logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси ботантана ба муносибати ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС"-и Маскав, шаҳри Душанбе, 17 апрели соли 2012

Муҳтарам Константин Иосифович!
Муҳтарам Дмитрий Викторович!
Меҳмонони азиз!
Професорон, омӯзгорон, аспирантҳо ва донишҷӯёни муҳтарам!
Илму маориф асоси рушду тараққии ҳар давлату миллатанд. Зеро рушди ҷамъият, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, ба даст овардани сатҳи баланди иқтисодиёт, истифодаи дастовардҳои техника ва технологияи муосир мустақиман вобаста ба рушди соҳаи маориф, ташкили раванди хушсифати таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, хуллас, вобаста ба сатҳи саводнокӣ мебошанд. Умуман бахши маориф дар сиёсати давлати мо мақоми муҳим дорад. Дар кишвар ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба таҳсилот авлавият дода мешавад.
Сулҳу суботи Тоҷикистон имконияти рушди раванди ҳамгироии соҳаи маорифи мамлакатро зиёд намуд. Дар ин раванд мехоҳам зикр намоям, ки мақсаду вазифаҳое, ки сарони ду давлат - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар назди бахши маорифу илми мамлакатҳоямон гузоштаанд, бояд ба рушди равандҳои ҳамгироӣ дар соҳаи ҳамкории гуманитарӣ мусоидат намоянд. Хурсандибахш аст, ки ин ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф самараи зиёд мебахшад. Солҳои охир ҳамкории мутақобилан муфиди ду давлат ба сатҳи сифатан нав баромада ва он суръати баландро касб мекунад.
Яке аз омилҳои асосии рушди ҳамаҷонибаи мамлакат иборат аз тарбияи кадрҳои баландихтисосу ҳозиразамон барои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мебошад. Дар робита бо ин метавон гуфт, ки ифтитоҳи филиалҳои донишкадаҳои олии асосии Русия ва муассисаҳои муштараки таҳсилотӣ дар Тоҷикистон ба манзури тарбияи мутахассисоне, ки ҷавобгӯи тақозои замон барои соҳаҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти мамлакат мебошанд, воқеаи дорои аҳамияти калон маҳсуб мешавад. Табодули донишҷӯён, намояндагони аҳли маърифату илм густариш меёбад. Алҳол ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр донишкадаҳои олии Русия таҳсил мекунанд ва таҷриба меомӯзанд. Ҳар сол додани квотаҳо барои таҳсил дар донишкадаҳои олии Федератсияи Русия афзоиш меёбад.
Суръати мусбати ҳамкории дуҷониба худи имрӯз самтҳои нав ба нави ҳамгироӣ ва саъю кӯшишҳои якҷояи кормандони соҳаи маорифу илмро бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ ва шукуфоии ҳар ду давлат муайян месозад. Мо барои расидан ба ин мақсад аллакай қадамҳои назаррас гузоштаем ва онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои рушду густариши ҳамкории гуманитарӣ бояд ҳамаи имкониятро пурра истифода намуда, лоиҳаҳои муштаракро ҷиҳати дастгирии бахши маорифу илм, ҳамчунин омилҳои таъсирбахшро барои татбиқи нақшаҳои пешбинишуда пурра тарҳрезӣ намоем. Онҳо ҷавобгӯи манофеи миллию давлатии мамлакатҳоямон мебошанд.
Меҳмонони муҳтарам!
Ҳамватанони гиромӣ!
Боиси хурсандии бузург аст, ки имрӯз ҳамаи шуморо бо чунин воқеаи барои ҷомеаамон фархунда - ифтитоҳи расмии филиали яке аз донишгоҳҳои қадимтарину асоситарини Русия - Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС" дар шаҳри Душанбе муборакбод менамоям. Ифтитоҳи филиали "МИСиС" ба рушди илму техникаи Тоҷикистон, ба тарбияи муҳандисони ҷавобгӯи талаботи имрӯза, бешубҳа, неруи бузург мебахшад, ки онҳо ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти мо, хусусан дар раванди эҳёи саноат заруранд.
Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС", ки таърихаш аз соли 30 -юми қарни гузашта манша гирифта, дар он вақт Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав таъсис ёфта буд, имрӯз яке аз донишгоҳҳои олии пешқадами на фақат Федератсияи Русия мебошад, балки дар ҳамаи гӯшаҳои ҷаҳон хеле машҳур аст. Саҳми он дар барқарорёбӣ ва рушди таҳсилоти олию илми Тоҷикистон бузург аст. Донишгоҳи "МИСиС" дар давоми тамоми фаъолияташ ба таъмини мамлакатамон бо кадрҳои илмӣ ёрии бебаҳо мерасонд. Олимони ин донишгоҳи олӣ дар донишкадаҳои мо маърӯзаҳо карда, дар тарбияи мутахассисони барои Тоҷикистон хеле зарур фаъолона иштирок намудаанд.
Мехостам дар ин ҷо миннатдории бепоёнамонро ба ректори Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС" Дмитрий Викторович Ливанов барои саъю кӯшишҳои доимиаш, ки воқеаи имрӯза самараи он аст, иброз дорам. Ҳамчунин мехоҳам ҳамаи тоҷикистониҳо ва, хусусан, намояндагони илму маорифро бо воқеаи барои кишвари мо хеле  муҳим, ки аҳамияташ бебаҳост, муборакбод намоям.
Ҳамватанони азиз!
Акнун насли навраси мо, бинокорони ояндаи Тоҷикистон, имконияти фараҳбахше доранд, ки ба қуллаҳои илм расида, дар бинои ин филиал маълумоти хушсифат ба даст оранд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи филиали Донишгоҳи "МИСиС" он аст, ки дар раванди таҳсилот баробари профессорону омӯзгорони донишгоҳи олии асосӣ мутахассисони таҷрибадори мо, ки курсҳои такмили ихтисосро дар кафедраҳои асосии "МИСиС" хатм намудаанд, иштирок менамоянд.
Имрӯз бисёр хатмкардагони Донишгоҳи "МИСиС" дар соҳаҳои мухталифи саноат ва донишкадаҳои олии кишвари мо самарабахш кор карда, ба рушди Тоҷикистони мустақил саҳми бузург мегузоранд.
Хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!
Стратегияи рушди маорифи мамлакати мо дар шароити ҷаҳонишавӣ аз оғози кор истифодаи имкониятҳои асосҳои ҳамгироию кооперативии ин бахшро дар бар мегирифт.
Соли таҳсили ҷорӣ ба филиали Донишгоҳи "МИСиС" дар пойтахти мо донишҷӯён аз рӯи шаш самт қабул гардиданд. Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия бо мадади "МИСиС" 50 ҷойи буҷавӣ ҷудо намуд, ки аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешаванд. Дар оянда феҳристи ихтисосҳое васеъ карда мешавад, ки бояд кадрҳои мавриди зарурати соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аз рӯи онҳо тарбия карда шаванд.
Умедворам, ки дар ояндаи наздик ҳамаи шароити зарурии иҷтимоию маишӣ барои таҳсили самарабахши донишҷӯёне фароҳам оварда мешавад, ки аз ҳамаи гӯшаҳои мамлакатамон ба ин ҷо меоянд.
Мо қадру манзалати хосаи мутобиқати таълим ба талаботи филиали "МИСиС" - ро дарк намуда,  кӯшиш мекунем,  ки  ҳамаи меъёрҳои  заруриро  риоя  намоем.
Мо умедворем, ки барои фаъолияти самарабахштари филиал аз дастгирии Шумо, мӯҳтарам Дмитрий Викторович, дар амри ҷиҳозонидани пурраи техникии лабораторияҳо бархурдор шавем. Мо ҳамчунин умедворем, ки донишҷӯёни ин филиал иштирокро дар маърӯзаҳои сайёри омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои телекоммуникатсионию иттилоотии муосири донишгоҳи олии асосӣ давом медиҳанд, ки ин, бешубҳа, омили беҳтарини раванди таълим мебошад.
Дӯстони азиз!
Рушди муносибатҳои мутақобилан муфиди давлатҳоямон решаҳои таърихӣ доранд, бинобар ин аз дӯстии миёни Тоҷикистону Русия ифтихор дорем ва онро қадр мекунем. Нигоҳ доштани таҷрибаи хуби гузашта ва гузоштани саҳми пурқимат ба ояндаи мушорикатамон басо муҳим аст.
Ҳамкории васеи гуманитарию фарҳангӣ, бешубҳа, авлавияти муҳимтарини ҳамкории Тоҷикистону Русия мебошад. Вай дар бахши маориф хусусан зарур аст, зеро маҳз дар ин ҷо омилҳои қадру қимати шахсият ва ояндаи воқеии халқҳою мамлакатҳои мо ташаккул меёбанд.
Ҳалли проблемаҳои ҳамкории зич дар соҳаи илму технологияҳои пешқадам низ ба назар басо муҳим мерасад, зеро кооператсия ва лоиҳаҳои муштарак дар шароити имрӯза ҳаётан муҳим буда, ҷавобгӯи манфиатҳои умумӣ ба шумор мераванд.
Бинобар ин, ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС" дар шаҳри Душанбе дар ҳақиқат воқеаи муҳими муносибатҳои Тоҷикистону Русия ва боз як далели мустаҳкамии робитаҳои фарҳангию гуманитарии мо гардид. Фикр мекунам, ки амали ибтикори моро дар мавриди дар пойтахти давлатамон кушодани филиали дуюм баъди ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ҷонибдорӣ намудани роҳбарияти Русия саҳми умумии мо ба пойдорию рушди фазои ягонаи таълимӣ дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Имрӯз соҳаи маориф яке аз афзалиятҳои раднашавандаи сиёсати давлати Тоҷикистон гардида, дар ин маврид рушди робитаҳои илмию гуманитарӣ бо Федератсияи Русия ҷузви муҳимтарини онро ташкил медиҳад.
Ҳамкории мо дар ин бахш соли 1996 оғоз ёфт, ки он вақт дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон кушода шуда, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз донишгоҳҳои олии пешқадами мамлакати мо табдил ёфт. Баъди ифтитоҳи филиали Донишгоҳи "МИСиС" дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздиктарин филиали боз як донишкадаи олии асосии Федератсияи Русия - Донишкадаи энергетикии Маскав кушода мешавад.
Ман соли 2011 зимни паёмам ба порлумони мамлакат  нуқтаи назарамро дар мавриди барқарор ва эҳё намудани саноати истихроҷи маъдан ва металлургия баён карда будам. Маълум аст, ки Тоҷикистон чун мамлакати кӯҳсор бо конҳои фулузоту минералҳои қиматбаҳояш ғанӣ аст. Имрӯз беш аз 400 кони элементу минералҳои мухталиф муайян ва дарёфт шудаанд, ки барои онҳо ташкили корхонаҳои нави саноатӣ заруранд.
Яке аз мақсадҳои ташкили ин филиал тарбияи мақсадноки мутахассисони соҳаи саноати истихроҷи маъдан ва металлургия мебошад. Аз ин лиҳоз татбиқи стратегияи таълими инноватсионии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС" ва татбиқи он дар соҳаи маориф ва иқтисодиёти мамлакати мо ҷолиб аст.
"МИСиС" донишгоҳи тадқиқотиест, ки технологияҳои пешқадами таълимро пайваста бо фаъолияти ҷиддии илмӣ дар бар мегирад. Мо медонем, ки "МИСиС" аз соли 2003 дар байни шумораи ками донишгоҳҳои дигар ба ҳайси ташкилоти илмӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мо умедворем, ки бо кӯмаки Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии "МИСиС" дар оянда дар заминаи филиали он чандин марказҳои инноватсионӣ ва техникӣ таъсис меёбанд, ки раванди тарбияи кадрҳо ва роҳандозии истеҳсолоти таҷрибавиро дар он гирд овардан мумкин аст. Бо назардошти ин мо аз роҳбарияти донишгоҳ хоҳиш мекунем, ки барои тарҳрезии барномаи рушди филиал мусоидат намояд ва кӯмак кунад. Шубҳае нест, ки ифтитоҳи чунин донишгоҳи обрӯманд дар шаҳри Душанбе ба баландшавии сатҳи тарбияи кадрҳои муосир ба таври самарабахш мусоидат мекунад.
Тоҷикистони мустақил, ки захираҳои бузурги табиию истеҳсолӣ дошта, қисми зиёди онҳо ҳанӯз истифода намешаванд, дар шароити ҳозира ба мутахассисони соҳаҳои мухталиф зарурат дорад, ки онҳо метавонанд ба рушди онҳо вусъати ҷиддӣ бахшанд. Мо мефаҳмем, ки имрӯз, дар асри технологияю инноватсияҳои нав, дар кишвари мо бояд ба илму маориф, ба васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илму техника ва технологияҳои муосир, ба тарбияи кадрҳои ҷавобгӯи талабҳои баланди меъёрҳои ҷаҳонӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Мо аҳамияти ин масъалаҳоро ба назар гирифта, маблағгузории бахши маорифро сол ба сол зиёд намуда, умедворем, ки иҷрои тадриҷии вазифаҳои зикршударо таъмин кунем. Танҳо тайи панҷ соли охир буҷаи системаи маориф беш аз чор баробар афзуд.
Яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ иборат аз таъмини рушди самарабахш ва истифодаи захираҳои қувваи кор мебошад. Қобили зикр аст, ки таъмини рушди мақсадноки онҳо ва мутобиқати таҳсилоти касбӣ ба эҳтиёҷоти иқтисодиёти кишвар масъалаи омӯзиши доимию муфассали талабот ба бозори меҳнатро ҷиддӣ ба миён мегузорад. Дар робита бо ин, вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бояд дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд. Механизми тарбияи кадрҳо бояд бо талаботи бозори меҳнат ва рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ алоқаи мустақим дошта бошад.
Чунин механизм бояд ҳар чи зудтар ба шароити имрӯза мувофиқ гардонда шуда, тавассути мақомоту сохторҳои дахлдори давлатӣ рӯи кор оварда шавад. Набояд фаромӯш сохт, ки захираҳои қувваи кор ва омодагии касбӣ мусоидат менамоянд, ки имкониятҳои иқтисодиёти кишвар ва ворид шудани он ба равобити иқтисоди ҷаҳонӣ васеъ карда шаванд. Мо итминони комил дорем, ки Тоҷикистону Русия дар сурати роҳандозӣ намудани ҳамкории васеъ бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор на фақат стратегияи рушди устувори миллии худро муваффақона амалӣ месозанд, балки ҷузвҳои муҳими ҳамкории самарабахшу ҳамаҷонибаи минтақавию байналмилалиро низ ташкил медиҳанд.
Имкониятҳо дар ин самт, бешубҳа, нодиранд. Мо таҷрибаи бузурги муошират бо якдигарро дорем, сатҳи ҳамгироии иқтисодӣ ба қадри кофӣ баланд ва равандҳои дигаргунсозиҳои мамлакатҳоямон аз бисёр ҷиҳат ба якдигар монанданд. Ғояҳои дӯстӣ, ҳамкории ҳамаҷониба ва фаъолияти зич на фақат ба орзую умеди халқҳоямон мувофиқанд, балки онҳо ҳамчунин дар маҷрои тамоюли рушди ҷомеаи ҷаҳон низ қарор доранд.
Дӯстони азиз!
Иҷозат диҳед, ҳамаи шуморо бо ин воқеаи фархунда бори дигар муборакбод намуда, орзуҳои нектарин ва комёбиҳои навро баҳри манфиати халқҳоямон иброз дорам. Аминам, ки хатмкунандагони ояндаи мо ҳамаи донишу қувваашонро сарфи хидмати Ватан ва шукуфоии кишварҳоямон менамоянд.
Ташаккур барои таваҷҷуҳатон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.12    №: 49-52    Мутолиа карданд: 3772
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед