барқияҳо
24 апрел Виктор Янукович, Президенти Украина, унвонии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:...
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати 20 – умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаро аз номи халқи Украина ва шахсан аз ман қабул фармоед.
Давлатҳои мо дар давраи гузашта барои рушду густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба кори зиёдеро ба ҷо оварда, ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баромаданд.
Аҳду паймоне, ки мо дар ҷараёни ташрифи расмии Шумо ба Украина карда будем, бешубҳа, саҳми бузурге ба рушди пайгиронаи робитаҳои дӯстонаи анъанавии байни мамлакатҳоямон гардид.
Аминам, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои ҷавобгӯи манфиати якдигар ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ба нафъи халқҳои Украинаю Тоҷикистон ва таҳкими мавқеъҳои давлатҳоямон дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад.
Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.04.12 №: 56 Мутолиа карданд: 3319