маориф
Ислоҳоти маориф: зарурат, омодагӣ ва имконот
Солҳои охир дар кишвари мо сиёсати рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ки ҳадафи он ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, амалӣ мегардад. Тавассути чунин сиёсат дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, кашидани хатҳои баландшиддати нақли энергияи электрикӣ, роҳсозӣ ва коммуникатсия мо ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гашта истодаем. Ҷолиб аст, ки ҳоло як қатор сармоядорони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, хоҳиши ҳамкории бештар доранд, мамлакати мо мавқеи худро дар ҷаҳони имрӯза мустаҳкам намуда истодааст. Табиист, ки ин раванд таҳияи барномаҳои бунёдӣ ва стратегияи миллии тараққиётро тақозо дорад.
Тавре ки маълум аст, мувофиқи нақшаҳои Ҳукумати кишвар вазифаи аввалиндараҷа муваффақ шудан ба се ҳадаф: истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Расидан ба ин ҳадафҳо дар навбати худ бо дастрасии се чиз - маблағи кифоя, таҷҳизоти зарурӣ ва мутахассиси баландпоя алоқатманд аст. Мутаассифона, айни замон Тоҷикистон на маблағу техникаи зарурии худӣ ва на мутахассиси соҳибкасби ватанӣ дорад, ки ин нақшаҳоро бо қувваи хеш амалӣ гардонад. Албатта, маблағи заруриро қарз гирифтан ва таҷҳизоти замонавии хориҷиро харидан мумкин аст, мамлакатҳои пешрафтаи олам низ аз ин гуна имкониятҳо васеъ истифода мебаранд. Вале ҳанӯз дар Тоҷикистон, ки соҳиби даҳҳо мактаби олӣ ва муассисаҳои таълимии ҳирфаӣ мебошад, ҳамоно роҳҳою нақбҳо, неругоҳҳою хатҳои баландшиддатро русҳою чиниҳою эрониҳо месозанд. Аммо даста-даста ба ном мутахассис, ки ҳар сол мактабҳои олии моро хатм мекунанд, на аз набудани ҷои кор, балки аз заифии донишу малака, диплом дар даст ба муҳоҷират мераванд ва ба кӯчарӯбию мардикорӣ машғул мешаванд. Омӯзишу таҳлили ин вазъ касро ба хулоса меорад, ки сабабашро аз вазъи мактабу мактабдорӣ ва умуман низоми маориф дар кишвар ҷӯё гардад.
Дар вохӯрӣ бо аҳли зиё доир ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, барҳақ илму маорифро асоси рушди ҷомеа номида, аз ҷумла қайд карда буданд, ки "Неруи давлатҳо имрӯз дар баробари қудрати сиёсию ҳарбӣ аз рӯи инкишофу истифодабарии илму техника ва технологияи муосир арзёбӣ мегардад… ин воқеият дар навбати худ масъалаи рушди илму маорифро ба миён мегузорад". Сарвари давлат ин нуктаро минбаъд ҳам борҳо таъкид кардаанд.
Воқеан низоми маориф яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад, ки таҳияи стратегияи миллии он вазифаи аввалиндараҷаи ҷомеаи муосир аст. Ба назари мо маориф вазифадор аст шаҳрванди содиқи Ватанро тарбия намояд, ки дар зеҳни ӯ майлу нияти андӯхтани донишҳои бунёдию такмили маҳорати касбиро бо нияти саҳмгузорӣ ба пешрафти кишвараш тавъам бошад.
Ҳамчунин сифати таълим ва натиҷаи дилхоҳи он натанҳо ба имкониятҳои вазорату мактаб ва қобилияти омӯзгор, балки ба майлу хоҳиш ва шавқу завқи донишандӯз низ вобаста аст ва бедор кардани хислату сифатҳои зикршуда дар замири наслҳои ҷавон вазифаи на танҳо мактабу омӯзгор, балки пеш аз ҳама падару модар мебошад. Падару модар он меъморонеанд, ки дар пойдевори ташаккули фарзанди худ "хишти аввал" мегузоранд. Беҳуда нест, ки барои расидан ба ин мақсад дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" амал менамояд.
Дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат сабабҳо ва зарурати қабули ин қонунро махсус қайд намуда, изҳор доштанд, ки аз ҷараёни иҷрои он қаноатманд намебошанд. Воқеан, аз қабули ин қонун қариб як сол гузашта бошад ҳам, ҳанӯз вай ба санади доимоамалкунандаи ҳуқуқӣ табдил наёфтааст. Аз ин рӯ, ба Ҳукумат супориш дода шуд, ки "механизми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва роҳҳои амалӣ гардонидани қонуни мазкурро омӯхта, дар муддати ду моҳ доир ба ҳалли ин масъала пешниҳоди мушаххас омода намояд". Ҳамзамон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш шуд, ки "ҷараёни иҷрои қонуни мазкурро зери назорати қатъӣ қарор дода, корҳои тавзеҳотиро дар ҷомеа вусъат бахшанд". Супоришҳои Президенти кишвар дар ҳақиқат саривақтӣ буда, иҷрои онҳо таъхирнопазиранд, вале танҳо ояндаи наздик нишон хоҳад дод, ки ин супоришҳо то кадом андоза амалӣ мегарданд. Нигарониям аз он аст, ки баъзе кормандони мақомоти давлатӣ ҳатто ба супоришҳои Президент аз паси панҷа нигоҳ карда, бо "пешниҳодҳои мушаххаси" амалинашаванда, "назорати қатъии" рӯякӣ ва "тавзеҳотҳои" нофаҳмо вазифаи хешро иҷрошуда меҳисобиданд.
Агар ба нақшаҳои вазорати маориф (масалан, "Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон") назар андозем, дида мешавад, ки вазорат масъалаи ба талаботи имрӯза мувофиқ намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилот, коркарди стандартҳои давлатию барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тайёр намудани мутахассиси соҳибкасбро вазифаи аввалиндараҷаи хеш ҳисобида, амалӣ намудани онро ба уҳда гирифтааст.
Саволе ба миён меояд, ки оё ин меъёри қабулшуда дар муассисаҳои таълимии мо пурра риоя мешавад? Посух ба ин савол, мутаассифона, мусбат нест. Масалан, таҳлили вазъ дар мактабҳои олӣ нишон медиҳад, ки теъдоди ками донишҷӯёни тахассусҳои мухталиф дониши кифоя дошта, сазовори номи донишҷӯ мебошанд. Солҳои охир сифати донишандӯзии толибилмон ва мароқу ҳавсалаи соҳибмаълумотшавии онҳо дар савияи паст қарор дорад. Аксарияти донишҷӯён танҳо соҳиби диплом шудан мехоҳанд. Аз рӯи гуфтаи бархе аз ҷавонон онҳо танҳо барои аз хизмати ҳарбӣ озод шудан донишҷӯ мешаванд.
Донишҷӯи имрӯзаро аз пайи ҷустуҷӯву омӯзиш кам мебинем, дар китобхонаҳо меҳмонони гоҳнамо аст. Бо чунин ҳол донишҷӯ мақому вазифаи хешро дарк намекунад. Яке аз натиҷаҳои чунин вазъ пайдоиши ришвахорӣ мебошад, ки раванди таҳсилотро аз оғоз то гирифтани диплом ҳамроҳӣ менамояд. Ба ақидаи мо сабаби асосӣ пеш аз ҳама вазъи ногувори мактабҳои миёна мебошад, ки ба ҳамагон аён аст.
Дар Паёми имсолаи худ Президенти Тоҷикистон "ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа" таваҷҷуҳи махсус дода, дар баробари зикр кардани дастовардҳои соҳаи маориф изҳори нигаронӣ намуданд, ки "дар ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ мушкилоти ҳалношуда хеле зиёданд". Ва боз таъкид доштанд: "Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳолати таълиму тарбия дар мактабҳои миёна беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад". Бинобар он то замоне, ки мактабҳои миёна хатмкардаи соҳибмаълумот омода насозанд, дар барои рушду нумуи таҳсилоти олӣ ва тайёр намудани мутахассиси соҳибкасб сухан рондан мушкил аст.
Ба назари ин ҷониб боз як сабаби он, ки донишҷӯ (хонандаи мактаби таҳсилоти миёна ҳам) ба дарс ҷиддӣ муносибат намекунад, муносибати нодуруст ва кӯтоҳназаронаи худи мактаб ба ин раванд аст. Дар ҷомеаи мо одат шудааст, ки бо ҳар сабаб (маҷлис, шанбегӣ, пешвози меҳмон, қаблан пахтачинӣ, акнун маршировка ва ғ.) хонанда аз дарсҳо бар хилофи қонунҳои амалкунанда озод карда мешавад. Дуруст аст, ки ин маъракаҳо аҳамияти тарбиявӣ доранд, вале онҳо бояд тавре гузаронида шаванд, ки интизом халал наёбад. Барои ин кифоя аст тадбирҳои тарбиявӣ ҳангоми соатҳои дарсӣ гузаронида нашаванд. Танҳо бо риояи интизоми қатъӣ мактаб аз донишандӯз талаб карда метавонад, ки вай ҳар як соати дарс ва ҳар дақиқаи онро ғанимат ва иштироки фаъолонаи худро ба дарсҳо муҳим ҳисобад.
Пас чӣ бояд кард? Роҳи ягонаи ислоҳи вазъ ислоҳоти мактаб ва умуман низоми маориф аст. Вале ислоҳот чӣ гуна бошад ва проблемаҳои ба миён омада бо кадом роҳ ҳал карда шаванд? Ҳангоми ба ин савол ҷавоб ҷустан мебояд ҳатман аз рӯи ҳикмати "ҳафт бор чен куну як бор бур" амал кард, зеро ин ислоҳот на танҳо ба мактабу маориф, балки ба тамоми қишри аҳолӣ таъсири калон дорад. Чунин ислоҳотро бидуни таҳқиқи амиқ, бе дарназардошти фикру ақидаҳои мухталиф, бе далелу бурҳони қотеъ ва маслиҳату машварати мутахассисон, омӯзгорон, падару модарон ва тамоми мардум ба роҳ андохтан, бемасъулиятии том аст.
Дуруст аст, мо бояд мутахассисоне тайёр намоем, ки дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир бошанд. Дар хориҷи кишвар ва Тоҷикистони азизамон кору фаъолият намоянд ва чунон кор карда тавонанд, ки ба мутахассисони хориҷӣ дигар ниёз боқӣ намонад.
Солҳои охир ба ин масъала таваҷҷуҳ зиёд аст. Аз ҷумла, дар назди Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Маркази барномаҳои байналмилалӣ фаъолият дорад ва он ба ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар хоҳиши таҳсил доранд, ёрӣ мерасонад. Бо тавсияи ин марказ ҷавонони болаёқат соҳиби идрори президентии "Дурахшандагон" шуда, имкони бештари дар хориҷа таҳсил намуданро пайдо мекунанд. Бино ба хабари расонаҳо шумораи ҳарсолаи гирандагони ин идрорпулӣ меафзояд. Аз таҳлиле, ки дар боло оварда шуд, ба хулосаи зерин омадан мумкин аст:
Маблағҳое, ки ба соҳаи маориф равон мешаванд, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани маоши муаллимон ва кормандони ин соҳа, таҷҳизонидани кабинету лабораторияҳо, таъмир ва бо барқу сӯзишворӣ таъмин намудани мактабҳо сарф карда шавад;
Масъалаи бекор намудани имтиёз ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ барои ба таъхир андохтани даъват ба сафи ҳарбӣ дар сатҳи Ҳукумат ва Маҷлиси Олӣ баррасӣ шавад;
Ба масъалаи дарёфту интихоби ҷавонони болаёқат ва бо идрори президентии "Дурахшандагон" ба хориҷи кишвар равон кардани онҳо таваҷҷуҳи бештар дода шуда, шаффофияти он таъмин гардад;
Таҳти сарпарастии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои ислоҳоти низоми маорифи ҷумҳурӣ гузаронидани семинарҳо, конференсияҳо ва мизҳои мудаввар ба роҳ монда шавад.
Хулоса, ислоҳоти низоми маориф ногузир аст, вале дар амалӣ намудани он дараҷаи омодагӣ ва имконоти худро ба назар мебояд гирифт.
Абдусаттор ҒАФФОРОВ,
номзади илмҳои физика ва математика,
шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.05.12 №: 62 Мутолиа карданд: 5773