logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Зуев

2 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Александр Зуев,  ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории 20-солаи Тоҷикистону СММ ва дурнамои рушди муносиботи судбахш баррасӣ шуданд.

Александр Зуев Эмомалӣ Раҳмонро бо солгарди 20-уми ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ӯ доир ба натиҷаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи 20-сола муфассал иттилоъ дод.
Тавре зикр гардид, дар 10 соли охири ҳамкорӣ бо мусоидати СММ дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ лоиҳаҳои сершумор амалӣ гардиданд. Ҳаҷми ёриҳои 20-солаи тавассути СММ ба Тоҷикистон воридшуда бо назардошти арзиши амалиётҳои посдории сулҳ дар солҳои аввали ҳамкорӣ, ба миллиардҳо доллари амрикоӣ баробар мебошад.
Ҳоло намояндагиҳои 22 муассисаи СММ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки беш аз 700 нафар корманд доранд. Дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ фаъолияти аз ҳама густурдаи СММ дар Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар соли 2011 ҳаҷми ёриҳои молиявию техникии СММ ба Тоҷикистон ба 70 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Бо дастгирии муассисаҳои СММ имрӯз дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ, обрасонӣ, энергетикаи хурд ва ғайра лоиҳаҳои зиёд амалӣ мегарданд.
Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти кишвар, ба роҳбарияти СММ барои кумакҳои сершумори гузашта ва дастгирии имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос кард.
Александр Зуев низ ба Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои ташаббусҳои сершумори судбахш, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ мебошанд, изҳори миннатдорӣ намуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи босамари нақшаҳои ояндаи ҳамкорӣ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.12    №: 30    Мутолиа карданд: 1961
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед