суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи
Китобхонаи миллӣ ва мулоқот бо зиёиёни кишвар, шаҳри Душанбе, 20 марти соли 2012
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Инак дар сарзамини бостонии мо боз иди бузург ва зебои миллиамон - Наврӯзи оламафрӯз, ки ҳамасола чун пайки ҷовидониву хуррамӣ ва рамзи ҳамбастагии инсону табиат фаро мерасад, бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат бо камоли хушиву сарфарозӣ ҳамаи ҳамватанони азиз, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва тамоми алоқамандони Наврӯзи Аҷамро, ки ин ҷашни фархундаро ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният, соли нави аҷдодӣ, эҳёи табиат, пирӯзии нур бар зулмот ва тантанаи некӣ бар бадӣ пазируфтаанд, самимона ва бо ибрози беҳтарин нияту орзуҳо табрик мегӯям.
Боиси сарфарозист, ки мулоқоти имсола бо аҳли зиё дар Китобхонаи тозабунёди миллии Тоҷикистон баргузор мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи меъморону бинокоронро барои заҳмати шабонарӯзӣ дар бунёди ин иморати зебо, инчунин зиёиёни мамлакат, аҳли илму маърифат ва дӯстдорони китобро ба муносибати ифтитоҳи ин кохи бузурги донишу фарҳанг табрику таҳният мегӯям.
Хеле рамзист, ки ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ ба арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай рост омада, тӯҳфаи арзанда ба мардуми маърифатпарвари мо гардид.
Соли сеюм аст, ки Наврӯз бар асоси қарори Созмони Милали Муттаҳид чун ҷашни ҷаҳонӣ таҷлил мегардад. Ин иқдом аз бузургиву шаҳомати Наврӯз, ки аз ин пас доманаи анъанаву оинҳои он чун васлгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳо густариш хоҳад ёфт, ба таври возеҳ шаҳодат медиҳад.
Воқеан дар давоми ҳазорсолаҳо, вақте ки Офтоб аз хати устуво гузашта, нимкураи шимолиро тарк мекунад, фасли баҳор оғоз мешавад. Халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон, Ҳинду Покистон, ҳавзаи Баҳри Сиёҳ, Қафқоз, Шарқи Наздик ва манотиқи дигар бо омад - омади Наврӯз расму анъанаҳои қадимаи худро ба ҷо меоранд.
Ин расму ойинҳо рамзи гардиши ҷовидонаи зиндагӣ ва бедории табиат буда, аз қадимулайём ба мардум ҳамчун манбаи нерӯ ва илҳом хизмат мекунанд. Итминон дорем, ки халқҳо ва мамлакатҳои ҷаҳон дар заминаи расму ойинҳои наврӯзӣ роҳи сулҳу ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоиштаро пеш гирифта, муносибатҳои дӯстонаву мусолиматомезро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшанд.
Ҳарчанд имрӯз мардуми бештар аз бист кишвари ҷаҳон Наврӯзро ҳамчун иди расмӣ ҷашн мегирад, ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ормону арзишҳои волову ғановатманди он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд.
Наврӯз чун "Шоҳнома" достонҳо дорад, ки шарҳу баёни онҳо дар доираи як суханронӣ аз имкон берун аст. Аз ин лиҳоз, мо танҳо чанд лаҳзаеро аз сайри таърихии он ёдовар мешавем.
Сароғози ҷашни Наврӯзро ба подшоҳони пешдодӣ, махсусан Ҷамшед нисбат медиҳанд. Чун Ҷамшед бар сар тоҷ ниҳоду бар тахт нишаст, дастур дод, ки ин рӯзро ҳамчун рӯзи наву фархунда ҷашн гиранд.
Ҳаким Умари Хайём дар "Наврӯзнома"-и худ мефармояд: "Сабаби ниҳодани Наврӯз он буда, ки чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ пайравӣ карданд".
Аммо сарчашмаҳои куҳан далолат мекунанд, ки Наврӯзро пеш аз подшоҳони пешдодӣ низ таҷлил менамуданд ва ба он ҳамчун иди муқаддас арҷ мегузоштанд. Таърихнигорони маъруф замони пайдоиши Наврӯзро ҳанӯз ду ҳазор сол пеш аз милод таъкид кардаанд.
Мақом ва эътибори Наврӯз то андозае баланд буда, ҳаёти бисёр ашхоси таърихиро ба он марбут донистаанд, ки ин худ рамзи хуҷаставу муборак будани ин ҷашни бостонист. Аз ҷумла, дар ривоятҳои таърихӣ зикр шудааст, ки нахустин подшоҳони пешдодӣ Каюмарс ва Ҳушанг дар рӯзи Наврӯз ба дунё омадаанд. Ва қаҳрамони миллии мардуми орёинажод Соми Наримон дар ҳамин рӯз ба саркӯбии мардумозорон бархост, бунёди табаҳкорӣ, зулму истибдод ва фисқу фасодро аз байн бурд ва осоишу амну амони мардумонро пойдор сохт.
Донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ мегӯяд, ки Худованд дар рӯзи Наврӯз нуру рӯшноиро офарид ва баъзе муаллифони дигар бар онанд, ки Наврӯз рӯзест, ки фалак ба гардиш оғоз намудааст.
Имрӯз аз миёни бозмондаҳои Тахти Ҷамшед, Суғду Саразм, Балхи бостон, Кайқубоду Тахти Сангин, Афросиёбу Варахша, Золи Зари Хуталон ва дигар манотиқи таърихӣ садои ҷашнҳои наврӯзӣ ба гӯш мерасанд, ки ниёгони тамаддунсози мо барпо мекарданд. Муаррихони маъруф менависанд, ки Тахти Ҷамшед ва дигар кохҳои даврони Куруши Кабиру Доро мазҳари қудрату шукӯҳи мардуми орёӣ буданд, ки ваҳдату ягонагии ҷомеаи он давронро таъмин менамуданд. То кунун дар Тахти Ҷамшед акси намояндаи сарзамини қадимии Суғд ба назар мерасад, ки дар қатори дигар намояндагон роҳи тӯлониро паймуда, барои шодбошии Наврӯз ба ҳузури шоҳ роҳ ёфтааст.
Тахти Ҷамшед аввалин қадамгоҳи устувори ҷаҳонишавии Наврӯз гардид, ки бо шукӯҳу шаҳомат дар сатҳи баланди давлатӣ баргузор мегашт. Харобаҳои тахти Ҷамшед, ки шукӯҳи ҷашнҳои Наврӯзиро дар худ таҷассум намудаанд, ҳамчун тимсоли ақлу хиради нотакрори мардуми орёӣ дар зери чархи гардун боқӣ монда, то ба имрӯз мардумони оламро ба ҳайрат мегузоранд.
Яъне хиради инсонӣ, бунёдкорӣ, зебоӣ ва тамаддунофарӣ аз ҷангу харобкорӣ нерӯмандтар аст ва ҳамеша бар қувваҳои аҳриманӣ пирӯз мегардад.
Ба гуфтаи бостоншиносон дар аҳди Хусрави Парвиз Наврӯз чун ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ таҷлил мегашт. Ҳазорон нафар аҳли ҳунар бо сарварии Борбади ромишгар ҷашнҳои наврӯзиро оламгир карда буданд. Достони мусиқии Борбад бо номи "Хусравонӣ" 30 лаҳни гуногунтаркиб ва 360 таронаи рангорангро фаро мегирифт ва даҳҳо таронаҳои он Наврӯзро васф мекарданд.
Рӯҳ ва ғояи ҷовидонии сурудаҳои Борбад ба оҳангу таронаҳои "Шашмақом", "Фалак" ва дигар осори мусиқии мо ворид гардида, бунёди созу навои аксари мардумони машриқзаминро гузоштааст.
Готҳо ё сурудҳои китоби муқаддаси Авасто саховати замин, амвоҷи киштзорон, фаровонии зироатҳо, хурӯши чашмасору дарёҳо ва боғу бӯстонҳои сабзу хуррамро тараннум менамоянд. Аз саҳифаҳои он садои Замин - Модар ба инсоният, яъне ба фарзандонаш, бо ин мазмун ба гӯш мерасад:
"Эй, инсон! Эй он, ки маро бо дасти чапу рост ва росту чап мерониву кишт мекунӣ! Агар ба оғӯши ман як дона гандум бипартоӣ, ман ба ту сад дона хоҳам дод. Ҳар қадар, ки хоҳӣ ба ту ғаллаву мева ва ризқу рӯзӣ бармегардонам".
Бубинед, ки ин панди пурҳикмат инсонро ба меҳнат кардан, ба дӯст доштани замин ва офаридани неъматҳои моддӣ даъват менамояд.
Чун дини мубини ислом пирӯз гашт, ба арзишҳои волои Наврӯз эҳтиром гузошт ва он ба сайри таърихии худ идома бахшид.
Ҳангоме ки Сомониён чун поягузорони давлати миллии тоҷикон дар арсаи таърих падид омаданд, Наврӯз мақоми боз ҳам баланд ёфта, ҷилои тоза пайдо кард ва ба нерӯи бузурги муттаҳидсозандаи аҷдоди мо ва омили худшиносии таърихиву миллии онҳо табдил ёфт.
Дӯстони азиз!
Бист сол аст, ки Тоҷикистон Наврӯзи хуҷастапайро дар марҳалаи нави таърихи худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таҷлил менамояд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди Куруши Кабиру Доро, Хусрави Парвизу Борбад, Исмоили Сомониву Рӯдакӣ аз нав эҳё намуд ва мазмуну шукӯҳи тоза бахшид.
Дар Наврӯзи имсола мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Китобхонаи нави миллӣ, ки аз лиҳози меъморӣ ва шаҳомату зебоӣ тарҳи нотакроре дорад, бешак, рӯйдоди таърихист.
Итминони комил дорам, ки ин кохи бузурги фарҳанг асрҳои аср ба мардуми маърифатпарвари мо хизмати шоиста хоҳад кард.
Саҳни ин бинои муҳташамро нимпайкараҳои даҳҳо фарзандони бузурги миллат, ки дар масири таърих парчами озодиву истиқлол, донишу маърифат ва адабиёту фарҳангро баланд афрохтаанд, шукӯҳу шаҳомати хоса бахшидаанд. Ин қасри бузурги фарҳанг аз бунёдкориҳои даврони истиқлолият ва сиёсати фарҳангофарии Ҳукумати Тоҷикистон равшан гувоҳӣ медиҳад.
Имрӯз, ки ҷашни Наврӯз дар Китобхонаи нави миллӣ доир мегардад, ҷоиз медонам, ки оид ба таърихи китобдории мардуми фарҳангпарварамон ва нақши китоб дар ҳаёти ҷомеа чанд сухан иброз дорам. Мехоҳам бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқимат эҳтиёт мекарданд.
Зеро халқи мо аз даврони қадим китобро сарчашмаи ақлу хирад, донишу заковат, ахлоқи ҳамида ва беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, омӯзгори беминнат, ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор мепиндошт. Ва бузургони мо китобро аниси кунҷи танҳоӣ ва фурӯғи субҳи доноӣ медонистанд.
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст.
Агар ба саргузашти халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки таърихи бунёди китобхонаҳо ва китобсӯзиҳо шабеҳи тақдири худи вай мебошад, ки борҳо дар оташи лашкаркашиҳои аҷнабиёни яғмогар сӯхтаву хокистар шуда ва мисли мурғи самандар аз нав эҳё гашта, умри абад ёфтааст.
Китобсӯзӣ ва ба оташ кашидани афкор ва ҷаҳонбинии халқи мо нахустин бор аз китоби муқаддаси Авасто оғоз шуда буд.
Хушбахтона, шаҳриёрони сосонӣ онро қисман аз хотираи донандагони ин китоби муқаддас дубора барқарор намуданд.
Ба ёд меоварем фарҳангистони даврони Сосониёнро ба номи "Гунди Шопур", ки дорои китобхонаи беназире буд. Дар дарвозаи ин фарҳангистон суханони зер чун шиор сабт шуда буданд: "Донишу хирад тавонотар аз шамшер аст".
Китобҳои фарҳангистон дар 250 ҳуҷра ҷой дода шуда, аксар ба забони паҳлавӣ иншо ёфта, инчунин аз забонҳои юнонӣ ва санскрит тарҷума шуда буданд.
Китобхонаи мазкур тамоми илму дониши он замон ва давраҳои пешинро фаро мегирифт. Ин махзани беназири китоб бар асари ҳуҷуми лашкари хилофат қисман ғорат гардид ва қисман сӯзонида шуд.
Дар даврони Сомониёни тамаддунпарвар бунёди китобхонаҳо равнақи тоза пайдо кард. Аксари шаҳрҳои он даврон китобхона доштанд.
Ёдгориҳои суғдии кӯҳи Муғ, катибаҳои фаровони таърихӣ бо навиштаҳои пурқимат аз таъриху тамаддуни миллатамон ба талошҳои аҷдоди соҳибназари мо дар офариниши китоб ва мероси хаттӣ ишорат мекунанд.
Ҳифозати бахши асосии нахустқомуси миллати тоҷик - китоби муқаддаси Авасто, ки матни аслии он ба ҳисоби муҳаққиқон фарогири 345 ҳазор вожаву калима мебошад, собит месозад, ки аҷдоди мо дар куҳантарин даврони таърихӣ қудрати ақлонии хешро дар сурати маҷмӯаи камназире ҷовидона таҷассум намудаанд ва ин шоҳкории беназири бостонӣ минбаъд дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ таъсири мондагор гузоштааст.
Дар пойтахти давлати Сомониён бузургтарин ва ғанитарин китобхонаи он даврон бо номи "Сивон-ул-ҳикмат" бунёд гашт, ки ба илми китобшиносӣ ва китобдории тоҷикон замина гузошт.
Абӯалӣ ибни Сино дар овони ҷавонӣ аз ин китобхона истифода намуда, баъдҳо ба хотир оварда, ки китобҳои нодири дар ин ҷо дидааш тамоми умр дар ҳеҷ кишваре ба назараш нарасидаанд.
Синои бузург менависад: "Китобхона ҳуҷраҳои бисёре дошта, дар онҳо сандуқҳои китоб гузошта шуда буд. Дар хонае китобҳои арабӣ ва шеър, дар дигаре фиқҳ ва ҳамчунин дар ҳар як хона китобҳои марбут ба ҳар илме мавҷуд буд ва ман феҳристи кутуби мутафаккирони Юнони қадимро хондам ва ба ҳар чӣ ҳоҷат доштам, муроҷиат намудам ва китобҳое дидам, ки бисёре аз мардум исми онҳоро ҳам ҳаргиз нашунида буданд ва ман низ пеш аз ин онҳоро надида будам ва пас аз ин ҳам наёфтам".
Маҳз давраи Сомониён буд, ки адабу фарҳанги ҷаҳоншумул ва забони ноби тоҷикии форсӣ чун дурри гаронбаҳо то имрӯз бар ҷабини таърих ва тамаддуни башарӣ медурахшад, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшонро тақдими ҷомеаи инсонӣ менамояд.
Донишмандони тавоное, чун устод Садриддин Айнӣ, Саид Нафисӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Евгений Бертелс борҳо изҳор доштаанд, ки агар Сомониёни хирадпарвару фарҳангдӯст ба арсаи сиёсат ва давлат намеомаданд, имрӯз сарзамини тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон қаламрави нажоду забони аҷнабиён ба шумор мерафтанд ва адабу фарҳанги ҷаҳоншумули мо чун ғунча лаб во накарда, пажмурда мегашт ва ба боди хазон мерафт.
Аз ин рӯ, метавон бо итминони комил гуфт, ки Сомониён илму фарҳанг, забон ва китобу назми тоҷикиро мақоми хоса бахшиданд ва ин омилҳо боиси ҳастии миллат ва пойдории он гардиданд.
Ҳар лашкаркаше, ки ба сарзаминҳои фарҳангпарвари Мовароуннаҳру Хуросон ҳамла меовард, пеш аз ҳама, марказҳои маънавӣ ва китобхонаву донишмандонро маҳву нобуд месохт. Муҳаққиқон бар он андешаанд, ки хирмани бузурги назми устод Рӯдакӣ иборат аз як миллиону сесад ҳазор байт асосан бар асари ҳуҷуми чингизиён ба коми оташ кашида шуд ва аз он танҳо донаҳои парешоне боқӣ монданд.
Хисороти беандозае, ки аз ҳуҷуми муғул ба фарҳангу маънавиёти мо расидааст, то ба имрӯз эҳсос мегардад. Биёед, як лаҳза ба гуфтаҳои донишманди тавоно устод Саид Нафисӣ гӯш андозем, ки бо сӯзи дил чунин баён доштааст:
"Сипоҳиёни муғул савора ба масоҷид даромаданд, лавҳҳои Қуръонро охури сутурон, яъне чорпоён карданд, афсори аспони хешро ба дасти донишмандони замона доданд, хирадмандонро куштанд ва пас аз он ҳама иҳонат шаҳрро низ вайрон карданд.
Турбати азизи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии мо сипари суми сутурон шуд. Ва дар ин миён гуфтаи ӯ ҳам аз миён рафт ва аз он чандин ҷилд китоб, ки маҷмӯаи ашъори вай буд, чизе намонд.
Забони мо бе гуфтаи ӯ чун фарзанде бе модар аст. Агар гуфтаи вай монда буд, "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ ду мешуд, Унсуриву Фаррухиву Хайёму Саъдиву Ҳофиз анбозе дигар меёфтанд. Забони порсӣ кишваре дигар аз гетӣ мекушод ва кохе дигар дар каронаи ҷаҳон меафрошт".
Ин фоҷиаҳои хунини даврони пешин бояд барои инсоният сабақ гарданд, зеро ин ҷаҳони пур аз тазод, ҷангу ҷидол ва ҷоҳталабиву бузургманишиҳо моро водор месозад, ки дар ҳимояи таъриху фарҳангу забон ва асолати милливу дастовардҳои маънавии халқамон ҳушёр бошем.
Бояд гуфт, ки китоб ва сухан аз нерӯи бузурге бархурдоранд. Сухан аз ҷумлаи неъматҳои олии маънавӣ буда, ақлу хирад ва даҳои инсониятро таҷассум менамояд. То ҷаҳон ҳаст ва инсоният боқист, умри сухан безавол аст.
Ба андешаи ман, он ҳама китобҳои сӯхта, китобхонаҳои оташгирифта, ёдгориҳои барбодрафтаи таърихии халқи тоҷик имрӯз дар симои китобхонаи миллии мо аз сари нав эҳё гардида, дар роҳи боло бурдани ҷаҳони маънавии халқамон нақши арзанда мебозанд.
Агар мо нақши бузурги китобро дар ҳаёти сиёсӣ ва давлативу иҷтимоӣ равшантар донистан хоҳем, бояд бори дигар асари безаволи устод Садриддин Айнӣ "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро ба хотир оварем.
Дар он давраи ҳассос ва қисматсоз устод Айнӣ соли 1926 дар кӯтоҳтарин муддат китоби "Намунаи адабиёти тоҷик"-ро ба майдон овард, даъвоҳои ғаразноки нотавонбинонро фош сохт, ҳуқуқи маънавии халқи тоҷикро ба таърихи куҳан, ба забон ва адабиёти оламшумулаш исбот ва таъмин намуд.
Дар марҳалаи нави таърихӣ суннати қадимаи китобдориву китобхонии мо ба сурати тоза ва мазмуну муҳтавои нав идома пайдо кард. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон рушди анъанаи китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто хеле корҳоро ба сомон расонид.
Рӯзе, ки хишти нахустини Китобхонаи миллӣ гузошта шуд, мо онро дар кишвар ҳамчун Рӯзи китоб эълон кардем. Агар таваҷҷуҳ карда бошед, қисмати байни бино ду саҳифаи бозшудаи китобро акс менамояд ва ин гувоҳ аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда, дарҳои Китобхонаи миллии мо ба рӯи дӯстдорони китоб ва ҷӯяндагони илму дониш ҳамеша боз хоҳанд буд.
Бояд гуфт, ки дар баробари пешрафту тараққиёти босуръати ҷаҳони имрӯза нақш ва мақоми китоб дар ҷомеа ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маънавӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ пайваста боло меравад.
Тӯли солҳои мавҷудияти хеш Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ин рисолати бузурги ҷамъиятӣ ва маърифативу иттилоотиро ба таври шоиста анҷом дод.
Барои тақвият ва такомули фаъолияти китобдорӣ Ҳукумати Тоҷикистон дар даҳ соли охир се барномаи давлатӣ - "Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015", "Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015" ва "Барномаи компютерикунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013"-ро қабул кард.
Барои иҷрои ин барномаҳо аз буҷети давлат даҳҳо миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Амалӣ шудани ин барномаҳо имкон дод, ки ҳаҷми фонди китобхонаҳои мамлакат рӯ ба афзоиш ниҳода, ниёзи хонандагон дар самти дастрасӣ ба дастовардҳои асри иттилоот ҳарчи бештар қонеъ гардонида шавад.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар шаҳру деҳоти мамлакат беш аз 1330 китобхонаи оммавӣ фаъолият дошта, танҳо дар панҷ соли охир 30 китобхонаи нав дари худро ба рӯи хонандагон боз намуд. Инчунин, ҳоло дар саросари кишвар 120 мағозаи фурӯши китоб фаъолият дорад ва танҳо соли гузашта 20 фурӯшгоҳи нави китоб ба истифода дода шуд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки китоб дар рушди маънавиёту маърифати инсонӣ нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, дар ҳар як хонадон бояд китобхонаи шахсӣ вуҷуд дошта бошад, то ки наслҳои имрӯзу оянда, махсусан наврасону ҷавонон ба китоб унс гиранд ва қадр кардани онро ҳамчун манбаи донишу маърифат омӯзанд. Дар ин кор падару модарон бояд намунаи ибрат бошанд ва шавқи китобхониро дар дилу шуури фарзандон бедор кунанд.
Худатон қазоват кунед, ки агар ҳар як шахс, масалан аз синни чордаҳсолагӣ то шастсолагӣ, дар як сол бист китоб хонад, теъдоди китобҳои хондааш ба чӣ қадар хоҳад расид ва баҳраи аз онҳо бардоштааш дар тӯли зиндагии ӯ чӣ қадар манфиат хоҳад овард.
Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" низ волидайнро ба ин амали хайр ҳидоят менамояд.
Ҳамчунин бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба мардуми фарҳангпарвари тоҷик, ки дар як муддати кӯтоҳ аз китобхонаҳои шахсиашон садҳо ҳазор нусха китобро ба хазинаи Китобхонаи миллӣ супориданд, изҳори миннатдорӣ намоям.
Китобхонаи нав ҳамчун маркази бузурги илму фарҳанг дар ҷамъовариву нигаҳдорӣ ва тарғиби маҷмӯи аснод бо истифода аз имкониятҳои электронӣ, савтӣ ва дастёбӣ ба захираҳои шабакаи ҷаҳонии интернет тамоми шароити мусоидро фароҳам меорад.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва зарурати ин масъала ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" супориш дода мешавад, ки бо ҷалби олимону мутахассисон барои ҷамъоварӣ, феҳристнигорӣ, рақамигардонӣ ва харидории нусхаҳои нодири хаттӣ аз аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд ва онҳоро ба истифодаи умум пешниҳод намоянд. Масоҳати умумии китобхона қариб 45 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Китобхона дорои 40 толори хониш, 22 махзан барои нигоҳдории беш аз 10 миллион нусха китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хизматрасонист, ки ҳамаи онҳо ба талаботи меъёрҳои ҳозиразамон ҷавобгӯ мебошанд.
Илова бар ин, дар китобхона толорҳои хониши электронӣ мавҷуданд, ки бо таҷҳизоту технологияҳои муосир муҷаҳҳазанд ва бо китобхонаҳои мамолики пешрафтаи дунё робита доранд.
Ҷаҳон ҳама вақт ба нерӯи ақлонӣ эҳтиёҷ дорад. Кишварҳое, ки аз ин нерӯ пурғановатанд, дар тамоми соҳаҳо пешсаф ва намунаи ибрат мебошанд.
Олимон ва донишмандон дар ҷомеа бояд ҳамеша пешсафу пешоҳанг ва бунёдкор бошанд, зеро ҳеҷ кор бидуни назария, яъне илму дониш ҷомаи амал намепӯшад. Ҳама гуна кор ва умуман пешрафт ба роҳнамои босаводу соҳибмаърифат ниёз дорад. Аз ин рӯ, нақши зиёӣ дар тамоми давраҳо ва хусусан дар замони истиқлол хеле бузург мебошад. Ман дар ин бора қаблан борҳо гуфта будам ва ҳоло низ бо истифода аз фурсат мехоҳам ин андешаамро тақвият бахшам.
Зиёӣ, ки шахси таҳсилдидаву равшанфикр аст, нуру рӯшноии ҷомеа маҳсуб мешавад ва бояд аҳли ҷомеаро ба сӯи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созад, ҳамеша дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошад.
Равшанфикрон бахусус дар шароити ҷаҳони ноороми имрӯза набояд бетараф бошанд, баръакс бояд ҳама вақт дар сафи пеши корҳои созандагӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ қарор дошта бошанд. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки зиёӣ бавуҷудоранда, рушддиҳанда ва пешбарандаи афкори ҷомеа, намунаи ибрати мардум, бахусус насли ҷавон аст. Зиёӣ меҳвар ва ченаки баҳои ҷомеаи беруна ба ҷомеа ва кишвари мост. Зиёӣ ченаки дараҷаи маданият ва тафаккури миллат маҳсуб мешавад. Зиёӣ пул миёни дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеа мебошад.
Ин аст рисолати азалӣ ва ҳамешагии афроди зиёӣ!
Дӯстони азизу арҷманд!
Наврӯз барои миллати тоҷик амсоли китоби муқаддасест, ки он таҷассумгари андеша, фалсафа, суннат, орзуву ормон, тафаккури таърихӣ, сиришти маънавӣ ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ мебошад. Дар замири ин ҷашни фархунда рӯҳи заволнопазири некиву накӯкорӣ, бахшоишу меҳрубонӣ, покизагии маънавию ҷисмонӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва дӯстиву сулҳу амонӣ нуҳуфтааст.
Наврӯз айёмест, ки хурду бузург пероҳани наву тоза ба бар намуда, рӯҳу ҷонро тоза карда, ғубори кудуратро аз дилҳо берун намуда, бо қалби поку ниятҳои нек гирди дастархони ҳафтсину ҳафтшин давра меороянд.
Наврӯз мунодии сулҳу дӯстӣ, ҳамгироиву ҳамкорӣ ва ваҳдату ҳамбастагии башарият аст. Тароват ва зебоиҳои Наврӯз басо ҷаззобу муассиранд.
Рахти сафар бастани сармо, об шудани барфу яхҳо, ба эътидол омадани ҳаво, дамидани сабзаҳо, қабои сабз ба бар кардани дарахтон, шукуфтани гулҳо дар дили инсонҳо нерӯи тоза ва майлу рағбати беандоза падид оварда, умеди рӯзгори хушу хуррам ва шавқи меҳнату бунёдкориро шӯълавар мегардонанд.
Дар ин маврид, Умари Хайём дар "Наврӯзнома"-и хеш меоварад: "Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн гирад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузорад".
Дар тақвияти ин суханони ҳакими бузург мехоҳам аз самими қалб ба ҳамаи шумо, ҳозирини мӯҳтарам, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли мардумони некхоҳи олам хушбахтиву сарбаландӣ ва сарсабзиҳои наврӯзӣ орзу намоям.
Бигзор, аз фурӯғи Наврӯзи оламафрӯз дилҳо ва кошонаҳо ҳамеша пурнур ва саршор аз шодиву сурур бошанд!
Бигзор, ҳаёти ҳар як инсон чун чеҳраи тобноки Наврӯз ҳамеша шукуфон ва дурахшон бошад!
Наврӯзатон пирӯз бод, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Наврӯзат фархундаву ҷовидон бод, Тоҷикистони азиз!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.03.12 №: 38 Мутолиа карданд: 3730