барқияҳо
Барқияи табрикотӣ ба унвони Президенти Туркманистон
13 феврали соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷаноби Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Туркманистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Мӯҳтарам Гурбонгулӣ Маликқулиевич,
Ба муносибати пирӯзии комилатон дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистони дӯст табрикоту таҳнияти самимонатаринамро бо сурури зиёд ба Шумо ирсол медорам.
Ба ин мансаби олӣ аз нав интихоб шудани Шумо боз як далели сиёсати устуворонаи Шуморо васеъ дастгирӣ намудани халқи бародари Туркманистон мебошад, ки мақсад аз он рушди минбаъдаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии халқи он аст.
Аминам, ки муносибатҳои имрӯзаи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи миёни кишварҳоямон нафақат ба нафъи ҳар ду давлат хизмат мекунанд, балки омили муҳими сулҳу суботи минтақа ҳам мебошанд.
Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами рушди маҳз чунин муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон шинохта, омодаем, ки барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо ба нафъи халқҳоямон якҷоя бо Шумо ҳамаи чораҳои заруриро бинем.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.12 №: 21-22 Мутолиа карданд: 3360