logo

маориф

Оё саволномаҳои тест ҷавобгӯи талаботи рӯзанд?

Тарбияи насли бедору таҳаммулпазир дар баробари андешаҳои гуногун, насле, ки ба худшиносии миллӣ расида ва барои пешрафту шукуфоии ҷомеаи Тоҷикистон, барои ҳастии забону фарҳанги миллӣ дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ талош меварзад, танҳо аз роҳи таълими дурусту босифат имконпазир мебошад. Ва ислоҳоти соҳаи маориф, ки имрӯз идома дорад, барои соҳиби дониши замонавӣ гардидани насли наврас ва ҳамчун мутахассисони баландпояву кордон ба камол расидани онҳо фароҳам овардани заминаи боэътимодро пешбинӣ менамояд.  Танҳо бо таъмини шароити мусоид барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар таҳсил метавонем ба тарбияи насли худшинос муваффақ гардем. Аз ин рӯ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ Маркази миллии тестӣ таъсис дода шуд, ки вазифаи он иборат аз таҷдиди низоми миллии бисёрзинаи таълим, ташкилу роҳандозии имтиҳонҳои мутамарказ аз тариқи тест ҳини қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таъмини шаффофияти онҳо, инчунин мусоидат ба иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии дониши хонандагон аст. Аз ин нигоҳ таъсиси Маркази миллии тестӣ талаби замон ва қадами ҷиддие дар ислоҳоти соҳаи маориф мебошад.
Солҳои охир дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ имтиҳонҳои қабул аз тариқи тест мегузаранд. Аммо чун саволномаҳоро муассисаҳои таълимӣ худ таҳия месозанд ва онҳо дар баъзе аз макотиби олӣ ба барномаҳои таълимӣ ва талаботи замон мувофиқ нестанд, сабаби нофаҳмии байни довталаб ва муассисаҳои таълимӣ мегарданд.
Маркази миллии тестӣ ҷиҳати аз байн бурдани чунин иллат ба ташкили имтиҳонҳои мутамаркази қабул шуруъ намуд. Албатта, баргузории имтиҳонҳои мутамаркази қабул бе таҳияи саволномаҳои тестӣ аз фанҳои таълимӣ номумкин мебошад. Ба ин хотир, қадами аввале, ки марказ дар ин роҳ гузошт, ҷалби мутахассисони беҳтарини донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар таҳияи саволномаҳои тестӣ аст. Шояд ин ҷо саволе ба миён ояд, ки чаро ҳалли масъаларо маҳз аз таҳияи саволномаҳои тестӣ шуруъ намудем? Чунки усули  тестӣ аз шеваҳои фаъоли таълим, тарзи самараноки назорат ва санҷиши сифати таҳсил ба ҳисоб меравад. Ва тест маҷмуи масъалаҳо ва ё абзор (ченак)-ест, ки дар асоси меъёрҳои муайян дараҷаи фарогирии барномаҳои таълим (дониш ва малакаю маҳорати хонандагон)-ро месанҷад, дар сурате ки он дуруст ва мувофиқи талабот таҳия гардад. Инчунин тест бояд дар асоси сарчашмаҳои боэътимод, асарҳои илмӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва адабиёти иловагӣ (хрестоматия), ки барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ гардидаанд, таҳия шавад ва дар навбати худ ба такмили барномаҳои таълиму китобҳои дарсӣ ва пешрафти маънавиёти хонандагон мусоидат намояд.  
Омӯзгори асил метавонад бо роҳу шеваҳои гуногун дар дарсҳои хеш аз саволҳои тест истифода кунад. Тавассути тест самараи меҳнати муаллим ва савияи дониши шогирдони ӯ, тавре ки ҳаст, муайян мегардад. Хонандагон баъд аз ҳалли мисолҳои тестӣ ба худбаҳодиҳӣ мепардозанд, ғалатҳояшонро ислоҳ намуда, онҳоро дар хотир нигоҳ медоранд. Вобаста ба ин зарурат дар мувофиқа бо Вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз ҳисоби омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназияву литсейҳо, устодони мактабҳои олӣ ва мутахассисони соҳаи маориф, ки таҷрибаи таҳияи саволҳои тестӣ доранд, гурӯҳҳои корӣ аз 10 фанни таълимӣ (физика, химия, биология, география, забони англисӣ, забони фаронсавӣ, забони олмонӣ, забон ва адабиёти тоҷик, математика, таърихи халқи тоҷик ва ҳуқуқи инсон) таъсис додем. Ва барояшон бо дастгирии бахши Созмони байналмилалии Институти "Ҷомеаи кушода" - Бунёди мадад дар Тоҷикистон аз соли 2010 то имрӯз зери назари мушовирони байналмилалии Anglia Assessment Ltd - Алгирдас Забулионис, Кестутис Бределис, Эвалдас Баконис, Ҷорҷ Бетел ва Ҷеф Станфорд беш аз даҳ маротиба семинари омузишӣ баргузор намудем.
Ин гурӯҳҳои корӣ дар асоси дониши андӯхтаашон ва риояи талаботи назарияи классикии тест намунаи тестҳои типи навро аз ҳар фанни таълимӣ таҳия намуданд. Вобаста ба талаботи назарияи классикӣ ва муосири тест ва фармоишҳои вазири маорифи ҷумҳурӣ тестҳои типи нав се маротиба дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ озмуда шуданд. Дар ин озмоишҳо аз 189 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 11 шаҳру ноҳияи кишвар 6272 хонандаи синфҳои 11 иштирок намуд. Ва натиҷаи даври якуми озмоиши саволҳои тест моҳҳои сентябр ва октябри соли 2010 бо иштироки 1587 хонанда мавриди озмоиш қарор гирифт. Гурӯҳҳои корӣ тибқи матритсаи нави тест вариантҳои  намунавии тести озмоишии се дар як (3х1)-ро аз фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқи инсон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия намуданд. Тестҳои типи нав бори дуюм аз 28-уми апрел то 7-уми майи соли 2011 дар байни 1511 хонандаи синфи 11-уми (таҳсилашон ба забони тоҷикӣ ва русӣ) мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсейю гимназияҳои  11 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ озмуданд.
Даври сеюми озмоиш (тестҳои намунавӣ аз фанҳои физика, химия, биология, география ва забонҳои хориҷӣ: англисӣ, олмонӣ ва фаронсавӣ) дар байни хонандагони синфҳои 11, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Панҷакент, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Норак аз 10 октябр то 21 октябри соли 2011 баргузор шуд. Дар озмоиши саволҳои тестӣ 3174 хонандаи 60 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла гимназияву литсейҳои ин шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.
Натиҷаҳои аз озмоиши саволҳои тест бадастомада бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ аз рӯйи нишондодҳои зерин аlpha-коэффитсиент (нишондиҳандаи умумии мувофиқат ва боэътимодии тест); дараҷаи  душвории  саволҳо ва қувваи  дискриминативии  онҳо (савол то чи дараҷа метавонад  хонандаи фаъолро  аз  хонандаи  ғайрифаъол  ҷудо  намояд) ва тарзи коркарди дистракторҳо (вариантҳои  нодурусти ҷавоб ба саволи тести навъи пӯшида) мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифтанд. Чунин тарзи таҳлил имкон дод, ки сифати ҳар савол, ҳамчун абзори санҷиши дониш ва малакаю маҳорати хонандагон муайян карда шавад. Баъд аз таҳлилу натиҷагирӣ саволҳои нодурусту корношоям барои таҳрир ба бунгоҳи (базаи) саволҳои тест ворид карда шуданд. Гурӯҳҳои корӣ аз ду гунаи тест саволҳои нишондиҳандаашон хубро интихоб карда, тести намунавӣ таҳия намуданд, ки он ба омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои омӯзиш ва санҷиши дастовардҳои шогирдон ва омодасозии онҳо ба имтиҳонҳои хатм ва қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешниҳод мешаванд.
Маркази миллии тестӣ ва Институти "Ҷомеаи кушода" - Бунёди мадад дар Тоҷикистон аз 24-уми январ то 1-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе даври навбатии семинари омӯзиширо барои таҳиягарони саволҳои тест аз ҳамаи фанҳои таълимӣ баргузор намуданд. Дар он натиҷаи озмоиши саволҳои тест бо иштироки мушовирони байналмиллалӣ баррасӣ гардид. Айни замон таҳияю такмили саволҳои тест ва ғанисозии бунгоҳи он, инчунин таҳияи тестҳои намунавӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (дар асоси натиҷаи озмоиши саволҳои тест) идома дорад. Ҳамчунин, доир ба таҳияи модулҳои технологияи иттилоотӣ, ки дар раванди имтиҳонҳо заруранд, барои кормандони масъули Маркази миллии тестӣ зери назари коршиносони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба имтиҳонҳои қабул, аз ҷумла сохтори бунгоҳи додаҳо барои низоми имтиҳонҳои (тестҳои) мутамарказ - аз сабти номи довталабон то натиҷагирии имтиҳонҳо, таҳияи варақаҳои имтиҳонӣ ва коркарди онҳо, воситаҳои hardware/software барои баргузории имтиҳон/тест ва монанди инҳо мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтанд. Бояд хотиррасон намуд, ки озмоиши саволномаҳои тестии таҳиягардида, аз даҳ фанни таълимии зикршуда, моҳи апрели соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар озмоиши навбатӣ хонандагони синфҳои 11-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Бо таҳия  ва озмоиши саволҳои тестӣ муваффақ гаштем, ки ҳам арзёбии дастовардҳои (дониш ва малакаву маҳоратҳои) хонандагон ба танзим дарояд ва ҳам дар баргузории имтиҳонҳои мутамарказ заминаи мусоид фароҳам ояд.


Савзалӣ ҶАЪФАРОВ,
директори Маркази миллии
тестии ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.02.12    №: 25-26    Мутолиа карданд: 9079
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед