logo

маориф

Хатлон. Бо квотаи Президент чанд нафар мехонад?

"Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем".

Эмомалӣ РАҲМОН

26 апрел дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо донишҷӯёни хатлонии тибқи квотаи Президенти кишвар дар макотиби олии пойтахт таҳсилдошта мулоқоти васеъ доир гардид.
Ситора Шерова, муовини раиси вилояти Хатлон, зикр кард, ки бо ғамхории Сарвари давлат аз соли 1997 то имрӯз 3 ҳазору 959 нафар хонандаи фаъол тибқи квота донишҷӯ шуд ва то имрӯз 1 ҳазору 630 нафар донишгоҳу донишкадаҳоро хатм кард. Соли таҳсили равон 441 нафар хатмкунанда, аз ҷумла 227 духтар, дар асоси квота аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дохил гардид. Алъон дар 15 мактаби олӣ 2 ҳазору 36 нафар таҳсилро идома мебахшад. Соли равон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015", аз 3 декабри соли 2010, рақами 628 барои ҷавонони вилоят 453 ҷой, аз ҷумла 232 ҷой барои духтарон, муқаррар шуд, ки баҳри иҷрои он дар 24 шаҳру ноҳия корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Соли гузашта муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро 298 нафар хатлонӣ тибқи квота хатм кард, ки аз он 21 нафар сазовори дипломи сурх гардид. Ҳамчунин муовини раиси вилоят тазаккур дод, ки соли равон 3 ҷавони тибқи квота ба Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохилгашта аз ноҳияҳои Бохтар, Данғара ва Ёвон бо сабабҳои  номаълум то кунун ба дарс ҳозир нашудааст. Ҷамъбасти натиҷаи сессияи тобистонаи соли 2011 ва сессияи зимистонаи соли ҷорӣ нишон дод, ки бинобар сатҳи пасти дониш аз курсҳои гуногун 27 донишҷӯ, (аз ноҳияҳои Балҷувон, Муъминобод, Бохтар, Носири Хусрав, Восеъ, Ҷиликӯл, Хуросон) аз макотиби олӣ хориҷ шуд. Ҳамзамон, 36 донишҷӯи 6 донишгоҳу донишкада бе сабабҳои ҷиддӣ ба шуъбаи ғоибона гузаштаву ба рухсатии академикӣ баромадааст. Ин далелҳо аз фаъолияти нокифояи комиссияи оид ба хоста гирифтани ҷавонони лаёқатманд дарак медиҳад,- тазаккур дод муовини раиси вилоят.
Абдулҳамид Нозимов, мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Нуриддин Саидов, вазири маориф, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ сухан ронда, ҷавононро ба таҳсили аъло ва интизоми намунавӣ ҳидоят карданд.

Зокир ҲАСАН,  "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.05.12    №: 59-60    Мутолиа карданд: 5760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед