президент
Машварати кории Сарвари давлат
3 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Агентии назорати маводи нашъаовар ва Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо ёдоварӣ аз зарурати муборизаи беамон бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ, пурзӯр намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун онҳоро ба хизмати софдилона ва босадоқат ҳидоят намуд.
Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба тарбияи хуби кадрҳои ҷавон ва риояи одоби муомилаю муошират бо мардум дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.03.12 №: 30 Мутолиа карданд: 15464