маориф
Чаро меъёри баҳогузорӣ риоя намешавад?
Возеҳ аст, ки арзёбии дастовардҳои таълим ва сатҳи дониши хонандагон яке аз қисматҳои муҳими раванди таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Арзёбии натиҷаҳои таҳсили талабагон, баҳогузорӣ ба малакаю маҳорати онҳо дар ҳар давру замон яке аз омилҳои пешравии ҷараёни таълим, нишондиҳандаи асосии афзалиятҳо ва танзимгари муносибатҳои мутақобили омӯзгору талаба будааст.
Аммо дар ин миён баъзе норасоиҳое мавҷуданд, ки ба дурусту дақиқ муайян намудани вазъи воқеии дониши хонандагон халал мерасонанд. Чунончи, аксари омӯзгорон бар асоси мушоҳидаҳо ва таассуроти шахсии худ ба фаъолияти омӯзиши хонандагон баҳо мегузоранд ва аз ҳамин дидгоҳ ба давомоти хонандагони дигар низ баҳо медиҳанд, ки ба муайянсозии вазъи воқеии таълим монеъ мегардад. Чун дар гузашта муваффақиятҳои таълим моҳияти баланди иҷтимоӣ касб накарда буданд, муносибатҳои мавҷудаи арзёбӣ ва баҳисобгирии давомотро як амри муқаррарӣ медонистанд. Вале дар асри навин вазъ ба куллӣ тағйир ёфт. Дар шароити ба таври фаровон истифода гардидани комёбиҳои илмию техникӣ талабот ба салоҳияти мутахассисон ва умуман ба ҳама аҳли ҷомеа ба маротиб афзуд. Дониш ва малакаю маҳорати хонандагон ба омили таъсирбахши инкишофи тамаддун, рушди иқтисод ва комёбии шахсии одамон табдил ёфт. Айни замон баҳои воқеӣ ба натиҷаҳои воқеии дониши талабагон шарти асосии низоми таълим ба шумор меравад.
Ин ангеза ба соҳаи маориф дар масъалаи баланд бардоштани ҳаққонияти арзёбии дастовардҳои таҳсили хонандагон ва ба талаботи ҷомеа ва иқтисодиёт мувофиқ намудани онҳо таъсири зиёд хоҳад расонд. Ҳоло дар бисёр кишварҳои дунё сатҳи дониши хонандагон тавассути санҷишҳои тестӣ муайян карда мешавад. Барои таҳияи тестҳо ва арзёбии рафти иҷрои онҳо шеваи омори математикӣ ва назарияи эҳтимолият фаровон истифода мегардад. Огоҳӣ аз назария ва амалияи санҷиши тестӣ имкон медиҳад, ки оид ба муваффақияти хонандагон дар таҳсил маълумоти дурусту эътимодбахш дастрас шавад. Барои он ки рушди ҷомеа таъмин гардад, муайян намудан зарур аст, ки алҳол дар кадом сатҳ қарор дорем. Ба ин ҳадаф танҳо бо арзёбӣ ва баҳодиҳӣ муяссар шудан мумкин аст.
Айни замон дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, низоми миллии баҳогузорӣ, муваффақияти донишомӯзии талабагон ташкил ва такмил меёбад, ки барои идораи мактабҳо аз ислоҳи нақшаю барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, дастурҳои омӯзишӣ то баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси омӯзгорон ва фароҳамоварии шароити мусоид ба хонандагони сустхону қафомонда истифода хоҳад шуд.
Воқеан ҳам меъёри баҳогузорӣ мувофиқи дониши хонанда барои бонизом ва пурсамар пеш рафтани раванди таълиму тарбия, ташаккули шахс ва ҷомеа аҳамияти калон хоҳад дошт. Агар ба талаба дуруст, бехато ва тибқи донишаш баҳо монда шавад, аввал, он ки дар байни хонандагони синф ё мактаб ноқаноатмандӣ, нооромӣ ба вуҷуд намеояд, аз лиҳози равонӣ ҳеҷ кас зарар намебинад, миёни ҳамсабақон бадбинию душманӣ барнамехезад, дуюм, талабагон хаёли хом намепарваранд, фирефта намешаванд, балки мавқеи худро мешиносанд. Агар донишашон ноқис бошад, ҷиҳати ислоҳ ва такмили он саъй менамоянд ва дар натиҷа ҳамаҷониба камол меёбанд, ки ин ба худашон ва ҳам ба рушди ҷомеа такони ҷиддие хоҳад дод. Зиёда аз ин дар синф ё мактаб фазои гуворою фараҳбахши равонӣ фароҳам меояд, ки барои камолоти маънавии шогирдон хеле муҳим мебошад. Маҳз мавқеи баланди иҷтимоию маънавӣ, адолат, ҳисси андозашиносӣ ва беғаразии омӯзгорон сабаб мегардад, ки мактаббачагон асосҳои илму донишро вобаста ба талабот омӯзанд ва фардо ҳамчун инсони комил ва донишманди тавоно ба камол расанд ва ба нафъи халқу Ватан хидмат намоянд.
Мутаассифона, барои мактабҳои мо ҳанӯз меъёри воқеии баҳогузорӣ ба дониши талабагон таҳия нашудааст, яъне тарзи арзёбии дониши хонанда аз лиҳози назарӣ баррасӣ нагардидааст. Ин аст, ки дар мактабҳои мо, аксар меъёри баҳогузориро риоя намекунанд, ба дониши хонанда ва малакаю маҳорати ӯ аз рӯи майлу хоҳиш ва таваҷҷуҳи худ баҳо мегузоранд.
Таҳлилҳо собит месозанд, ки баъзе муаллимон дар бисёр мавридҳо ба тартиби баҳогузорӣ аҳамият намедиҳанд, гоҳо баҳоро ба ғаразҳои худ тобеъ месозанд, баъзан ба сифати ҷазо ва баъзан барои намоиши муваффақияти умумии мактабашон истифода мебаранд. Натиҷаи ин амали зараровар аст, ки миқдори зиёди хонандагон дар мактаб бо баҳоҳои 4 ва 5 хонанд ҳам, аксари онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил шуда наметавонанд. Ҳамасола иддае аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар барои дарёфти медалҳо пешниҳод мешаванд, вале санҷишҳо собит месозанд, ки дониши онҳо ҷавобгӯи талабот нест. Чӣ бояд кард, то ин норасоӣ аз миён биравад?
Омӯзиш ва таҳлили натиҷаҳои дониши хонандагон ба мо мадад хоҳад расонд, ки чунин ноҳамвориҳоро аз байн барем. Ба фикри мо ҳоло ягона меъёри баҳо ба дониши талабагон вобаста ба покии виҷдони омӯзгорон мебошад. Чун онҳо таҷрибаи кофӣ дошта, малакаю маҳорати шогирдонро хуб шинохта метавонанд, бояд ба меъёри баҳогузорӣ қатъиян риоя кунанд.
Барои он ки бо роҳи хато наравем, аз вазъи воқеии раванди таълиму тарбия ва сатҳи ҳақиқии донишандӯзии талабагон ва фаъолияти педогогии омӯзгорон хубтар огоҳ бошем, худамонро фиреб надиҳем ва муҳимтар аз ҳама насли арзандаи замонро омода созем, бояд ҳамеша ба мактаб равем, сатҳи дониши хонандагонро бисанҷем, назорат барем, бо роҳу воситаҳои гуногун сифати таҳсилотро муайян намоем ва ҷиҳати бонизом ва мақсаднок пеш рафтани таълиму тарбия ба омӯзгорон ёрӣ расонем. Ин масъала аз мушкилоти ташвишовари дигар кишварҳои ҷаҳон низ маҳсуб меёбад.
Аз ин рӯ, тамоми ҷидду ҷаҳди олимон - педагогҳо, донишмандон, муҳаққиқон ва мактабшиносон ба ҳаллу фасли ҳамин мушкилоти соҳаи маориф нигаронида шудааст. Аз ҷумла, дар Конфронси байналмилалие, ки соли гузашта дар Ҷумҳурии федералии Олмон баргузор гардид ва мо низ дар он ширкат доштем, маҳз ҳамин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин конфронс 170 нафар мутахассиси соҳа аз 42 давлати ҷаҳон иштирок дошт.
Азбаски ҳалли ин масъала дар рушди мактабу маориф нақши муҳим мебозад, дар аксар кишварҳо як қатор муассисаҳои илмӣ ва марказҳои арзёбии натиҷаҳои дониши хонандагон таъсис ёфтаанд, ки ба тадқиқу натиҷагирии сифати таълим ва сатҳи дониши талабагон, омодасозии мутахассисон, боло бурдани маҳорати омӯзгорон ва баҳо додан ба муваффақиятҳои таълими хонандагон машғуланд. Дар шаҳри Франкфурт-на-Майнеи ин давлат аз соли 1991 инҷониб Донишкадаи таҳқиқоту итиллоот дар соҳаи маориф фаъолият дорад.
Дар он 100 нафар мутахассис, аз ҷумла 18 нафар доктори илм кор мекунанд. Буҷети солонаи он 25 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб 10 миллион евро аз ҳисоби лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи худи ҳамин донишкада ба созмону ташкилотҳои гуногун аст.
Рисолати он аз таҳқиқоти таҳсилот, амалияи таҳсилот, сиёсат ва идорасозӣ иборат буда, низоми маорифи мамлакатро бо иттилооти муҳимтарини соҳа таъмин месозад. Ин донишкада ҳамчун воситаи муайян кардани дастрасии дониш ва самараи он хизмат мекунад. Саҳми он дар таъмини сифати таҳсилот ва ташаккули низоми маорифи ин кишвар назаррас аст. Донишкадаи мазкур ба таври муназзам иттилоотро дар бораи маориф ба сохторҳои гуногун ва мардум, аз ҷумла падару модарон манзур месозад. Консепсияи сифат, идорасозӣ ва рушди соҳаро аз нигоҳи илмӣ таҳлил, асоснок ва муайян месозад. Ахбори ин муассиса ба 22 забони дунё интишор мешавад.
Ғайр аз ин, дар шаҳри Висбадани ин кишвар Донишкадаи рушди сифат aз соли 2005 фаъолият намуда, ба арзёбӣ ва ташаккули фаъолияти соҳа сарукор дорад. Он шароит ва ҳадафи муассисаҳои таълимиро муайян мекунад ва меомӯзад. Нақши муассиса дар татбиқи ислоҳоти воқеии соҳаи маорифи ин давлат босазост. Муҳимтарин рисолаи ин муассиса ҳамоҳанг сохтани илм бо иттилоот аст. Ҳангоми суҳбат бо директори ин донишкада маълум шуд, ки онҳо ба таҳияи омори махсус барои кӯдакони иллатҳои гуногундошта машғул нестанд, вале барои оянда онро ба нақша гирифтаанд.
Ба ин монанд муассисаҳое, ки ба технологияи баҳодиҳӣ, мониторинг ва арёбии сифати таҳсилот машғуланд, дар аксари давлатҳои пешрафта мавҷуданд ва барои ободӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ин кишварҳо нақши муҳим мебозанд. Зеро сифати таҳсилот ба болоравии бемайлони истеҳсолот таъсири зиёд дорад. Боре дар яке аз суҳбатҳо донишманди рус Л.Коган зикр намуда буд, ки тафовути илми мо аз Ғарб дар он аст, ки илми мо қайд мекунад, илми Ғарб татбиқ. Имрӯз яке аз сабабҳои пешравии давлатҳои Ғарб ҳам дар арзёбӣ ва баҳодиҳии воқеӣ ба дониш ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, кишвари мо низ ба ифтитоҳи чунин як марказ ё муассисаи мустақил ниёзманд аст.
Арзёбии дастовардҳои таҳсили хонандагон чунин натиҷаҳо хоҳанд дод:
- оид ба натиҷаҳои таҳсилот дар муассисаҳои таълим маълумоти дақиқ ба даст хоҳад омад, ки ин барои баҳо додан ба фаъолияти омӯзгорону хонандагон ва шароити мактабҳо ниҳоят зарур мебошад;
- барои мақсаднок сурат гирифтани ислоҳоти соҳаи маориф, беҳтар намудани фаъолияти таълимгоҳҳо ва баланд бардоштани самаранокии раванди таҳсилот шароити хуб фароҳам хоҳад омад;
- низом ва тарзҳои идораи раванди таълиму тарбия дар тамоми зинаҳо такмил хоҳанд ёфт, натиҷаҳои таълим ба талаботи ҷомеа ва давлат мувофиқ хоҳанд гашт.
Яъне, агар мақомоти марбута дар бораи комёбиҳо ва норасоиҳои раванди таълиму тарбия маълумоти дақиқ дошта бошанд, ислоҳотро ба такмили муваффақиятҳо ва рафъи нуқсонҳо равона месозанд, тарзҳои мавҷудаи идораи раванди таълимро тағйир медиҳанд, ҷиҳати ба манфиати ҷомеа ва давлат мувофиқ гардидани таҳсилот тадбирҳо меҷӯянд. Аз рӯи таҳқиқоти аксари муҳаққиқон маълум шуд, ки ба сатҳи донишазхудкунии хонандагон омӯзгорон то 15-20 дар сад нақш мегузоранд. Омилҳои боқимондаи он ба заминаҳои дигар вобастаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки рушди соҳаи маориф ба вазъи иқтисодии ҷомеа сахт алоқаманд аст. Бадеҳист, ки нишондиҳандаҳои қабул ва хатми донишомӯзон зарур бошанд ҳам, вале барои паст бурдани камбизоатӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ кифоя нестанд. Барои паст рафтани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобати иқтисодӣ муваффақиятҳои таълим, ки дар шакли донишҳо ва малакаю маҳоратҳои нав ифода меёбанд, моҳияти калидӣ доранд. Беш аз ин дараҷаи баланди муваффақиятҳои таҳсил барои нигоҳ доштани вазъи мавҷудаи таълим мадад мерасонад. Яъне иқтидори иқтисодии маорифро танҳо дар сурати боло рафтани сифати таълим ва дараҷаи омодасозии мутахассисони арзандаи педагогӣ дар амал татбиқ намудан мумкин аст.
Айни замон, арзёбии муваффақиятҳо ва дониши хонандагон ҳамчун омили муҳими муайян намудани сифати таҳсилот дар ҷойи аввал аст. Ҳангоми муайян сохтани суръати инкишофи иқтисодиёти кишвар ва қобилияти рақобатнокии он дар бозори ҷаҳон дастрасии дониш ва малакаю маҳоратҳо аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Бинобар он оид ба натиҷаҳои низоми таълим иттилооти аниқу дақиқ зарур аст. Арзёбии муваффақиятҳои таҳсил барои фаҳмидани вобастагии натиҷаҳои таълим аз омилҳои берунӣ, аз ҷумла шароити хонавода, сатҳи омодасозии омӯзгорон, муносибат ба нақшаю барномаҳои таълим, дараҷаи қобилият ва маҳорати онҳо мадад хоҳад расонд. Арзёбии муваффақиятҳои раванди таълим на танҳо оид ба сатҳи умумии таҳсилот иттилоъ медиҳад, балки истифодаи натиҷаҳои он аз омилҳои рушди комёбиҳои хонандагон маҳсуб меёбад.
Барои мисол, мо ба воситаи арзёбии натиҷаҳои дониши хонандагон ба саволҳои зерин ҷавоб мегирем:
- раванди таълим ва тарбия чӣ тавр ташкил карда шудааст, ё он ба мақсадҳои барномаву нақшаи таълим, талаботи рӯзафзуни ҷомеа ва рафти омодасозии бачаҳо ба ҳаёт ҷавоб медиҳад?
- оё баҳо ҷиҳатҳои қавӣ ва сусти дониш ва малакаю маҳорати хонандагонро равшан месозад?
- оё воқеан ҳам гурӯҳҳои алоҳидаи талабагон тестро нодуруст ва ё бад иҷро намуданд? Оё дар натиҷаи санҷиши тестӣ тафовуте миёни бачаҳо ва духтарҳо, ё худ талабагони шаҳр ва деҳот вуҷуд дорад?
- вобаста аз муҳити таълим, аз ҷумла захираҳои мактаб, омодасозии омӯзгорон донишу салоҳияти онҳо ва намуди мактабҳо муваффақиятҳои таълим ба кадом дараҷа тағйир меёбанд?
Ин саволҳо, бахусус ҳангоми гузарондани ислоҳоти соҳаи маориф аҳамияти калон хоҳанд дошт.
Ақидае вуҷуд дорад, ки гӯё имтиҳоноти давлатӣ вазифаи арзёбии натиҷаҳои таълимро иҷро мекарда бошанд. Аммо имтиҳоноти давлатӣ он иттилоотеро, ки арзёбии дониш пешниҳод менамояд, таъмин карда наметавонанд. Зеро мазмуни имтиҳонот монанди тавсифномаи хонандагон сол аз сол тағйир меёбад, аз ин рӯ оид ба муқоисаи муваффақиятҳои таълим хулоса баровардан душвор хоҳад буд. Беш аз ин муаллимон ва хонандагон низ танҳо ба он қисматҳои нақшаи таълим диққат медиҳанд, ки ба имтиҳонот фаро гирифта шуданд, вале бисёр мавзуъҳои муҳим аз мадди назар берун мемонанд.
Мақсади асосӣ аз арзёбии натиҷаҳои дониши хонандагон иттилооти пурра гирифтан оид ба раванди таълиму тарбия, шароити мактабҳо ва маҳорати омӯзгорон мебошад. Аксар дар бораи ҷиҳатҳои мухталифи низоми таҳсилот, бахусус дараҷаи муваффақиятҳои дониши хонандагон ва тавсифи раванди таълиму тарбия иттилоот камӣ мекунад.
Арзёбии раванди таҳсилот метавонад иттилоотеро пешниҳод намояд, ки он заминаи калидӣ дар ҳаллу фасли мушкилот маҳсуб меёбад. Масалан, баҳогузорӣ метавонад норасоиҳои зайлро ошкор созад: дар бисёр мактабҳо аксари синфхонаҳо бад таҷҳизонда шудаанд, ба миқдори муайяни хонандагон дар синф ҷойи нишаст намерасад, баъзе талабагон аз хона то мактаб ва аз мактаб то хона пиёда роҳи бисёреро тай мекунанд, муаллимони фанҳои забони русӣ, англисӣ, тоҷикӣ, математика, таърих дониши зарурӣ надоранд, падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон дуруст эътибор намедиҳанд ва ғайраҳо.
Зарурати гирифтани иттилоот дар бораи он ки талабагон дар мактаб чиро ва чи тавр меомӯзанд, вобаста ба инкишофи иқтисодиёт боз ҳам зиёдтар гардид. Баъзе таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки хонандагон, агар онҳо дар фаъолияти ояндаашон мавқеи арзанда пайдо кардан хоҳанд, бояд аз бисёр фанҳо, бахусус аз математика ва илмҳои табиатшиносӣ ба дараҷаи баланд дониш ва малакаю маҳорат дошта бошанд.
Таҳлили натиҷаҳои баҳои талабагон барои такмилу таҷдиди нақшаи барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ, меъёри фарогирии хонандагон дар синфҳо, баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон мадад мерасонад.
Санҷишҳо ё худ чен кардани дониши хонандагон самаранокии раванди таълиму тарбия, комёбӣ ва норасоиҳои шогирдон, қобилият, майлу хоҳиши онҳо, мавҷудияти китобҳои дарсӣ, сатҳи маълумот ва ихтисоси муаллимон, вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии падару модарон ва ғайраро муайян менамояд.
Шаклҳои асосии санҷиши дониш ва малакаю маҳорати талабагон инҳоянд: саволнома, анкета, муколама, тест, мониторинг. Ба фикри мо айни замон тарзи гузаронидани ин шаклу воситаҳои санҷиш ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Онҳо гоҳо бе омодагии пешакӣ, бе нақшаи махсус доир мегарданд ва барои ҳалли мушкилот ва пешниҳодоти мушаххас манзур намешаванд. Ин шаклҳои санҷиши дониши талабагон бояд бо тайёрии махсус аз рӯи нақшаи муайян, бонизом, пайдарпай ва бомаром гузаронда шаванд ва хулосаҳои муҳимро дар бар гиранд.
Чун мактаби ибтидоӣ ҷиҳати минбаъд гирифтани дониш барои талабагон зербино ё пойдевор ҳисоб меёбад, бинобар он арзёбии дониши шогирдон бештар дар синфҳои поён бояд сурат гиранд. Ҳангоми санҷиши дониши хурдсолон чунин масъалаҳоро баррасӣ кардан мумкин аст: хонандагон тибқи нақшаи таълим бояд чиро омӯзанд, масъулияти омӯзгорон ва ҳам талабагон дар дарс, миқдори бачаҳо дар синф, босаводона хондан ва дарк намудани маънои матн ва шароити мактаб, фаъолияти падару модарон ва муносибати онҳо ва таҳсили фарзандон, машғулиятҳои берун аз дарсӣ, аз худ намудани малакаю маҳоратҳое, ки барои фаъолияти минбаъдаи онҳо заруранд, муносибати хурдсолон нисбат ба табиат ва ҷамъият, аз ҷумла замин, об, дарахт ва ғайра.
Натиҷаҳои баҳои дониши хонандагон имкон хоҳанд дод, ки роҳбарони шуъбаҳои маориф ва мактабҳо баҳри аз байн бурдани норасоиҳои мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Мутахассисоне, ки натиҷаҳои дониши хонандагонро чен мекунанд ва ҳам ба малакаю маҳорати онҳо баҳо медиҳанд, бояд ба ин амали бағоят муҳим ҳамаҷониба омодагӣ бинанд, адабиёти назарӣ ва илмию методӣ хонанд, дар семинару конфронсҳо аслҳои арзёбии дониши хонандагонро амиқтар омӯзанд ва бо роҳбарияти мактабҳо, омӯзгорон ҳамкории ҷиддӣ намоянд.
Муҳаммадалӣ АФҒОНОВ,
директори Пажӯҳишгоҳи
илмҳои педагогии ҷумҳурӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.12 №: 20 Мутолиа карданд: 6560