logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон", шаҳри Душанбе, 15 марти соли 2012

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!
Солҳои охир аз баракати сулҳу субот дар арафаи ҷашнҳои милливу таърихӣ баргузор гардидани вохӯриву мулоқотҳои судманд, чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва ба истифода додани иншооту биноҳои навбунёд дар кишвари мо ба ҳукми анъана даромадааст.
Имрӯз низ мо дар остонаи Наврӯзи оламафрӯз шоҳиди ба истифода супоридани боз як иншооти муҳим - бинои Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" гардидем, ки, бешубҳа, дар бобати баланд бардоштани маҳорати касбии шаҳрвандони мамлакат нақши махсус хоҳад бозид.
Бинобар ин, қабл аз ҳама ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин як маркази замонавӣ ва барои шаҳрвандони мо хеле муҳим саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, бо истифода аз фурсати муносиб фарорасии ҷашни бошукӯҳ ва фархундаи миллӣ - Наврӯзи Аҷамро ба ҳамаи шумо табрику таҳният мегӯям ва бароятон бахту иқболи нек ва рӯзгори хушу обод орзумандам. Бовар дорам, ки маркази мазкур бо тамоми шароити муосири таълимии дар он муҳайёшуда ҳамчун тӯҳфаи арзандаи давлату Ҳукумат арзёбӣ ва қабул мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи имкониятҳои мавҷуда маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, бахусус маорифро мунтазам зиёд намуда, барои тарбияи насли донишманду кордон ва худшиносу ватанпараст пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.  Бо вуҷуди ин, ҷараёни пешрафти босуръати илму техника ва талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат ба ихтисосмандони замонавӣ аз ҳамаи мову шумо тақозо мекунад, ки заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва марказҳои таълимиро боз ҳам такмил диҳем.  Зеро бе кадрҳои соҳибихтисосу бомаърифат татбиқи ҳадафҳои стратегии миллиамон, ки асоси рушду нумӯи кишвари соҳибистиқлоли мо мебошанд, аз имкон берун хоҳад буд.
Имрӯз дар тамоми самтҳои ҳаёт бунёду барқарор намудан ва азнавсозии иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бомаром идома дорад. Воқеан, вақти он расидааст, ки мо на танҳо дар бунёди иншооти хурду миёна, балки дар сохтмони муҳимтарин иншооти кишварамон, ба монанди роҳу нақбҳо, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва монанди онҳо ба мутахассисони худӣ такя намоем, зеро тарбия ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба раванди созандагӣ дар дохили кишвар паҳлуҳои мусбати зиёд дорад.
Бо дарназардошти ин масъалаи муҳим, сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии устодону мураббиён беш аз пеш кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати таъмини фаъолияти самараноки онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам созанд.
Тавсеаи фаъолияти коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ ҳамчунин метавонад дар масъалаи бозомӯзии касбии муҳоҷирони меҳнатӣ саҳми арзанда гузорад, ки ин дар шароити имрӯза хеле муҳим аст. Ҳанӯз моҳи апрели соли 2008 дар маросими ба истифода додани Маркази миллии тавонбахшии "Чорбоғ" зикр карда будам, ки масъалаи бозомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ ва хусусан касбомӯзии шаҳрвандони калонсоле, ки бо сабабҳои гуногун беихтисос монда, мехоҳанд имрӯз касбҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯро азхуд кунанд, аз ҷумлаи корҳои муҳимтарин мебошад.
Бо мақсади ташаккули низоми муосири таълими касбии калонсолон, ки аз ҷумла ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро бо унсурҳои омӯзиши забон ва меъёрҳои ҳуқуқии муҳоҷират фаро мегирад, Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои минтақавии он бо ҷалби маблағҳои дохиливу беруна таъсис дода шудааст.
Ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани фаъолият дар самти касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор барномаи махсус таҳия гардидааст, ки дар доираи он танҳо соли 2011 тавассути 28 муассисаи таълими касбии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ қариб чилупанҷ ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи 48 ихтисос ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбат ба соли 2010 чор баробар зиёд мебошад.
Инчунин тавассути маблағҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълимии зикршуда аз ҳисоби оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон зиёда аз даҳуним ҳазор нафар соҳиби касбу ихтисос гардидаанд, ки аз ин теъдод панҷоҳ фоизашро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Вобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки минбаъд низ ҷиҳати зиёд намудани марказҳои тайёрии калонсолон, такмили ихтисос ва бозомӯзии онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ намояд. Масъалаи муҳими дигар шаҳодатномакунонии малакаи касбии шаҳрвандон мебошад. Зеро аксари шаҳрвандони мо, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, соҳиби малакаи хуби касбӣ мебошанд, вале ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбият надоранд, ки дар оянда ба фаъолияти расмии онҳо монеа эҷод мекунад.
Бо мақсади ҳалли ин мушкилот соли 2011 аввалин барномаи шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ дар марказҳои таълими калонсолон ба роҳ монда шуд ва то имрӯз қариб ёздаҳ ҳазор нафар соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд. Гузашта аз ин, бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур соли 2011 филиалҳои Маркази таълими калонсолон дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Хоруғу Исфара, Панҷакенту Истаравшан ва ноҳияҳои Рашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шӯрообод ва Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шуда, бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ таъмин гардиданд.
Самараи чунин тадбирҳост, ки дар асоси Консепсияи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи бист сол қариб як миллион ҷойи кории нав таъсис ёфта, беш аз сесаду ҳафтод ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар ин муддат қариб дусаду панҷоҳ ҳазор шаҳрванди бекор аз ҳисоби маблағҳои барномаи шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Дар натиҷа вазъи бозори меҳнат торафт мӯътадил гардида, сатҳи шуғлнокии аҳолӣ ҳамасола боло рафта истодааст. Бо вуҷуди ин, хотирнишон месозам, ки марказҳои таълими мақомоти шуғли аҳолӣ ҳанӯз ҳам имкони пурра қонеъ намудани талаботи корҷӯёнро ба касбомӯзӣ надоранд.
Тибқи маълумоти омори расмӣ аз чилуҳашт ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки соли 2011 дар мақомоти шуғли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, сивуҳашт ҳазор нафар ё худ ҳафтодуҳашт фоизашон ба касбомӯзӣ ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати истифода аз таҷрибаи марказҳои таълими калонсолон дар рушди бозори меҳнат ва паст намудани сатҳи бекорӣ зарур мешуморам, ки сохтори омӯзишгоҳу литсейҳои низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҷдид карда шавад.
Зеро омода кардани кадрҳои коргарӣ бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ имкони бештар дошта, ҳалли ин масъала яке аз вазифаҳои асосии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мебошад.
Дар робита ба ин, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки бо мақсади тақвияти омодагии касбии шаҳрвандон аз соли ҷорӣ сар карда, бо роҳи васеъ намудани шабакаи марказҳои таълими калонсолон ва таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ теъдоди касбомӯзонро афзоиш диҳад.
Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати бо кор таъмин намудани хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ, бахусус табақаи осебпазири иҷтимоӣ - ятимону маъюбон, фарзандони оилаҳои камбизоат, занони бесаробонмонда, сарбозони аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рухсатшуда ва шаҳрвандони аз муассисаҳои адои ҷазои ҷиноӣ озодгардида чораҳои ҷиддӣ андешанд.
Ман аллакай ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин Вазорати маориф супориш додам, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат механизми ба тариқи имтиёзнок ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон ва духтарони имконияташон маҳдудро дар муассисаҳои таълимӣ таҳия намуда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Аз ҷониби дигар, худи ҷавононро зарур аст, ки бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни бозори меҳнат барои таҳсил ва касбомӯзӣ дар курсҳои навтаъсиси омӯзишгоҳу литсейҳо ҳавасманд бошанд ва барои соҳиби касби мувофиқ шудан мунтазам талош варзанд.
Ҷавонони мо, пеш аз ҳама, бояд доир ба пайдо намудани мавқеи сазовор дар ҷомеа андеша карда, возеҳан дарк намоянд, ки танҳо бо меҳнати ҳалол зиндагии шоистаи худ ва рушду ободии Ватани хешро таъмин карда метавонанд. Зеро касе, ки касбу ҳунар дорад, ҳеҷ гоҳ хор намешавад.
Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро хотирнишон созам. Мо рушди туризмро яке аз соҳаҳои афзалиятноку ояндадор эълон карда, доир ба ташкили инфраструктураи он ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонида истодаем.
Зарур аст, ки баробари тараққӣ кардани туризм ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба касбу ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла коркарди сангҳои ороишӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ ва даҳҳо касбу ҳунарҳое, ки аз қадим дар байни мардуми мо роиҷанд, эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Дӯстони гиромӣ!
Хурсандиовар аст, ки дар давоми чанд соли охир бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда мо дар масъалаи танзими бозори меҳнат, шуғли аҳолӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои меҳнатӣ ва муҳоҷират, ҷорӣ кардани низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон, ривоҷи соҳибкории хурду миёна ва такмили шаклу усулҳои қарздиҳӣ барои корҷӯяндагон як силсила иқдомоти мушаххасро амалӣ намудем.
Акнун ҳар кадоми мо вазифадорем, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ масъулияти баланд зоҳир намуда, ба хотири иҷрои вазифаҳои дарпешистода ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азизамон пайваста саъю талош намоем.
Дар ин роҳ ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ, рушди соҳибкории занон, зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкорон минбаъд низ ҳамчун самти муҳими паст кардани шиддати иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани зиндагии мардум боқӣ мемонад.
Ман ба ҳамаи онҳое, ки бо меҳру муҳаббати модарона ва эҳсони падарона ба нигоҳубину парасторӣ ва таълиму тарбияи ятимону маъюбон ва ба кор фаро гирифтани онҳо машғуланд, ҳамчунин ба шахсони ҳимматбаланду саховатпеша, ки дари хайру саховаташон ба рӯи ин табақаи ниёзманди аҳолӣ доимо боз аст, самимона изҳори сипос менамоям.
Орзумандам, ки дар ин рӯзҳои фараҳбахши баҳорӣ дилҳои саршор аз ифтихору садоқати шумо аз партави пурназокати Наврӯзи ҷаҳонӣ пурнур гардад!
Бо истифода аз фурсати муносиб ба кишоварзон ва умуман тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бори дигар муроҷиат менамоям, ки мушкилоти зимистони тӯлонии имсола паси сар шуда истодааст.
Аз ин рӯ, ҳар рӯзи офтобиро ғанимат дониста, барои истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, вусъати кишти баҳорӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, тозаву озода кардани хонаву кошона, ободу зебо гардонидани кӯчаву хиёбонҳо, хулоса истиқболи арзандаи Соли нави аҷдодӣ ва фаровонии бозори истеъмолии кишвар кӯшиш бояд кард.
Бигузор, Наврӯзи ризқофару рӯзирасон ба деҳқонон баракати кору ба ҷавонон ғайратмандӣ, ба занону модарон хушбахтиву ба хонадони ҳар фарди Тоҷикистон хайру сахо эҳдо намояд!
Бори дигар ҳамаи шумо, дӯстони азизро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дар остонаи он мавриди истифода қарор гирифтани Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.
Наврӯз барои ҳамаи шумо муборак бод!
Тансиҳату сарбаланд бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.03.12    №: 35    Мутолиа карданд: 3453
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед