logo

мулоқотҳо

Британияи Кабир аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупост

2 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, Ник Харви, вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои Мусаллаҳро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

"Британияи Кабир аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар Аврупо аст ва мо ба густариши бемайлони робитаҳо бо он ҳавасмандем", - изҳор дошт зимни суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Ник Харви, бо ишора ба нақши калидии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ ва кумаки муҳими он ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар бозсозии  эътидол  дар  Афғонистон,  ба  Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлат ва мардуми кишвар арзи сипос намуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ барои барқарорсозии амнияту субот дар Афғонистон, пешгирӣ аз паҳншавии хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ин кишвари ноором ва таҳкими эътидоли минтақавӣ зоҳир шуд. Ник Харви, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба Тоҷикистон бештар кумак намояд, то ки ин мамлакат дар иҷрои рисолати муҳими худ барои пешгирӣ аз хатарҳои мазкур дар марзи тулониаш бо Афғонистони ноором ҳамеша муваффақ бошад.
Дар робита ба ин омодагии Британияи Кабир ба рушди ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъкид гардид. Масоили ташкил ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории миёни Тоҷикистону Британияи Кабир низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj


Ник Харвӣ, вазири давлатии Британияи Кабир оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро судманд арзёбӣ кард.
Бино ба гуфти ӯ, дар ин дидор зарурати тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризму ифротгароӣ таъкид шудааст.

Вазири давлатии Британияи Кабир изҳор дошт, ки дар суҳбат бо Сарвари давлат нақши калидии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ, ёрӣ ба неруҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Афғонистон ва дигар самтҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шудааст. Зикр шуд, ки барои берун овардани неруҳои ҳарбии Британияи Кабир аз Афғонистон, ин кишвар ба ёрии Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ниёз дорад, ки дар ин робита гуфтугу бо роҳбарияти се кишвар идома дорад.
Ник Харвӣ таъкид намуд, ки Британияи Кабир бо таваҷҷуҳ ба вазъи минтақа омодааст ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро тақвият бахшад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки кишвараш тасмим гирифтааст, баъд аз хуруҷи неруҳои посдори сулҳ аз Афғонистон як қисми таҷҳизоту лавозимоти ҳарбии худро дар ихтиёри неруҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  боқӣ гузорад.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.03.12    №: 30    Мутолиа карданд: 1977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед