маориф
Муаллима Ҳабиба КАРИМОВА:
"Шогирд устоди пешрафтаро эҳтиром мекунад"
Субҳ аст. Ба умеди расидан ба дидори устоди муътабар Ҳабибахон Каримова дарвозаи манзили эшонро дар кӯчаи қадимии шаҳри Конибодом ангушт мезанам.
…Устод аз ташрифи меҳмон хушнуданд. Мақсадамро изҳор мекунам: омадам, то соате аз дарси пири муаллимон баҳра гирам. Суҳбат дар бораи корномаи шахсе, ки дар рушду нумуи маорифи кишвар саҳми арзанда дорад, дарси ибратбахшест барои ҳама замону ҳама одамон. Муаллима бо хоксорӣ мегӯянд:"Хушҳол мешавам, агар суҳбати мо барои хонандагони рӯзномаи "Ҷумҳурият" пурманфиат биёяд".
Посухҳои ин бонуи бузургро ба пурсишҳои хеш пешкаши Шумо, хонандаи гиромӣ, медорам.
"ТУ МУАЛЛИМ МЕШАВӢ, МУАЛЛИМИ ХУБ МЕШАВӢ"
- Имрӯз синнам ба 89 расидааст, духтарам, - мегӯянд муаллима. Аз 13-солагиам омӯзгор будам. Вақте ҳар иду айём шогирдонам, муаллимони мактабам, пайвандонам ба табрикам меоянд, дигар рӯзҳо ҳам, вақте "Муаллима, дар хона ҳастед?"-гуфта меҳмоне аз дар медарояд, сарам ба осмон мерасад. Ҳоло ҳам дар ҷамъомадҳои гуногун бо халқ, хусусан бо ҷавонон, вомехӯрам, ба мактабам меравам. Аз воқеаҳои кишвар ва дунё бохабарам. Ҳафтае як маротиба набераам рӯзномаҳои навро мебиёрад, мутолиа мекунам, бе айнак. Фақат телевизорро бо айнак мебинам.
Ман, муаллима Ҳабиба Каримова, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ намебудам, агар дар кӯдакиам, солҳои 20-30 - юми асри пешин аҳли хонаводаам - падару модарам, бародарону хоҳаронам шавқу ғайрати донишомӯзиамро дастгирӣ намекарданд, баъди оиладор шудан, шавҳарам дар кору рӯзгорам мадад намерасониданд. Аз таҷрибаи донишомӯзиам ва 51 соли фаъолияти муаллимиам хулоса кардам, ки дар таҳсили фарзанд, хусусан маълумотнокшавии духтарон, пеш аз ҳама хоҳишу дастгирии волидон нақши муҳим мебозад.
- Устоди азиз, касби муаллимӣ интихоби Шумо буд ё пешниҳоди хонаводаатон?
- Аз рӯзе, ки худро шинохтаам, мехостам муаллима шавам, яъне аз 5-6-солагиам. Падарам мулло Карим Нурмуҳаммад марди босавод, ба деҳқонӣ ва тиҷорат машғул буданд. Дӯкони маводи таълимӣ доштанд. Модарам Марҳаматбону, духтари бибиотун ва мударриса Шаҳзодабону, аз модар савод омӯхта буданд. Дар ҳамсоягии бибиам мезистем. Он кас ҳамроҳи модарам, бибихалифаи мактабашон, ба духтарони панҷ маҳалла дарс мегуфтанд. Ман, фарзанди панҷум ва кенҷаи оила, дарсхонии духтаронро дар хонаи бибиам дида, орзу мекардам, ки мисли онҳо китобхон шавам. Аз хонаи бибиам меомадему модарам сари дӯхтудӯз менишастанд, ба дасти апаҳоям низ сӯзану ресмон медоданд. Ману дугонаҳоям дар таки тути ҳавлиамон мактаббозӣ мекардем. Ва ман дар ин "мактаб" ҳамеша мехостам, ки "муаллима" бошам. Баъди солҳо, ҳар гоҳ ки дар Душанбе, дар ҷаласае бо дугонаам Лутфинисо Зоҳидова вомехӯрдем, "толибаи мактаби таги тути ҳавлиамон", маро дидан замон ҳатман бо шӯхӣ "Салом, муаллима!" мегуфт ва ҳамчун "муаллимаи аввалинаш" ба дигарон мешиносонд.
- Шумо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лутфӣ Зоҳидоваро дар назар доред?
- Бале, ӯро. Равонаш шод бод, барои санъати Тоҷикистон хидмати босазо кард.
Он солҳо бародаронам Нуъмониддин ва Ҳилолиддин баъди хатми мактаби маҳаллаамон, ки соли 1918 ташкил шуда буд (баъдтар номи "Намуна"-ро гирифт), дар Боку ва Тошканд таҳсил мекарданд. Ҳеҷ аз хотирам намеравад. Дар таги тут "муаллимагӣ" мекардам. Нохост болои сарам бародарам Ҳилолиддинро дидам. Маро оғӯш карданду сарамро сила намуданд: "Ту муаллим мешавӣ",- гуфтанд. "Муаллими хуб мешавӣ". Он кас ҳамон рӯз аз Тошканд ба хабаргирии мо омада буданд. Мо саргарми бозӣ, даромада омаданашонро нафаҳмидем. Ҳоло ҳам дар гӯшам ҳамон суханонашон садо медиҳад: "Ту муаллим мешавӣ".
- Ҳабиба духтари доно,
Тамом карда "Алифбо"-ро…
Ин ду мисраи шеъри бародаратон профессор Ҳилол Карим аст, ки ба хоҳараки хурдиашон бахшидаанд ва дар китоби "Алифбо"-яшон овардаанд. Хонданро аз китоби "Алифбо"-и бародар омӯхтед?
- Не, бо таълими устодам Абдураҳмон Абдуллоев омӯхтам. "Алифбо"-и бародарам соли 1933 аз чоп баромад. Саводомӯзӣ аз рӯи ин китоб дар мактабҳо ҳамон сол - 1933 сар шуд ва бояд бигӯям, то соли 1985, яъне 52 сол бачаҳои кишварамон дониши аввалинро аз рӯи ҳамин китоб омӯхтанд. Ман соли 1930, ҳарчанд ҳафтсола будаму ба синфи якум аз 8-солагӣ қабул мекарданд, ба мактаб рафтам.
- Оре, соли 1930, вақте дар Иттиҳоди Шӯравӣ шароити беҳтари иқтисодӣ фароҳам омад, таълими ибтидоии чаҳорсолаи ҳатмӣ бо қабули бачаҳо аз 8-солагӣ роҳандозӣ шуд.
- Бале. Таҳсил кайҳо сар шуда буду инҷиқӣ кардам, ки бо апаҳоям ба мактаб меравам. Билохира, модарам талӣ - ҷузвдони латтагӣ дӯхтанду дарунаш як дафтару қалам гузошта, маро бо хоҳари калониам ба мактаб гусел карданд. Бо муаллим пештар гуфтугӯ шуда будааст, ки он кас маро бо чеҳраи хуш пешвоз гирифта ба синф дароварданд. Ҳамсинфонам ҳама аз ман калон - аз 8-9-сола то 15 - 16-сола буданд. Муаллим ба ман хондану навиштани ҳарфҳоро ёд медоданду дарсро намепурсиданд. Боре ҳамаро китоб хононданду мисли рӯзҳои дигар боз аз назди ман гузашта рафтанд. Тоқатам тоқ шуду даст бардоштам: "Мумкин, ман ҳам хонам?" Бачаҳо хандиданд. Муаллим бо табассум гуфтанд: "Мумкин, Ҳабибахон, канӣ хон!". Ҷумлаҳоро бурро-бурро хондам. Баъди ҳамон, ба фикрам, муаллим ба хулосае омаданду маро ба рӯйхати талабаҳояшон дароварданд.
- Яъне фаҳмиданд, ки Ҳабибахон на мактаббозӣ, балки мактабхонӣ омада будааст.
- Бале. Соли мактаб рафтанам падар аз дунё гузаштанд. Бо вуҷуди душвор шудани зиндагӣ бародаронам таҳсилашонро дар Тошканду Боку давом медоданду хоҳаронам ба мактаби "Намуна" мерафтанд. Модарам бо каме мероси аз падар монда ва ҷомадӯзиву тоқидӯзӣ рӯзгорро мебурданд. Хоҳаронам, баъдтар ман ҳам ба он кас ёрӣ мекардем. Шабҳо модарам, баъди анҷоми корҳо, ба ману апаҳоям аз китобҳои қадима қиссаҳои аҷоиб нақл мекарданд, ҳатто баъзеи онҳоро бо оҳанг мехонданд. Овози зебо доштанд.
Ҳар дафъа, ки бародарам Ҳилолиддин аз Тошканд меомаданд, ҳатман аз таҳсилам мепурсиданд. Боре гуфтанд: "Ҳабибахон, дар мактаб азоб намекашӣ? Хондан душвор нест? Бачаҳои калон туро азоб намедиҳанд"? "Не, ака",-ҷавоб додам. Ва бо ифтихор илова кардам: "Ман дар синфамон сари калоба. Ҳама бачаҳо ба гапи ман гӯш мекунанд". Бародарам аз таҳи дил хандиданд. Аз ҳамон вақт то имрӯз ҳамин лақабро дорам: "Сари калоба". Гап сари он ки аз синфи дуюм сар карда, баъзе супоришҳои муаллимро иҷро мекардам. Ва аввалин фармудаашон ин буд, ки бояд баъди дарс ба ҳамсинфам Саид бурро хонданро ёд диҳам. Саид аз ҳамаи мо калон, 15 - 16-сола буд, намедонистам, ки гапи маро мегирад ё на. Вале баъди дарс монд ва ман бо талабаи аввалинам, гарчанд кам-кам аз ӯ метарсидам, дарс гузаштам. Саид Тошматов баъд механизатори хизматнишондодаи Тоҷикистон шуд. Солҳои 1931-32, азбаски зиндагӣ душвор буд, ба мо дар танаффуси калон ба як бурда нон як қошуқ мураббо молида медоданд. Вазифаи ман тақсим намудани ҳамин буридаҳои нон буд. Аз ҳамин сабаб шояд худро калон, "сари калоба" ҳис мекардам.
Баъди хатми мактаби ибтидоӣ бародарам маро ба педкомбинат бурданд. Он вақт педкомбинат бо асоси дусола барои калонсолон ва бо асоси панҷсола барои наврасон амал мекард. Маро бо хоҳишам, ба асоси дуюм, яъне ба курси дуюм гирифтанд. Дар он ҷо низ барои бачаҳое, ки аз деҳаҳои дур барои таҳсил омада буданду дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд, дарси иловагӣ мегузаштам. Дар курси сеюм мо, ҳафт нафар ҳамдарсон, баъди пешин дар курсҳои маҳви бесаводӣ барои калонсолон дарс медодем. Хурсандиамро ҳадду канор набуд, ки акнун муаллимони ҳақиқӣ ҳастем.
- "Муаллимони ҳақиқӣ" он вақт чандсола буданд?
- Ман 13-сола будам. Дигарон аз ман калонтар. Бародарам дар ин байн китоби "Алифбо"-ро барои калонсолон тартиб доданд. Аз рӯи ҳамон мо, ҳамдарсон, аз ҷумла ҳампартаам Рауф Баротов, ки ҳоло академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, дарс медодем. Аммо то назди калонсолон рафтан дар ҳарос будам. Чӣ хел дарс медода бошам? Як курси маҳви бесаводӣ дар назди мактаби худам хатм кардагӣ - "Намуна" амал мекард. Мудири мактабамон Тиллохон Алиев фармони мудири маорифро аз дасти ман гирифтанду пурсиданд: "Дарс дода метавонӣ?" Сарамро боло кардаму ба муаллим нигариста гуфтам: "Метавонам! Ман аълохон!". Муаллим хандиданду "Офарин!" гуфтанд ва маро ба маҳаллаи Усмонбек, ки ду гурӯҳи маҳви бесаводӣ дар он ҷо дарс мехондааст, бурданд. Ба курс аксари занҳо бо бачаҳояшон омада буданд.
- Ман барои Шумо як муаллимаи хуб овардам, - ба занон муроҷиат карда гуфтанд устод бо табассум. - Хурдакак бошад ҳам, дар педкомбинат аъло мехонад. Саводатонро нағз мебарорад. - Ва маро ба толибаҳо шиносонданд. Баъзеҳо бо ҳайрат ба ман менигаристанд, баъзеҳо паст хандиданд. Ҳамин тавр собиқаи кори муаллимиам сар шуд. Аввал ба гурӯҳи занҳо, баъд ба гурӯҳи мардҳо дарс медодам. Қадам ба тахтаи синф намерасид. Баъди чанд рӯз як толиба курсича овард. Корам осон шуд. Болои он баромада дар тахтаи синф менавиштам. Толибаҳоям дигар намехандиданду бо нобоварӣ ба ман нигоҳ намекарданд.
- Зеро муаллима хеле ҷиддӣ буд ва кори худро ҷиддӣ анҷом медод?
- Бале, дар ҳақиқат ҳам мо, муаллимони навраси он солҳо, худро хеле "калоншуда" ҳис мекардем, шояд шогирдони аз худамон 2-3 баробар калон, масъулияте, ки бар дӯш доштем, дар мо ин эҳсосотро ба вуҷуд оварда буданд. Барои 35 нафар ҳамагӣ 5 "Алифбо"доштем. Занҳо бо навбат китобро ба хона мебурданд, бо ҳавас хондану навиштанро ёд мегирифтанд. Дарс дар гурӯҳи мардҳо шомгоҳон тамом мешуд ва ду нафари онҳо баъди дарс маро то хона оварда ба дасти модарам месупурданд. Ҳамин тавр, бо навбат дар дигар маҳаллаҳо низ курсҳои маҳви бесаводӣ ташкил шуданд ва мо он ҷо ҳам ба калонсолон хату савод омӯзондем.
Солҳои сиюми асри гузашта "всеобуч-всеобщее обучение"- таълими умумӣ аз вазифаҳои асосии маорифи мамлакат ба шумор мерафт. Ва бояд зикр кунам, ки то охири умри шӯравӣ масъалаи таълими ҳамагонӣ аз вазифаҳои афзалиятноки маориф ҳисоб мешуд. Ҳамон солҳо, яъне солҳои сиюм, давлати шӯравӣ барои рушди маорифи кишвар маблағи калон ҷудо карда, вазифаи асосии онро маҳви бесаводии аҳолӣ муайян карда буд. То соли 1940 аҳолии то синни 50 ба мактабҳову курсҳои маҳви бесаводӣ фаро гирифта шуданд.
Соли 1937 педкомбинатро хатм кардем. 7 хонандаро барои таҳсили аъло ва саҳм дар саводомӯзии калонсолон ба саёҳати Маскаву Ленинград фиристоданд. Дар ин саф ману ҳамсинфам Рауф Баротов ҳам будем ва 15 рӯз ин ду шаҳри бостониро сайр карда омадем.
"СОЛҲОИ ҶБВ ДАВЛАТ ТАЪЛИМИ УМУМИРО ВАЗИФАИ СИЁСИИ РӮЗ ЭЪЛОН НАМУД"
- Баъди 41 сол, соли 1978 дар ҳамин шаҳри калон - Маскав, пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Анҷумани сеюми умумииттифоқии муаллимон ба Шумо - Муаллими хизматнишондодаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ доданд.
- Бале. Ин мукофоти олиро дар қатори 48 муаллими дигари Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шудам.
- Аммо то соли 1978, ҳамон 41 сол бояд тай мешуд - бо меҳнат, ғайрат, талош, паси сар намудани душвориҳои ҷангу таъмини ғалаба, ширкат дар бозсозии иқтисодиву мадании кишвар, ки муаллимон низ дар он саҳми арзанда доштанд.
- Албатта. Соли 1937 дар мактаби "Намуна"-и Конибодом, ки мактаби №3 ва ба номи Чапаев шуда буд, муаллими синфҳои ибтидоӣ таъйин гардидам. Аз соли 1939 давлат дар назди маориф вазифаи оҳиста-оҳиста ба таълими миёнаи умумӣ гузаштанро монда буд. Ҳамон сол ва аввали солҳои чиҳилум қариб тамоми мактабҳои шаҳрҳо ба таълими ҳафтсолаи ҳатмӣ гузаштанд. Мактаби мо ҳам ба ҳисоби шаҳр гузашта буд. Соли 1942 ҳафтсола шуду маро ҷонишини директор таъйин намуданд. Каме пештар рафта мегӯям, ки баъдтар, дар соли 1958 таълими ҳатмӣ дар мактабҳои мамлакат ҳаштсола гардид. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ давлат таълими умумиро вазифаи сиёсии рӯз эълон намуд. Масъалаи таълими умумӣ чун масъалаи муҳим ва ҷиддии давлатӣ, ки аҳамияти сиёсӣ, хоҷагӣ, дифоӣ дошт, шуморида мешуд. Зеро барои омодасозии кадрҳои ҳарбӣ, хоҷагӣ, ки ба онҳо кишвар хеле ниёз дошт, одамони босавод лозим буданд.
- Бо вуҷуди он, солҳои ҷанг 48 ҳазор талаба дар кишвари мо берун аз мактаб монда будааст. Тибқи баъзе маълумотҳо 5000 муаллим ба ҷабҳа рафтааст, бо ин сабаб баъзе синфҳо, ҳатто мактабҳо баста шудаанд, ё зиндагии вазнин маҷбур кардааст, ки бачаҳо тарки мактаб кунанд.
- Душвор буд, албатта. Сарвари хонавода дар ҷанг, бачаҳо кор карда, барои хонаводаашон қути лоямуте меёфтанд, ё бе муаллим мемонданд ва ин сабаби аз таҳсил дур гаштанашон мешуд. Масалан, ҳамон солҳо дар мактаб аз 31 муаллим ману директор мондем. Мардҳо ба ҷанг рафтанд, занҳо бо корҳои хоҷагиашон машғул шуданд. Баъдтар баъзе муаллимаҳо ба мактаб баргаштанд. Дар се баст кор мекардем. Соли 1943 Ҳукумати Ҷумҳурӣ Хазинаи таълими умумиро ташкил кард. Аз ҳисоби ин хазина барои бачаҳои бепарастор, муҳтоҷ, падаронашон ба ҷанграфта либосу хӯрокворӣ, барои ҳамаи мактабхонҳо ҳар рӯз дубурдагӣ нон медоданд. Давлат бо ин дастгирӣ кӯшиш мекард, ки бачаҳо таҳсилро тарк накунанд, аз мактаб рафтагиҳо баргарданд. Бо талабаҳо ба колхоз ёрдам мерасонидем, аз рӯи имкон хӯроке пухтаву ҷуроб бофта, либоси гарм гирифта, ба госпитали Конибодом, ки он ҷо аскарон табобат меёфтанд, мерафтем. Дар синфхонаҳои мактаб, дар хонаҳои одамон низ маҷруҳонро ҷой мекардем. Барои онҳое, ки аз қисматҳои ҷангзадаи кишвар ба шаҳри мо оварда шуданд, ҷои зисту машғулият муҳайё менамудем. Дар чаҳор соли ҷанг шогирдону муаллимони мактаби мо ба хазинаи мудофиаи мамлакат бо пули онвақта 500 ҳазор сӯм супориданд. Модарам, ҷояшон ҷаннат бошад, тамоми шароитро бароям муҳайё карданд, дастгириам менамуданд, то ки ман кори худро анҷом дода тавонам. Дар ин байн апаҳоям шавҳар карда ба Сталинобод рафтанд ва дар он ҷо апаам Қамбарнисо бо дастгирии оилаашон таҳсили худро дар мактаби олӣ давом доданд. Апаи калониам Хайринисо, ҳамсари академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ва апаи дуюмам Қамбарнисо, духтур, номзади илми тиб, ҳамсари профессор Воҳид Асрорӣ буданд. Бародаронам Нуъмониддину Ҳилолиддин тамоми солҳои ҷанг хидмати ҳарбиро анҷом доданд. Соли аввали ҷанг ман ҳам издивоҷ кардам. Шавҳарам, хатмкардаи педкомбинат Тӯхтасун Ҷабборӣ, баъди ду моҳи оиладориамон ба фронт рафтанд. Ярадор шуда аз ҷанг баргаштанд. Он кас Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи якчанд ордену медал, зиёда аз 50 сол дар матбуот фаъолият намуданд. 45 сол сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии "Садои Конибодом", собиқ "Коммунисти Конибодом" буданд. Ҳукумати шаҳр қадрдонӣ намуда, кӯчаамонро ба номашон гузошт. Ҳамин моҳ 90-солагиашонро дар шаҳр таҷлил намуданд. Ҳамаи ин азизонам ҳоло аз дунё гузаштаанд. Аз худ номи неку кори нек гузошта рафтанд.
- Соли 1944 нишони "Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон" таъсис шуд ва Шумо, муаллимаи 21-сола, аз аввалин шахсоне будед, ки сазовори ин унвон гардидед.
- Бале. Бубинед, бо вуҷуди он ки ҷанг идома дошт, давлат некбин буд ва ин некбиниро ба мардуми одӣ талқин мекард. Барои дар ақибгоҳ руҳбаланд намудани муаллимон - намояндагони пешқадами зиёиён ин нишон таъсис гардид. Хидмати ҷавононро ҳам ба эътибор мегирифтаанд, ки ба мани 21-сола ин нишонро сазовор донистанд. Баъди ҷанг каминаро сазовори медали "Барои меҳнати шоиста дар ҶБВ" низ донистанд.
Солҳои баъди ҷанг ҳам масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани ҳамаи бачаҳои синнимактабӣ, яъне "всеобуч", аз масъалаҳои муҳими кори маорифчиён буд. Проблемаи кадрҳои педагогӣ ҳам, ки ҷалби бачаҳо ба мактаб ба он бевосита алоқаманд аст, оҳиста-оҳиста бо зиёд кардани омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳои педагогӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ то дараҷае ҳалли худро пайдо мекард. Гузариш ба таълими миёнаи умумӣ, ки ҷанг ба амалӣ шудани ин нақша халал расонд, анҷом меёфт. Соли 1949 мактаби мо ҳам даҳсола шуду маро директор таъйин карданд. Он солҳо дар факултети забону адабиёти тоҷики Донишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ғоибона таҳсил менамудам. Соли 1985 аз ҳамин вазифа ба нафақа баромадам. Дар 36 соли директориам як бахши асосии корамро сохтмони биноҳои мактабам мешуморам. Дар ин муддат се бинои навро ба ҷои се синфхонаи аввали мактаби "Намуна" бунёд намудем. Осон набуд, албатта. Аммо дар ин кор танҳоӣ накашидам. Дугонаам Энаҷон Бойматова, раиси хоҷагии "Москва", Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, худаш хатмкардаи ҳамин мактаб, аз ҳисоби хоҷагиаш 4 синф сохт. Бародарам Нуъмониддин, ки корашон бо сохтани лӯлаҳои газӣ ва бо газ таъмин кардани шаҳр вобаста буд, дар синфхонаҳо бухориҳои газӣ шинонданд. Устохонаву дигар биноҳои ёрирасони мактабро бо муаллимону талабаҳои синфҳои болоӣ худамон бардоштем.
"СОЛҲОИ 60-80-УМ ТАВАҶҶУҲ БЕШТАР БА ТАШАККУЛИ ТАЛАБА ЧУН ШАХСИЯТ РАВОН ШУДА БУД"
- Солҳои 1960-1980-ум аз давраҳои бештар муваффақиятноки фаъолияти маорифи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Аз соли таҳсили 1959-1960 сар карда, дар кишвар маорифчиён тибқи қонун "Дар бораи мустаҳкам намудани робитаи мактаб бо ҳаёт ва рушди минбаъдаи низоми маорифи халқ дар РСС Тоҷикистон" кор мекарданд. Ин қонун таконе барои такомули маорифи Тоҷикистон гардид. Дар ин пешрафт ҳазорон муаллимон, сарварони мактабҳо чун Шумо саҳм гузоштаанд. Шумо чун сарвари як муассисаи таълимӣ фаъолияти мактаби худро дар асоси ин қонун чӣ гуна ба роҳ монда будед?
- Тамоми тӯли фаъолиятам вазифаи дар назди муаллимон гузоштаи давлат - ба таълими ҳатмӣ фаро гирифтани ҳамаи бачаҳои синнимактабӣ, таъмини сифати баланди таҳсилро ҳамроҳи ҳамкоронам иҷро намудам. Барои наздик намудани барномаи мактаб бо ҳаёт вазифадор шуда будем, ки тарбияи меҳнатии бачаҳоро хуб ба роҳ монем, мактабиён донишҳои илмию амалиро беҳтар аз худ созанд. Пурмазмун гардидани барномаи дарсӣ ба кори таълиму тарбия таъсири мусбат расонд. Солҳои 60-80-ум таваҷҷуҳ бештар ба инкишофи ҳаматарафаи хонандагон, ба ташаккули талаба чун шахсият, шахсияти бадониш, ҷисман қавӣ, дорои ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯсту ватандӯст равона шуда буд. Зеро дар замоне, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва умуман, ҷаҳон, илму техника босуръат рушд мекард, нақши мактаб чун пойгоҳи асосии омодасозии кадрҳои дар оянда баландихтисос ва барои хоҷагии халқ зарур муҳим буд. Мактаб дар ин солҳо аз ҷиҳати моддӣ пурқуваттар гардид ва шароити беҳтари таҳсил ба вуҷуд омад. Гуфтам, биноҳои нав сохтем, устохонаҳо бунёд кардем, барои гузаронидани маҳфилҳо, дарсҳои иловагӣ, соатҳои тарбиявӣ имкон пайдо шуд. Мувофиқи шартнома хонандагони мо дар корхонаҳову хоҷагиҳои Конибодом коромӯзии истеҳсолӣ мегузаштанд. Барои он ки фарзандони оилаҳои камбизоат дар зимистон бо сабаби надоштани либоси гарм мактабро тарк насозанд, ҳамон солҳо ҳам хазинаи махсуси маориф барояшон либоси гарму пойафзол ҷудо мекард.
Усулҳои нави таълимро ҷорӣ намудем, кадрҳои беҳтарини педагогиро тарбия кардем. Бо бачаҳои сустхон дарсҳои иловагӣ мегузаронидем, то ки дар синфашон намонанду аз мактаб дилхунук нашаванд, фаъолияти гурӯҳҳои машғулияташ бардавомро ба роҳ мондем. Интизом сахт буд. Ба мактаб одамони барӯманди диёрамон, нависандагону шоирон, ҳунармандонро даъват мекардем, то бо бачаҳо суҳбатҳои маънавӣ дошта бошанд. Аз ин вохӯриҳо бачаҳо чӣ қадар хурсанд мешуданд. Ҳамчун директор ба дарсҳои ҳар як муаллим бохабару бехабар медаромадам. На ҳамчун шахсе ки айб ҷӯяду муаллимро танқид кунад, балки чун роҳбар, рафиқи калоние, ки тарзи таълимдиҳиашро таҳлил месозад, тарафҳои хубашро мегӯяд, камбудиашро мефаҳмонад ва роҳи ислоҳи онро нишон медиҳад. Мақсад омӯзонидан, беҳтару шавқовар сохтани дарси ҳар педагог буд. Ҳар рӯз муаллимон ба ман ҳисоботи ҳузури хонандагонро дар дарс медоданд. Агар талабае ба мактаб наомада бошад, муаллим вазифадор буд, худи ҳамон рӯз ба хонаи ӯ рафта, сабаби наомаданашро фаҳмад. Худам низ ба хонаи волидон мерафтам. Қариб ҳамаи падару модаронро мешинохтам. Зеро зуд-зуд дар маҷлиси падару модарон иштирок мекардам, бо роҳбарони синфҳо суҳбат менамудам, дар бораи хонандагонашон мепурсидам, медонистам, ки мушкили зеҳнӣ, дарсомӯзӣ, хонаводагиии ҳар бачаро роҳбари синф беҳтар медонад. Аз муаллимон корро сахт талаб мекардам. Мегуфтанд, дар мактаби Каримова на ҳар муаллим ба кор дошт медиҳад. Дуруст. Хуб, дошт надиҳад, пас вай муаллими хуб нест, истеъдоди педагогӣ надорад. Аз муаллимон талаб мекардам, ки бо бача, бо падару модараш наздик бошанд. Аз волидон ҳам талаб мекардам, ки ба муаллим, чун ба як дӯсти хонаводаи худ, бо эҳтиром муносибат кунанд. 80 дарсади муаллимон хатмкардагони худамон буданд ва тартибу қоидаҳои корро дар мактаб хуб медонистанд. Ҳоло ҳам қариб 60 дарсади ҳамон муаллимоне, ки ҳамроҳашон кор кардаам, дар мактаб фаъолият доранд. Дар бораи таҷрибаи кор бо бачаҳо ва волидонашон дар бобати ҷалби ҳатмии бачаҳо ба мактаб маърузаам дар хонишҳои педагогии умумииттифоқӣ, ки соли 1970 дар Ленинград баргузор шуд, ҷои аввалро гирифт. Дар хонишҳои педагогии Алмаато ва Новосибирск низ бо маърузаҳо баромад кардам. Воқеан, дар Алмаато бо шодравон Муҳаббат Маҳмудова, муаллимаи мактаби №53-и шаҳри Душанбе, шахси муътабар, аввалин Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ аз байни омӯзгорони Тоҷикистон, якҷо будем.
Бо эҷодиёти техникиву амалии бачаҳо ду маротиба ба Маскав, ба Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР сафар кардам. Мактаб соҳиби медалҳои тилло ва биринҷии ин намоишгоҳ гардид. Он солҳо мактаби мо ҳамчун муассисаи таълимии пешқадам ва дорои неруи пурқуввати педагогӣ мувофиқи супориши Вазорати маориф мактаби такягоҳӣ эълон гардида, пойгоҳи таҷрибаомӯзии муаллимони вилоят таъйин шуд. Муаллимони вилоят дар дарсҳои устодони синфҳои болоии мо иштирок карда, таҷриба меомӯхтанд. Барои муаллимони синфҳои ибтидоии мактабҳои ба мо вобаста дарсҳои махсус ташкил менамудем. Солҳои зиёд камина сардори семинари доимоамалкунандаи директорони шаҳру ноҳияи Конибодом будам, корҳои ҷамъиятии зиёдеро дар сатҳи шаҳр иҷро мекардам.
- Сазовор шудан ба унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ бароятон ғайриинтизор буд?
- Пештар аз ин унвон мукофоти он давр - ордени Ленин гирифта будам, лекин ҳеҷ вақт фикр намекардам, ки ба унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ сазовор дониста мешавам. Албатта, сазовори ин унвони олӣ гардиданам бароям муждаи ғайриинтизор буд. Телеграммаи аввалини табрикиро дар Маскав аз бародарам Ҳилолиддин гирифтам. Он дӯстонам, ки солҳои ҷанг аз Русияву Беларусу Украина ба Конибодом эвакуатсия шудаву баъди ҷанг ба диёрашон баргашта буданд, аз аввалинҳо шуда табрикам намуданд. Гуфтаниам, бародарам Ҳилолиддин, ки маро баъди сари падар мисли падар буданд, аз ҳолу аҳволам зуд-зуд хабар мегирифтанд. Соли 1983 ҳар ду дар шаҳрҳои ба ҳам наздики Кисловодск ва Ессентукии соҳили баҳри Сиёҳ истироҳат мекардем ва бародарам дар ҳамон ҷо ҳам нони гарм-лавош гирифта ба хабаргириам меомаданд. Дар назарашон ман ҳоло ҳам ҳамон Ҳабибахони хурдакак будам, ки дар ҳаққаш бояд ғамхорӣ кард.
"ШОГИРД УСТОДИ ПЕШРАФТАРО ЭҲТИРОМ МЕКУНАД"
- Устод, ба фикрам, агар падару модар аҳл бошанду дар маълумотнокшавию тарбияи фарзанд ба ҳам мадад расонанд, фарзандон дар рифоҳ, аҳлу тифоқ, донишдору батарбия ба воя мерасанд. Шумо, ки дар баробари бачаҳои мардум панҷ духтару писари худро ҳам тавонистед тарбияи хуб диҳед, фикр мекунам, бо ман розӣ мешавед...
- Албатта. Осоишу рифоҳ, ҳамдигарфаҳмии падару модар, то чи андоза завқманду манфиатдор будани онҳо ба донишандӯзии фарзанд ба таълиму тарбияи бача таъсир мекунад. Ман ба Шумо дар аввали суҳбат гуфта будам, ки агар дастгирии оилаамро намедидам, муаллим намешудам. Мо бо шавҳарам панҷ фарзанд калон кардем, таълим додем. Чаро "мо бо шавҳарам" мегӯям? Чаро ки дар ҳар қадам дар бобати натанҳо фаъолияти худам, инчунин дар таълими фарзандонамон ёрии он касро эҳсос менамудам. Он кас бачаҳоро ба боғча мебурданд, ба мактабашон меомаданд. Дар давоми зиёда аз 60 соли зиндагии якҷоя боре ба ман "ту" гуфта муроҷиат накардаанд, эҳтироми ҳамсар - модари фарзандонашон хеле баланд буд. Ҳатто ба бачаҳо "шумо" гуфта муроҷиат мекарданд. Дар оилаи мо ҷангу даъво бо ҳамдигар набуд, падар гап занад, ҳама гӯш мекарданд, бачаҳо гап зананд, фикрашонро ба инобат мегирифтем. Фарзандонам ҳама соҳиби таҳсилоти олиянд ва дар бахшҳои гуногун кор мекунанд, худ фарзанддору наберадоранд. Фарзанди нахустинам Иноятхон - духтур, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, писарам Анварҷон ва духтарам Саодатхон -муаллим, ҳар ду Аълочии маорифи халқи ҷумҳурӣ, Рустамҷон номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ, дорандаи ордени "Шараф", дараҷаи ду ва Марҳабохон муаллим, доктори илми филология, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, дорандаи ордени "Шараф", дараҷаи як мебошанд.
- Ба ҳамкасбонатон, муаллимоне, ки имрӯз фарзандони кишварамонро таълим медиҳанд, чӣ насиҳате карданиед?
- Ҳарчанд имрӯз давлат муаллиму маорифро хеле дастгирӣ мекунад, соҳаи маориф боз ҳам таваҷҷуҳи бештарро мехоҳад. Ва тасмими давлат барои аз моҳи сентябри ҳамин сол 60 дарсад баланд бардоштани маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ хеле оқилона аст. Бо дастгирии моддиву маънавии сазовор мақому манзалат, обрӯю эътибори пешинаи муаллимро бояд баргардонд. Муаллим набояд муҳтоҷи ёрии моддии талаба бошад. Вагарна сиёсаташ, обрӯю эътиборашро дар назди ӯ гум мекунад. Худи омӯзгорон низ, агар касбашонро дӯст медоранд, дар мактаб кор кунанд, агар на, беҳтар, ки шуғли дигар ёбанд. Муаллим набояд шахси тасодуфӣ бошад, зеро давлат ва падару модар ба ӯ вазифаи бузург-таълим ва тарбияи фарзандро бовар кардаанд. Рисолати муаллим рӯшангарист ва насиҳати ман ба ҳамкасбонам ин аст, ки рӯшангар, яъне зиёӣ, маорифпарвар будани худро фаромӯш насозанд. Ба ҳамдигар ёрӣ расонанд, аз ҳамдигар омӯзанд. Сермутолиа, бомаърифат, муаллими замони худ бошанд, донишашонро такмил диҳанд, бо техника кор карда тавонанд. Барои ин шароит доранд. Ҳоло дар ҳамаи мактабҳои кишвар компютер ҳаст. Шогирд муаллими пешрафтаро дӯст медораду эҳтиром мекунад, на ақибмондаро. Агар устод ба донишандӯзии бачаҳо ҳавасманд бошад ва 45 дақиқаи дарсро на барои як илоҷе карда гузаронидан, балки самаранок, барои бача шавқовар истифода барад, он гоҳ хонанда ҳам бо ишқ дарс мехонад. Ба муаллим эътиқод ва эътимод мебандад, ба мактаб бо хоҳишу ҳаваси зиёд меояд, кӯшиш мекунад як рӯз ҳам ақиб намонад. Ба ҳамкасбонам гуфтаниам, ки, муаллимони азиз, ба ҳар шогирд бо назари эҳтиром бояд нигарист. Ба ҳарфи дили хонандаатон гӯш андозед, фикрашро ба инобат гиред, зеро бо шахсият кор доред.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" иқдоми хеле зарурии Сарвари давлат буд. Дар амалӣ гаштани ин қонун ҳам бояд омӯзгорон ба падару модар ёрӣ кунанд, зеро сатҳи донишу фаҳмиши волидон ҳар гуна мебошад. Мактабу оила ҳарчи бештар бо ҳам наздик гарданд, ҳамон қадар ба фоидаи пешрафту инкишофи зеҳнии бача аст. Волидону муаллимон, мактаб ва оила бо ёрии ҳамдигар сарнавишти насли навраси кишварро месозанд, яъне тақдирсози фарзандон - ватандорони ояндаанд ва барои некӯии сарнавишти онҳо бояд якҷоя заҳмат кашанд.
* * *
Имрӯз ҳам "Намуна" намуна аст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Чапаев дар шаҳри Конибодом аз муассисаи таълимии пешқадам ба ҳисоб меравад. Соли оянда 95-сола мешавад. Хуб мебуд, ба ин муносибат шаҳрдории Конибодом мактабро ба номи устод Ҳабиба Каримова номгузорӣ мекарду бори дигар ба хидматҳои ин шахси муътабар дар зиндагии эшон арҷ мегузошт. Ҳарчанд кайҳост мактабро дар шаҳр"Мактаби Ҳабиба Каримова" гуфта ном мебаранд. Фақат ғайрирасмӣ, халқ чунин мегӯяд...
Талъат НИГОРӢ,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.05.12 №: 63-64 Мутолиа карданд: 6099