ҳукумат
Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон тасдиқ гардид
30 март таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он нахуст ҳисоботи вазири энергетика ва саноат дар бораи рушди саноати хӯрокворӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, ба шарофати истиқлолияти давлатии мамлакат ва афзалият додан ба соҳибкории хусусӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 94 адади соли 1991 то соли 2010 ба зиёда аз 600 адад расид. Танҳо дар солҳои 2006-2011 бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 394 корхонаи нав бунёд ёфт, ки дар онҳо 7300 ҷойи корӣ муҳайё гардид. Соли 2011 дар ҳаҷми 2 миллиарду 74 миллион сомонӣ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли 1996 43 баробар зиёд аст. Навсозии корхонаҳои мавҷуда ва бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз кардани онҳо низ аз соли 2006 ба ин сӯ авҷ гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки барои дастгирии соҳибкорони хусусӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, навсозии технологии корхонаҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ аз тамоми имкону захираҳо истифода шаванд.
Сипас раиси ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда барои солҳои 2010-2014 ҳисобот дод.
Тавре зикр гашт, тайи солҳои 2010-2011 дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳолати мелиоративии 1370 га замини обӣ тавассути тоза кардани каналҳо ва заҳбуру заҳкашҳо беҳтар шуд. "Бо вуҷуди ин, мушкилоти зиёд барои беҳсозии ҳолати иншооти дигари мелиоративӣ ва паст кардани сатҳи оби зеризаминӣ дар як қатор хоҷагию ҷамоатҳо боқӣ мемонад", - таъкид гардид дар ҳисобот.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи мелиоратсияи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ, аз ҷумла барқарор намудани пойгоҳҳои барқии обкашӣ, супоришҳои мушаххас дод.
Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016 ва Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд барои солҳои 2012-2017 тасдиқ гардиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосии Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ тавассути зиёд намудани майдони кишт ва ҳосилнокии картошка ба зиёда аз 1 миллион тонна расондани истеҳсоли он то соли 2016 мебошад. Бо татбиқи босамари барнома Тоҷикистон дар ин муддат бояд на танҳо талаботи афзояндаи бозори дохилиро бо ин маҳсулот пурра таъмин созад, балки ба хориҷа ҳам содир намояд.
Дар робита ба пешгирии бемории қанд Сарвари давлат изҳор дошт, ки роҳи асосии он кам кардани истеъмоли хӯрокҳои серғизо, бештар машғул шудан ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим аст. Аз ин хотир таъкид гардид, ки бурдани тарзи ҳаёти солим ва дуруст ба роҳ мондани истеъмоли ғизо дар миёни аҳолӣ тарғибу ташвиқ шаванд.
Лоиҳаи як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашт. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи истифодабарии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ", "Дар бораи судҳои ҳакамӣ" ва ба Кодекси замин пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Ҷиргатол тасдиқ шуданд.
Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар се моҳи аввали соли равон ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва воситаҳои модии давлатӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Дар ин бора ба АМИТ "Ховар" аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.04.12 №: 41-42 Мутолиа карданд: 5299