logo

номаҳо

Бойгониро Ҳукумат бояд соҳибӣ кунад

Бо даргузашти Раҳмон Сафар, ҷангноманавис, аз ин дунё, меандешидам, ки тақдири бойгонии ӯ ба чӣ меанҷомад. Ва ҳам ба худ суол медодам, ки онро кӣ соҳиб мешавад ва чӣ гуна мавриди омӯзиш қарор мегирад? Охир ҳар ватандӯсти асил медонад, ки ин сарсупурдаи миллат бо мушкилоти зиёд маълумоти нодирро дар мавриди иштирокчиёни беному нишонгардидаи Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ аз шаҳру ноҳияҳои Русия ва дигар кишварҳо ҷамъ овард. Муҳаққиқ бо пажӯҳиши ҳуҷҷатҳои боэътимоди таърихӣ оиди кору пайкори ин қаҳрамонон китоб ва мақолаҳои зиёдеро таълиф намуд ва ба нашр расонид. Бо ин ҳама аз бевафоии умр «Ҳазору як корнома» нотамом монд.
Чанд рӯз пеш, дақиқтараш 8 майи соли равон, дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» навиштаеро бо номи «Раҳмон Сафар кори як пажӯҳишгоҳро анҷом додааст» дидаму бисёр хурсанд шудам. Гуфтам, ки ҳатман ба пурсиши худ посух меёбам. Ва ёфтам. Неля Сафарова, ҳамсари ин ҷангноманавис, изҳор доштааст, ки бойгониро ба ноҳияи Ховалинг бурдаанд.
Оре, посух ёфтам, аммо аз ин посух ғамгин гардидам. Ғами ман аз он аст, ки бойгонӣ дар ноҳияи дурдасти куҳистон  наомӯхта мемонад. Дар ин навишта Абдулҳамид Самадов, Нависандаи халқии Тоҷикистон, пешниҳоди хуб намудааст, ки «Бойгонии ӯ (Раҳмон Сафар) таъриху тақдири ҳамватанони мост. Ҳукумат бояд онро соҳибӣ кунад. Чун сарвати миллӣ дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо ҳифз ва нигоҳубин шавад».
Фикр мекунам, ки ин пешниҳодро мепазиранд ва дар мавриди пажӯҳиши бойгонӣ ҳар чи зудтар чораҳои зарурӣ меандешанд.

Файзиддин ҲУСЕЙНОВ,  ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.12    №: 65    Мутолиа карданд: 4782
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед