logo

ҳукумат

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ тасдиқ гардид

27 апрел таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлиси навбатии Ҳукумат баргузор гардид.
Дар он нахуст баъди баррасии муфассал Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодасозии саривақтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба фаъолияти мунтазам ва босамар дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2012-2013 тасдиқ гашт.

Тамоми сохторҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ вазифадор шуданд, ки доир ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҳар моҳ ҳисобот пешниҳод намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки барои фаровон захира намудани маводи сӯхт, аз ҷумла ангишт, гази моеъ ва афзун намудани нуқтаҳои фурӯши онҳо ва ҳамчунин захираи озуқаворӣ барои аҳолӣ ва хӯроки чорво аз ҳозир чораҳои саривақтӣ амалӣ шаванд.
Сипас раиси шаҳри Исфара оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ҳисобот дод.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди бонизоми шаҳру деҳоти Исфара, азхуднамоии заминҳои мавзеи Моҳпарӣ, барқарорсозӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ, васеъ намудани майдони боғот ва рушди сабзавоткорӣ, вусъат додани корҳо барои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҷот ва хусусан меваи хушк ва муҳайёсозии ҷойҳои нави кор зоҳир гардид.
Дастур дода шуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.
Оид ба ҳолати назорат ва танзими фаъолияти нақлиёти автомобилӣ вазири нақлиёт гузориш дод. Зимни ҳисобот ба роҳбарону масъулони соҳа доир ба тармиму навсозӣ ва нигоҳдории босифати роҳҳои мошингард, пешгирӣ аз вайроншавии пеш аз муҳлати роҳҳои навбунёд ва таъмини рафтуомади бемонеаю доимии нақлиёти автомобилӣ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Як зумра барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои дастурӣ тасдиқ шуданд. Барномаи миллии пешгирӣ аз паҳншавии нашъамандӣ ва такмили ёрии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Нақшаи генералии шаҳраки Оби Гарми шаҳри Роғун, Нақшаи генералии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод, Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Барномаи рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015 аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ҳадафи асосии Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, аз ҷумла кам кардани монеаҳои маъмурии фаъолияти сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат мебошад. Барномаи мазкур, ҳамчунин маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои додани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкорони хурду миёнаи истеҳсолиро дар назар дорад. Афзалият ба соҳибкороне дода мешавад, ки дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, сохтмони роҳу пулҳо ва неругоҳҳои хурди барқ, нобудсозии партовҳои саноатӣ ва маишӣ, ташкили омӯзиши касбҳои техникӣ, фаъолияти инноватсионӣ ва туризм иқтидорҳои истеҳсолӣ ва ҷойҳои кор муҳайё месозанд.
Лоиҳаи як зумра қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонуни дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла, ба қонунҳо "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ", "Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо" пешниҳод гаштанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содироти ангишт ба хориҷи кишвар аз 1 - уми майи соли 2012 манъ карда шуд.
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус оид ба фаъолияти муваққатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд санади дигари ҳамкории хориҷӣ тасдиқ гардид.
Дар хотимаи маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷуҳи ҳозиринро, ҳамчунин ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо доир ба иҷрои супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар зикргардида ҷалб намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.05.12    №: 57    Мутолиа карданд: 5087
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед