президент
Машварати корӣ дар ҳузури Президент оид ба нафақа
16 феврали соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, доир ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла таъмини саривақтии нафақа, машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини эътидол дар Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, омӯзиши низоми таъини нафақаҳои маъюбӣ ва пардохти саривақтии нафақа баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид дошт, ки таъмини адолати иҷтимоӣ дар ин соҳа аз вазифаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад.
Ба масъулони дахлдор дастур дода шуд, ки вазъи ин соҳаро мавриди санҷишу омӯзиш қарор диҳанд ва барои ислоҳи ҳолатҳои номатлуб чораҳои мушаххас андешида, ба Ҳукумати кишвар ҳисобот пешниҳод намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.02.12 №: 21-22 Мутолиа карданд: 3714