logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Ашок Кумар Лаҳирӣ

10 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти  кишвар, Ашок Кумар Лаҳирӣ - директори иҷроияи Бонки осиёии рушдро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба барномаи таҳияшавандаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои солҳои 2012-2014 зоҳир гашт. Тавре ки зикр гардид, барномаи мазкур дар ҳаҷми 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ба Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Ин маблағҳо ба беҳсозии шабакаи роҳу нақлиёт, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ равона мегарданд.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо ёдоварӣ аз ҳамкории гузашта, ки дар натиҷаи он ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 855 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва ёрии техникӣ ҷудо шудааст, ба Бонки осиёии рушд арзи сипос намуд. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон як зумра лоиҳаҳои муҳим бо маблағгузории ин бонк татбиқ мегарданд, ки барои онҳо харҷи 530 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид гардид, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт бо назардошти имконоти пайвастани шабакаҳои дахлдори Тоҷикистон бо Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Зимни суҳбати пурмуҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.05.12    №: 62    Мутолиа карданд: 2166
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед