logo

туризм

Ҷаҳонгардӣ: пешрафтҳо ва монеаҳо

Сайёҳиву ҷаҳонгардӣ мисли истихроҷи нафт ва истеҳсоли  автомобил аз соҳаҳои сердаромади иқтисоди ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Илова бар ин, рушди ин соҳаҳо дари ҳамкориҳои нави тиҷоратиро ба рӯи кишварҳои гуногуни олам боз карда, боиси дарёфти шарикону дӯстони нав мегардад. Ҷаҳонгардӣ ба одамон имкони васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, пайдоиши ғояҳои нав ва барқарору беҳтар намудани саломатиро фароҳам меорад.

Толиб Рифоӣ, Дабири кулли Созмони  ҷаҳонии туристӣ, зимни сафари расмиаш ба Тоҷикистон кишвари моро "Биҳишти кашфношуда" ва "Швейтсарияи Осиёи Марказӣ" номида буд.
Агар ба  рақамҳо рӯ оварем, мебинем, ки соҳаи туризм дар ҷумҳурии мо сол то сол рушд карда истодааст.Солҳои 1994-1996 теъдоди умумии сайёҳон дар ҷумҳурӣ ба 150-160 нафар мерасид. Соли 1997 шумораи онҳо ба 2100, соли 1998 ба 3190, соли 1999 ба 4500 ва соли 2000 ба 7643 нафар расид. Бо таъсиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон ба маротиб афзуд. Чунончи, соли 2011 ба ҷумҳурӣ 183 ҳазор сайёҳи хориҷӣ омад, ки ин нисбат ба соли 2010 23 ҳазор нафар зиёд аст. Агар дар замони шӯравӣ ба кишвари мо намояндагони 11 мамлакати ҷаҳон ҳамчун сайёҳ ташриф меоварданд, соли гузашта ин рақам ба 70 расид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ном мебарад. Ин беҳуда нест. Зеро дар қаламрави Тоҷикистон 900 геокомплекси табиӣ бо 40 намуди ландшафт мавҷуд аст. Мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва иқлими мӯъҷизаосои табиати кишварамон ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намуди бахшҳои гардишгариро инкишоф диҳем. Алъон дар ҷумҳурӣ 126 иншооти туристӣ ва фароғатгоҳу осоишгоҳ, аз ҷумла 52 меҳмонхона, 9 осоишгоҳ ва мавзеъҳои истироҳативу истироҳатгоҳҳои табобатӣ фаъолият менамояд. Инчунин дар кишвари кӯҳсори мо имкони васеи рушди кӯҳнавардӣ, туризмҳои кӯҳӣ - варзишӣ ва экологӣ, варзишӣ - лижаронӣ, шикор (интерохота), саёҳати таърихӣ - маърифатӣ ва мардумшиносиву истироҳат дар осоишгоҳ - табобатгоҳҳо фароҳам аст.
Ҳоло ки рақобат дар бозори ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ пурзӯр гаштааст, муаррифии кишвар баҳри ҷалби сайёҳони хориҷӣ хеле зарур аст. Хушбахтона, дар ҷумҳурӣ солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин масъалаи муҳим зиёд гаштааст. Чунончи, моҳи марти соли 2011 ҳайати бонуфузи соҳаи туризми кишвар иборат аз 10 ташкилот ва ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Намоишгоҳи байналмилалии гардишгарии "ITB- Берлин" ширкат варзида, мавзеъҳои беҳамтои табиӣ ва таърихию фарҳангии Ватанамонро ба дӯстдорони сайру саёҳат тарғибу ташвиқ намуданд.
- Ширкатҳои сайёҳии мамлакат вазъи хидматгузориро беҳтар месозанд ва барои ҷалби бештари гардишгарон тадбирҳо меандешанд.  Чунончи, дар доираи намоишгоҳи Берлин бо созмонҳои бонуфузи байналмилалии "Diamiv",  "Adventure Manufactory"-и Олмон, ТОРО Travel"-и Ҳолланд, "Bop Trading"-и Швейтсария, "Kavorirum Explover"-и Покистон ва дигар шарикон, ки ба ҷаҳонгардӣ машғуланд, мулоқоти судманд анҷом дода, барои қабули сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидем,- мегӯяд Лочин Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли гузашта дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва  ба мақсади тарғибу ташвиқи мавзеъҳои диданбоби мамлакат ҳайати эҷодии шабакаи байналмилалии ВГТРК "Россия-2"-ро иборат аз 3 нафар таҳти роҳбарии журналисти маъруф, муаллифи барномаи сайёҳии "Моя Планета" Андрей Панкратов ба Тоҷикистон даъват намуд. Гуруҳи мазкур тайи 14 рӯз доир ба манзараҳои зебо ва расму оини мардуми тоҷик силсилаи филмҳои тарғибӣ ба навор гирифт. Ин филмҳо чандин маротиб тавассути шабакаҳои "Моя Планета", "Россия-24" ва "Россия-2" намоиш дода шуданд. Ҳамчунин бо дастгирии "Корхонаи алюминийи тоҷик" намоиши тарғиботӣ дар бораи Тоҷикистон таҳия шуда, дар Шабакаи якуми телевизиони Русия (ОРТ) ва шабакаи байналмилалии "Евронюс" пахш гардид.
- Иштироки ҳамасолаи ширкатҳои ҷаҳонгардии кишвар дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, нашри маълумот, пешниҳоди аксу харитаҳо ва ифтитоҳи сомонаи махсус дар Интернет боиси бештар гардидани таваҷҷуҳи ширкатҳои сайёҳии ҷаҳон ба Тоҷикистон мешавад,- мегӯяд Фотеҳ Файзуллоев, раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои мусоидат ба рушди туризм. - Ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омадани намояндагони беш аз 70 кишвари олам гувоҳи он аст, ки эътимоди сайёҳон ба кишвари мо бештар мегардад. Агар ҳар як сайёҳ аз ташрифи худ ба мамлакати мо хурсанду қаноатманд равад, албатта 5-10 нафари дигарро ба тамошои Тоҷикистон ташвиқ мекунад.
Вале баробари дастовардҳо дар соҳаи туризм ҳанӯз баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки садди пешравии соҳа мегарданд.
- Сифати хидматгузории марзбонон, гумрукчиён, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар хадамоти фурудгоҳҳои кишвар аз марҳилаи аввали воридшавии сайёҳон ба ҷумҳурӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Агарчи 6 мактаби олии мамлакат мутахассисони соҳаи ҷаҳонгардӣ тайёр мекунанд, на ҳамаи онҳо забонҳои хориҷиро  хуб медонанд. Бинобар ин зарур аст, ки соатҳои омӯзиши забони хориҷӣ барояшон зиёд карда шавад,- мегӯяд Лочин Файзуллоев..
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ба намояндагони соҳаҳои ба ҷаҳонгардӣ алоқаманд курсҳои омӯзиши забони инглисӣ дар бахши муошират бо сайёҳон ва оид ба аҳамияти гардишгарӣ дар ғанисозии буҷаи оилаҳо семинар-машваратҳо доир намояд.
Айни ҳол аксари сафоратхонаҳои  хориҷии муқими кишварамон намояндагиҳои фарҳангу гардишгарӣ доранд. Мо низ бояд дар мамлакатҳои хориҷӣ намояндагии ҷаҳонгардии кишвари худро ифтитоҳ намоем, то онҳо ҳарчи бештар сайёҳонро ба Тоҷикистон ҷалб созанд. Рушди туризм ба некуаҳволии сокинони кишвар мусоидат мекунад.

Сайфиддин СУННАТӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.03.12    №: 28    Мутолиа карданд: 6225
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед