logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Президент бо намояндагони бонувон

6 март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба муносибати Рӯзи Модар бо намояндагони бонувони фаъоли кишвар вохӯрд.
Мулоқоти навбатии анъанавии Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо намояндагони бонувони фаъол, ки аз тамоми гӯшаю канори мамлакат ҷамъ омаданд, дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш занону духтарони касбу кори гуногун аз сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, олимону омӯзгорон, табибон, донишҷӯён, адибаҳои маъруф ва шахсиятҳои дигари шинохта, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нақши намоёни ҷамъиятӣ гузоштаанду доранд, иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми модарон ва занону духтаронро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо хушбахтию сиҳатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно намуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки имрӯз беш аз 45% аҳолии машғули кори кишварро занону духтарон ташкил медиҳанд ва шумораи умумиашон зиёда аз як миллион нафар аст.
Ҳамчунин таъкид ёфт, ки аз 15 ҳазор нафар кадрҳои роҳбарикунанда 5 ҳазораш занону духтарон аст ва ин ба андешаи Сарвари давлат нокифоя аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки ба таълиму тарбияи духтарони оқилу доно, хушлаёқат ва дорои қобилияти роҳбарикунанда дар тамоми гӯшаю канори кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад.
 Бо арзи қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки тайи 15 соли охир бо квотаҳои президентӣ тақрибан 8 ҳазор ҷавондухтарон, пеш аз ҳама, аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон соҳиби таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва касбу ҳунар шуданд ва беш аз 3 ҳазори дигар имрӯз таҳсили илм мекунанд. Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз 150 ҳазор донишҷӯи имрӯза 45 ҳазораш духтарон мебошанд.
 Тавре таъкид гардид, занону духтарон на танҳо дар тавлид ва таълиму тарбияи насли наврас, балки дар тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа бояд неруи тавоною муқтадир ва ташаббускори ободӣ ва пешрафту шукуфоиҳо будани худро пайваста собит намоянд.
 Бо ёдоварӣ аз гарнтҳои президентӣ ба занони соҳибкор таъкид гардид, ки дар зарфи 5 соли охир ба ин восита беш аз 21 ҳазор нафар зан бо кор таъмин шуд ва қариб 20 ҳазор нафари дигар дар курсҳои кӯтоҳмуддат касбу ҳунар омӯхт.
 Тибқи иттилои Сарвари давлат, шумораи занони аз бонкҳо барои соҳибкорӣ қарзгиранда низ ба маротиб афзудааст. Агар соли 2006 55 ҳазор зан 168 миллион сомонӣ қарз гирифта бошад, пас дар соли 2011 103 ҳазор нафар 521 миллион сомонӣ қарз гирифтааст.
 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо ишора ба нақши муассири занону духтарон дар рӯзгору оила таъкид намуд, ки онҳо дар риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла иҷрои қонунҳо "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" фаъол бошанд.
Дар қисмати дуюми мулоқот миёни Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлат ва занону духтарони фаъол маҳфили ошкорои пурсишу посух сурат гирифт.
Зимни он олимаи тоҷик Насиба Содиқова, ятимдухтари донишҷӯ Марҳабо Файзиева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Тоҷи Зарин" Зарина Муллоева, мудири кор бо занон ва оилаи ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Исфара Муҷибахон Ҷавҳарова, сартабиби Пажӯҳишгоҳи бемориҳои узвҳои ҳозима Саодат Азимова ва ду шоираи ширинкалом - Меҳринисо ва Рудобаи Мукаррам изҳори андеша карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.03.12    №: 31    Мутолиа карданд: 2009
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед