.
Қарор аст, гурӯҳи адвокатҳо фаъолияти худро рӯзҳои наздик дар назди намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия пас аз анҷоми расмиёти хуҷҷатгузорӣ оғоз намоянд. Ҳамчунин интизор меравад, ки Хадамоти муҳоҷират ва Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе дар оянда дафтарҳои худро барои расондани ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми ҳавзаҳои федеролии Русия таъсис диҳанд.

ҲАМКОРӢ БО ДИГАР КИШВАРҲО НИЗ
МАТРАҲ ШУДААСТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди ҳамкориҳо дар заминаи муҳоҷират бо дигар кишварҳо низ тадбирҳои судманд меандешад. Аз ҷумла гуфугуҳо дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт бо Ҷумҳурии Украина, Қатар ва Куриёи Ҷанубӣ идома доранд ва ворид шудан ба бозори Аврупо, аз ҷумла Лаҳистон дар назар аст.
Имзои Созишномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус оид ба фаъолияти муваққатии шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар, ки зимни сафари расмии Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус, ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2011 иттифоқ афтод, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар ин бахшро вусъат мебахшад. Ё худ, имзои ин созишнома роҳ ба суи Ҷумҳурии Беларусро боз кард ва ба қавли масъулони хадамоти муҳоҷират имзои чунин санадҳои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо низ дар назар аст.

ТОҶИКИСТОН НИЗ
ХОРИҶИҲОРО БО КОР ТАЪМИН МЕКУНАД
Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардани ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистонро низ яке аз вазифаҳои худ медонад. Хадамот соли гузашта ба 4069 нафар шаҳрванди хориҷӣ барои фаъолияти корӣ иҷозат додааст. Ҳамзамон 128 шаҳрванди хориҷӣ бо ҷурми вайрон кардани қавонини буду бош бо қарори суд аз марзи мамлакат берун карда шуд.
Дар ҳамин ҳол Сафиалло Девонаев, изҳор дошт, ки сол ба сол квотаи ҷалби неруи кории хориҷӣ ба Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Ин амр ба хотири ҳарчи бештар бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони мамлакат буда, ҳамзамон пешниҳод шудааст, ки ҳангоми татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мешаванд, бояд 70 дарсади коргаронро шаҳрвандони ҷумҳурӣ ташкил диҳанд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.02.12    №: 18    Мутолиа карданд: 33180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед