ҳукумат
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии семоҳа ба 5,6 миллиард сомонӣ расид
20 апрел, нимаи дуюми рӯз, дар толори калони Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи якуми соли равон ва вазифаҳои минбаъда баррасӣ шуданд.
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар бори нахуст беш аз 1300 нафар иштирок намуд. Ба кори он дар баробари аъзои ҳукумат ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин роҳбарони раёсату шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз маҳалҳо ва роҳбарияти як зумра корхонаю ширкатҳои хусусӣ даъват шуда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни суханронии таҳлилии худ аз натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон барои бартараф намудани як қатор камбудиҳои мавҷуда дар назди масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Зикр гардид, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар се моҳ ба 5,6 миллиард сомонӣ ва афзоиши он ба 7,2% баробар шуд. Ҳаҷми таваррум бошад, 1,2% - ро ташкил дод. Ба Буҷети давлатӣ 2 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки ин ба 104% нақшаи даромадҳо баробар буда, нисбат ба семоҳаи якуми соли 2011 312 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ба масъулин доир ба иҷрои нақшаи минбаъдаи даромад ба буҷети давлатӣ, пардохти саривақтии маошу нафақа, аз ҷумла бо назардошти афзоиши имсолаи он, ба низом даровардани тартиби таъиноти нафақа, ба хусус нафақаҳои маъюбӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, тезондани киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрории заминҳои обӣ ва ду ва зиёда ҳосил рӯёндан ва ҳамчунин барои аз ҳозир захира намудани озуқаворӣ, маводи сӯхт ва хӯроки чорво барои зимистони оянда супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бори дигар таъкид гардид, ки ҳар як хонавода ва ҳар як субъекти хоҷагидорӣ бояд захираи дусолаи маводи зарурӣ дошта бошанд. Ба корхонаҳои саноатӣ дастур дода шуд, ки то охири соли равон пурра ба истифодаи ангишт ва дигар сӯзишвориҳои алтернативӣ гузаранд.
Доир ба натиҷаҳои семоҳа, ҳамчунин ахбори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор шаҳру ноҳияҳо низ шунида шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар назди онҳо ҳамчунин доир ба тармиму навсозии роҳҳои мошингарди марказҳои шаҳру ноҳияҳо, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ, ба низом даровардани тақсимоти замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва вусъат додани дигар корҳои ободонию созандагӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.
Барои тозаю озода кардани муҳити зист рӯзҳои 28 - ум ва 29 - уми апрел ҳашари ҷумҳуриявӣ эълон шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.04.12 №: 55 Мутолиа карданд: 5229