logo

барқияҳо

Барқияи шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳайнтс Фишер

26 март  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба унвони Ҳайнтс Фишер, Президенти Ҷумҳурии Австрия, барқияи шодбош ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди  истиқрори  муносибатҳои   дипломатӣ  байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии   Австрия  сидқан  табрику  таҳният мегӯям.
Тайи солҳои аз ин санаи хотирмон сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила равобити дар воқеъ ҳам ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта, ба сатҳи назаррас расидаанд.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз бар асари саъю талошҳои муштарак муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Австрия фарогири соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо буда, масири густариши зина ба зинаро касб кардаанд.
Итминони комил дорам, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти дар рафти сафари расмии инҷониб ба кишвари дилпазири Шумо ҳосилшуда ба таъмини сатҳ ва мазмуни нави муносиботи гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Австрия мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.
Бо таманнои саодату хушрӯзиҳои минбаъда ва комёбиҳои рӯзафзун ба аҳли ҷомеаи Австрия, сарфарозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолиятатон орзу намоям".


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.03.12    №: 39    Мутолиа карданд: 3402
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед