барқияҳо
24 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонии Виктор Янукович, Президенти Украина, барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:..
24 апрел Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонии Виктор Янукович, Президенти Украина, барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
«Муҳтарам Виктор Фёдорович,
Бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба ман имконияти гуворо медиҳад, ки табрикоти самимонатарин ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол дорам.
Кишварҳои мо тайи бист соли гузашта майлу маромашонро дар амри байни худ роҳандозӣ ва дастгирӣ намудани муносибатҳои дӯстии самимона ва ҳамкории мутақобилан муфид амалан тасдиқ намуданд.
Хурсандибахш аст, ки имрӯз муносибатҳои байни Тоҷикистону Украина бо ҳамаҷонибагии худ фарқ намуда ва бисёр соҳаҳои ҳамкориро фаро мегиранд, ки дар онҳо манфиатҳояшон мушобеҳи якдигаранд.
Ин муносибатҳо, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои дигари байнидавлатиро дар назар доранд, ба воқеияти замон мувофиқ буда, ҷавобгӯи саъю кӯшишҳои мо дар амри таъмини рушди бемайлони некӯаҳволии халқҳоямон ва ояндаи шоистаи онҳо мебошанд.
Мехоҳам аз рушди имрӯзаи босуръати мушорикати Тоҷикистону Украина изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Шумо итминон диҳам, ки мо омодаем, барои муваффақона пеш бурдани он ба нафъи халқоямон минбаъд ҳам ҳамаи саъю кӯшиши заруриро роҳандозӣ намоем.
Ба Шумо, муҳтарам Виктор Фёдорович, аз самими қалб тансиҳатии нек, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои бешумор ва ба халқи дӯсти Украина пешрафту шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.12 №: 56 Мутолиа карданд: 3487