logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Чжу Хунҷе

28 феврал, нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти кишвар, Чжу Хунҷе - ноиби якуми раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб баррасӣ ёфтанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо қарзҳои имтиёзноки ин бонк дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургҳаҷми бунёди хатҳои барқи 500-киловолтаи Ҷануб-Шимол, 220-киловолтаи Лолазор-Хатлон ва Хуҷанд-Айнӣ анҷом ёфта, навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанак, Душанбе – Данғара – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма, нақбҳои мошингузари Шаҳристону Чормағзак ва татбиқи дигар лоиҳаҳо бомуваффақият идома дорад.
Ҳар ду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика, саноати кӯҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карданд.

www.president.tj


Чжу Хунҷе, ноиби якуми раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо хабарнигорон суҳбат дошт, аз сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард.
Мавсуф аз суҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон хушҳолӣ иброз намуда, ин дидору гуфтугуро ҷиҳати вусъати равобити минбаъда дорои аҳамияти муҳим донист. Ӯ изҳор дошт, ки Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни иқтисодӣ нақши фаъолтар хоҳад гузошт. Аз ҷумла се самти афзалиятнок - татбиқи тарҳҳои истеҳсолӣ, инфрасохторӣ ва захираҳои энергетикӣ дар меҳвари асосии ҳамкориҳои дуҷониба қарор хоҳанд гирифт.
Чжу Хунҷе зикр кард, ки бонки мазкур ҳамчунин ширкатҳои чиниеро, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсиргузоранд, дастгирӣ менамояд. Бино ба гуфти ӯ, бонк тасмим гирифтааст, ки ҳамчунон ба навсозии роҳҳои мошингард, бунёди роҳҳои оҳан, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.12    №: 28    Мутолиа карданд: 1942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед