logo

илм

Михаил Дяконов

"Тоҷикон сокинони бумии Осиёи Миёна мебошанд. Ниёкони тоҷикони имрӯза суғдиён, бохтариён, сакҳо ва дигар мардуми эронинажоди минтақа, офарандагони тамаддуни воло ва ҳунармандону кишоварзони гулдаст буданд. Тамаддуни тоҷикон аз даврони аввали ташаккули кишоварзӣ сар шуда, асрҳои миёнаро гузашта, дар ҳамон шакл то ба имрӯз омада расидааст.
Аз замини тоҷикон халқу қабилаҳои гуногун гузаштаанд. Ғосибони бисёре монанди сипоҳи Искандари Мақдунӣ, арабҳо, туркҳо, муғулҳо ва ғайра ҳам буданд, оинҳо дигар мешуданд, аммо риштаи анъанаҳои тамаддуни тоҷикон ҳеҷ гоҳ канда нашудааст".
Ин навиштаҳо ба қалами яке аз эроншиносони маъруфи солҳои 30-50-уми садаи 20, профессор Михаил Михайлович Дяконов нисбат доранд. Ӯ соли 1907 дар шаҳри Петербург дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳ гирифт, пас дар донишгоҳҳои шаҳрҳои Осло (пойтахти Норвегия) ва Ленинград (ҳоло Санкт-Перетбург) таҳсил кард, забони форсиро бо таъриху тамаддуни соҳибонаш омӯхт. Солҳои аввал дар Эрмитаж, Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Ленинград ва солҳои охири умр дар Донишгоҳи ба номи Ломоносови Маскав дарс мегуфт. Моҳи феврали соли1945, ҳангоме ки набардҳои  сангину хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома доштанд, дар Маскав ҷамъомади бостоншиносони шӯравӣ баргузор гардид. Дар он нақшаи таҳқиқотҳои ояндаи илмӣ ва ташкили экспедитсияҳои калони минтақавӣ кашида шуданд. Ва яке аз экспедитсияҳое, ки бо қарори он ташкил гардида буд, ин гурӯҳи бостоншиносӣ барои омӯзиши ёдгориҳои Тоҷикистон ва гузаштаи пурифтихори ин бахши диёри тоҷикон буд.
Соли 1946 экспедитсия ташкил ва сарвари он шарқшинос академик А. Якубовский таъин шуд. Аллакай то созмон додани экспедитсия Якубовский як гурӯҳ донишмандони ҷавон, аз ҷумла М. Дяконовро даъват намуд.
Худи ҳамон сол ҳайати экспедитсия ба Тоҷикистон омад ва барои омӯзиши бисёрсола харобаҳои Панҷаканди бостонӣ интихоб гардид ва  ҳафриёти  васеъ  оғоз  ёфт. А. Якубовский барои таҳқиқи ёдгориҳои минтақаи ҷануби Тоҷикистон ду гурӯҳро созмон дод: якум, зери сарварии А.Белинский ба водии Вахш ва минтақаи байни он ва рӯди Панҷ; дуюм, бо роҳбарии М. Дяконов  ба водии Кофарниҳон ва мавзеи байни он ва рӯди Сурхон равона шуданд.
М. Дяконов солҳои 1946-1951 ёдгориҳои ҳавзаи рӯди Кофарниҳонро таҳқиқу дар харобаҳои чанде аз онон Хоки сафед, қабристони Тӯпхона, Қалъаи Мир ва ғайра ҳафриёти бостоншиносӣ бурд ва мақолаҳои пурмазмуну ҷолибе навишт.
А. Якубовский моҳи марти соли 1953 чашм аз ҷаҳон пӯшид ва М. Дяконов сарвари экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистон таъйин гардид. Ба гуфтаи А. Белинский, Дяконов барои рушди корҳои бостоншиносӣ ва бо омӯзиш фаро гирифтани тамоми қаламрави Тоҷикистон, тарбия кардани мутахассисони ҷавони тоҷик ва ғайра нақшаҳои нав тартиб дода будааст, аммо бемории ногаҳонӣ гиребонгири ӯ шуд ва моҳи июни соли 1954 дили ин дӯсти хайрхоҳи тоҷикон аз кор монд.
Давоми қариб даҳ соли фаъолият Михаил Дяконов дар омӯзиши ёдгориҳои Тоҷикистон ҳиссаи арзанда гузошт ва корҳои нашр кардааш то ба имрӯз қимати баланди илмӣ доранд. Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин боби "Таърихи ҷаҳон" оид ба таъриху тамаддуни мардуми форсизабони Шарқ дар асрҳои миёна мебошад. Инчунин асарҳои чанде аз бузургони адабиёти тоҷику форсро ба русӣ тарҷума кардааст.

Усмони ЭШОНЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.12    №: 47-48    Мутолиа карданд: 4897
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед