президент
Оид ба
рафъи
паёмадҳои
зимистони тӯлонӣ
машварат
доир гашт
Бегоҳии 13 март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили вобаста ба рафъи паёмадҳои зимистони тӯлонии сарду сербориш, вазъи номусоиди обу ҳавои кунунӣ, боришоти зиёди барфи рӯзҳои охир, аз хавфи тармаю обхезӣ эмин нигоҳ доштани мардум ва хоҷагии халқи кишвар ва ҳамчунин ёрӣ ба чорводорон баррасӣ шуд.
Доир ба вазъи кунунӣ ва чораҳои андешидашуда Муродалӣ Алимардон, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ, Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Тавре ки зикр гардид, зимистони сарду тӯлонии имсола ва боришоти аз ҳад зиёди барф ба хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла роҳу пулҳои мошингард ва бахши чорводории соҳаи кишоварзӣ хисороти зиёд ворид намуд. Дар натиҷаи хунукназарии масъулон ва наандешидани чораҳои саривақтӣ дар бисёр минтақаҳои кӯҳистон талафоти чорво ба назар мерасад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор доир ба нигоҳубини роҳҳои мошингард, аз тарма тоза кардани роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон, таъмини рафту омади мусофирон, дастрас намудани хӯроки иловагии чорво ба чорводорон, ба хусус чорводорони минтақаҳои кӯҳӣ ва хуб ба роҳ мондани корҳо дар мавсими тӯлгирӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми апрели соли равон доир ба натиҷаҳои тӯлгирӣ ва вазъи чорводорӣ дар кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Зимни машварат ба масъулони дахлдор ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.03.12 №: 35 Мутолиа карданд: 41182