маориф
Шаҳодатномаҳои қалбакӣ: суди кию зиёни кӣ?
Таҳлили оморӣ нишон медиҳад, ки теъдоди шаҳодатномаҳо оид ба хатми таҳсилоти миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ нисбат ба шумораи хамткардагон сол ба сол меафзояд. Сунавбар Давлатов, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2009-2010 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосиро (синфи 9) 144862 хонанда ва таҳсилоти миёнаи умумиро (синфи 11) 88107 нафар хатм кардааст.
Шумораи хатмкардагон дар соли таҳсили 2010-2011 мутаносибан ба 158489 ва 85548 нафар мерасад. Санҷишҳои прокурорӣ ошкор сохтанд, ки соли 2010 дар ҷумҳурӣ 2667 дона зиёд шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсилоти миёнаи асосӣ ва дар соли 2011-ум 4725 шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аз миқдори хатмкардагон дода шудааст.
Сабаби асосии зиёд дархост кардани шаҳодатномаҳоро роҳбарони мақомоти маориф дар ҷой доштани ҳолатҳои гум шудани шаҳодатномаҳои солҳои пешин, гирифтани дубликатҳо, иваз кардани ному насаби хатмкардагон, хато пур кардану аз эътибор соқит донистан арзёбӣ мекунанд. Вале санҷишҳои прокурорӣ шаҳодат медиҳанд, ки на дар ҳама ҳолат шаҳодатномаҳои иловагии дархостшуда мувофиқи мақсад истифода шудаанд.
Ба ақидаи мавсуф, набудани назорати доимӣ, талаб накардани ҳисоботи истифодаи мақсадноки шаҳодатномаҳо аз ҷониби шуъбаҳо ва раёсатҳои маориф дар шаҳру ноҳияҳо ва раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ин иллат замина гузоштанд, ки баъзе директорони муассисаҳои таълимӣ шаҳодатномаҳои иловагии аз вазорат дархостшударо бо мақсади ба даст даровардани даромадҳои ғайриқонунӣ ба шахсони алоҳида додаанд.
Аз ин ҷост, ки санҷишҳои прокурорӣ қариб дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои ҷой доштани шаҳодатномаҳои қалбакиро дар бораи хатми муассисаҳои таълимӣ, суиистифодаи ваколатҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, гирифтану додани ришва ва дигар ҷиноятҳои характери коррупсионидоштаро ошкор карданд.
Масалан, дар соли таҳсили 2009-2010 ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба илова 329 шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ дода шудааст.
Раёсати маорифи вилоят 78-тои онро ба шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим додааст. А.Гулзоров, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и ноҳия, шаҳодатномаҳои қалбакиро ба шаҳрвандон А.Амирбеков, Ф.Давлатова ва З.Паҳлавонова, ки дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил накардаанд, ба расмият даровардааст.
Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд С.Сайфуллоева - директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 бо Б.Муминҷонов, директори боғча-гимназияи рақами 1-и ҳамин шаҳр созиши ҷиноятӣ баста, бо гирифтани маблағи муайян ба сифати ришва ба фарзандаш Д.Муминҷонов, ки дар синфи 10-уми гимназияи рақами 4 таҳсил мекард, шаҳодатномаи қалбакӣ додааст.
Т. Нурматов, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, моҳи июни соли 2010 ба шаҳрванд Ш.Ғиёсова ба ивази 200 сомонӣ шаҳодатнома дар бораи хатми мактаби мазкур супурдааст. Ш.Ғиёсова бо истифода аз ин ҳуҷҷати қалбакӣ ба Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон дохил шудааст.
Гуруҳи ҷиноятии дигар бо сарварии Н.Назирмадов - собиқ директори литсейи тамоюли технологии шаҳри Қӯрғонтеппа ва М.Алиев, муовини ӯ, дар моҳи июли соли 2010 аз раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорати маориф 10 шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба даст оварда, онҳоро ба сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил накардаанд ва ё таҳсилро пас аз хатми синфи 9-ум тарк карда, ба Федератсияи Русия рафтаанд, номнавис карда додаанд.
Мавсуф иброз дошт, ки аз бемасъулиятӣ, беназоратӣ ва муносибати хунукназаронаи масъулони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ истифода бурда, Р.Қосимов - директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62-и шаҳри Душанбе бо созмон додани гуруҳи ҷиноятии муташаккил дар ҳайати С.Сулаймонов, директори мактаби таҳсилоти ғоибонаи рақами 2-и пойтахт, С.Мираҳмадов, муҳосиби муассисаҳои томактабии шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Х.Зиёев, муовини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62, Ҷ.Шарифов, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва як қатор омӯзгорон, директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар солҳои 2007-2010 бо роҳи пешниҳод кардани дархостҳои беасос, бовариномаҳои қалбакӣ аз раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат зиёда аз 2500 шаҳодатнома дастрас карда, ба ивази маблағҳои пулӣ (аз 100 то 350 доллари амрикоӣ) ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ фурӯхтаанд.
Бо истифода аз ин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ аксари шаҳрвандон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дохил шудаанд, ки дар маҷмуъ обрӯ ва эътибори мақомоти маорифи ҷумҳурӣ ва системаи таълимии он костааст.
Дар баробари кирдорҳои ҷинояткоронаи аъзои ин гурӯҳ, инчунин аз бемасъулиятию беэътиноии баъзе падару модарон нисбат ба тақдири минбаъдаи фарзандони худ зиёда аз 300 нафаре, ки бо истифода аз шаҳодатномаҳои қалбакӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил шуда буд, аз муассисаҳои таълимӣ хориҷ гардид.
Фаъолияти ин гурӯҳи ҷиноятӣ моҳи августи соли 2010 аз ҷониби мақомоти прокуратура ошкор гардид. Парвандаи онҳоро муфаттишони раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ мавриди тафтиш қарор додаанд. Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе гунаҳгорон барои сохтакорӣ дар ҳуҷҷатҳо, гирифтан ва додани ришва, суиистифодаи ваколати хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои иқтисодиву характери коррупсионидошта ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум гардиданд.
Сунавбар Давлатов тазаккур дод, ки гунаҳкорони асосӣ ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда бошанд ҳам, ҳанӯз на ҳама шаҳодатномаҳои қалбакӣ ошкор шудаанд. Бо назардошти ин ҳолат корҳои фавриву ҷустуҷӯӣ ва амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура идома дорад.
Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нишон дод, ки омили асосии содиршавии ин қабил ҷиноятҳо дар мақомоти маорифи ҷумҳурӣ адами санади меъёрии ҳуқуқист, ки бояд низоми баҳисобгирӣ, тақсим ва нигоҳдории шаҳодатномаҳоро ҳамчун ҳуҷҷати давлатӣ ба танзим дарорад. Танҳо пас аз ошкор шудани ҷиноятҳои дар боло зикргардида бо фармоиши вазири маорифи ҷумҳурӣ аз 30 августи соли 2010 "Тартиби нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ ва супурдани шаҳодатнома дар бораи хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ" таҳия ва мавриди истифода қарор гирифт. Мутаассифона, пас аз қабули ин санади меъёрии ҳуқуқӣ низ дар тамоми зинаҳои идораи мақомоти маориф, аз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ сар карда, то раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат муқаррароти он риоя нагардида, дар ин замина ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудааст.
Вазорати маорифи ҷумҳуриро мебоист, ки дар доираи салоҳияти худ мувофиқи моддаи 29-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" фаъолияти муассисаҳои таълимиро зери назорат мегирифт. Вале дар давоми 5 соли охир ягон маротиба масъалаи тартиби нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ ва супурдани шаҳодатнома дар бораи хатми муассисаҳои таҳсилоти умумиро, ки ҳуҷҷати намунаи давлатии ҳисоботӣ мебошад, мавриди санҷиш қарор надодааст.
Сунавбар Давлатов зикр кард, ки мутобиқи талаботи банди 4-и тартиби зикршуда дар шуъбаҳои маориф ҷиҳати бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва тақсимоти шаҳодатномаҳо бояд тибқи фармони махсус шахси масъул вобаста мешуд. Чуноне ки санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, на дар ҳама шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин талабот риоя шудааст.
Муқаррароти бандҳои 12-19-и он дар мавриди гум ва ё корношоям шудани шаҳодатномаҳо, додани шаҳодатномаи нав, бо сабаби иваз кардани ному насаб, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро уҳдадор мекунад, ки онҳо бояд мақомоти корҳои дохилиро бо нишон додани рақами шаҳодатномаи гумшуда огоҳ намуда, дар бораи беэътибор донистан, бо нишон додани сабабҳо, ба вазорати маориф гузориш пешниҳод намоянд. Санҷишҳои прокурорӣ нишон доданд, ки ин талабот аз ҷониби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ на ҳама вақт риоя мешавад.
Чунончи, маъмурияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ноҳияи Рӯшони ВМКБ, дар соли 2011 ба 7 нафар хатмкардаи ин мактаб бинобар гум кардани шаҳодатномаҳояшон такроран шаҳодатнома медиҳад. Дар ин маврид бар хилофи талаботи тартиби зикргардида, маъмурияти мактаб, шуъбаи маорифи ноҳия аризаи шаҳрвандонро нагирифта, тартиби ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кардан, додани эълон дар воситаҳои ахбори оммаро сарфи назар карда, ба вазорат гузориш надодааст.
Маъмурияти мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и ноҳияи Мурғоб ба шаҳрванд Г.Чолпонова бо сабаби иваз кардани ному насабаш шаҳодатномаи такрорӣ додааст, ки дар ин бора санаде нест. Чунин камбудиҳо ва риоя накардани талаботи "Тартиби нигоҳдорӣ, бақайдгирӣ ва супурдани шаҳодатнома дар бораи хатми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ" дар фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Ҷиргатол, Ванҷ, Шуғнон, Конибодом, Ғончӣ, Исфара, Шаҳристон, Шаҳритус, Қубодиён, Бохтар, Восеъ, Ёвон, Фархор ва шаҳри Кӯлоб низ ҷой доранд.
Президенти кишвар дар вохӯрии бахшида ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" таъкид доштанд, ки "Тарбияи кӯдак дар асоси ҷаҳонбинӣ, дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кӯдак мебошад".
Имом Муҳаммади Ғазолии Тусӣ дар асари бузурги худ "Насиҳат-ул-мулук" фармудааст: "Падару модар мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд".
Дар ҳолате ки падару модарон барои фарзандонашон шаҳодатномаву диплом мехаранд, вақте ки масъулони соҳаи маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ мезананд, на танҳо ояндаи фарзандон, балки ояндаи ҷомеаро ба мушкилоти сангин мувоҷеҳ месозанд.
Мунаввари САФАР,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.02.12 №: 24 Мутолиа карданд: 6063