номаҳо
Гузаргоҳҳои зеризаминиро лағжонак насозанд
Дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" хондам, ки дар назди бозори "Саховат" гузаргоҳи зеризаминӣ месозанд. Хурсанд шудам, ки мушкили мардум дар ин мавзеъ осон мегардад ва ҳам як гӯшаи шаҳр бо бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ ободтар хоҳад гашт.
Дар ин гузаргоҳ 25 нуқтаи савдо, 2 нуқтаи хизматрасонии муҳандисӣ ва бошгоҳи нозири минтақавӣ ҷой мегирад. Аммо набояд онҳо роҳравҳои гузаргоҳро барои роҳгузарон танг созанд. Охир дар гузаргоҳи зеризаминии назди "Сирк" мавҷудияти нуқтаҳои савдо роҳи роҳгузаронро танг намудаанд. Бо истифода аз фурсат мехоҳам изҳор дорам, ки гузаргоҳи назди "Сирк" ниёз ба бозсозӣ дорад.
Ба андешаи ман, дар бунёду бозсозии гузаргоҳҳои наву куҳна набояд аз сангҳои зебои ороишии лағжонак истифода шавад. Охир ғами раҳгузарон, хоса куҳансолону маъюбонро бояд хурд. Дар фасли зимистон чунин роҳҳо барои ин шахсон мушкили зиёд эҷод мекунанд.
С. ФИРӮЗОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.03.12 №: 29 Мутолиа карданд: 4277