logo

сафарҳо

Таҷрибаи кишоварзони Ҳисор сазовори таҳсину дастгирист

23 май Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ анҷом дод. Зимни сафар Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуд. Боздиди корӣ аз шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар паҳлуи боғи «15-солагии истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз суръати сусти корҳо изҳори нигаронӣ карда, барои тезондани он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Тавре ки зикр гардид, ҳоло корҳо барои кандани қабати болоии роҳи куҳна ва омода кардани хати нави роҳи мазкур идома дорад. Чунонки аён гардид, бисёр гардишу печутобҳои пешина рост ва пастию баландиҳо тахту ҳамвор карда мешаванд, то ки сатҳи бехатарии ҳаракат дар ин роҳ боло равад. Ба ин кор 138 техникаю механизмҳои роҳсозию боркашӣ ва беш аз 500 нафар коргару мутахассис сафарбар гардидааст. Беш аз 70% роҳсозон аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд, ки бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва шарикони чинии он, ҳамчунин доир ба тезондани навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, сохтмони нақбҳои Чормағзаку Шаҳристон ва омодасозии лоиҳаи роҳи Айнӣ-Панҷакент дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бояд моҳи сентябри соли равон ва нақби Чормағзак моҳи сентябри соли 2013 мавриди истифода қарор бигиранд.
Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба кооперативи истеҳсолии Ватани ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ибратбахши хоҷагии оилавии Ҳаиталӣ Буриев аз наздик шинос шуд.
Тазаккур ёфт, ки ин деҳқони асил соли гузашта аз ҳар гектари замини ғаллаи обӣ 70 - сентнерӣ ҳосил гирифта, имсол низ аз заминҳои гандум ва ҷуворимакка ҳосили фаровонро мунтазир аст. Аҳли ин хоҷагӣ беш аз 30 гектар заминро дар ихтиёр дошта, асосан бо зироаткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд ва аз заҳмати худ фоидаи хуб ба даст меоранд.
Тавре зикр гардид, аҳли ин хоҷагӣ, асосан аъзои як хонавода ва дӯстони онҳо буда, заминҳои онҳо ҳосили фаровон медиҳанд ва касе аз эшон ба муҳоҷирати корӣ намеравад.
Дар хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо кори қитъаи пахтаи маҳиннахи навъи «Авесто» шинос шуд.
Чунонки зикр гардид, дар ин ҷо аҳли хоҷагӣ ду сол боз бо олимони Академияи кишоварзии мамлакат парвариши ин навъи пахтаро, ки асосан дар вилояти Хатлон кишт мешавад, ба таври таҷрибавӣ ба роҳ мондаанд. Соли гузашта, ки барои пахтакорӣ басо мусоид омада буд, онҳо аз ҳар гектар 41 - сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол низ умед доранд, ки то 35-40 - сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ба гуфти олимони соҳа, ин навъи пахта пешпазак буда, ҳосилаш дар давоми 125 -132 рӯз ба чидан омода мешавад ва баромади нахаш ба 35-40% мерасад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллии соҳаҳои  кишоварзиюсаноати сабук ва олимони соҳа  доир ба ташкили истеҳсоли мошинолоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо дод.
Зимни боздид аз хоҷагии чорводории «Баракат»-и ноҳияи Ҳисор маълум шуд, ки аҳли заҳмати он ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин фермаи хоҷагӣ 2064 сар чорвои калони хушзот парвариш меёбад, ки аз он 718 - тоаш гови дӯшо мебошад. Дар ин ҷо асосан зоти сермаҳсули сиёҳало парвариш меёбад. Соли гузашта аз ҳар сар гови дӯшо 5113 - килограммӣ шир дӯшида шудааст ва имсол ин нишондод тибқи пешгӯии роҳбари хоҷагӣ бояд ба 5,5 ҳазор кг расонда шавад.
Дар натиҷаи бордоркунии сунъӣ бо нутфаҳои воридотӣ насли тозаи хушзот ҳосил менамоянд. Гӯсолаҳои модина то 1,5 - солагӣ 450 кг вазн гирифта, ба бордоршавӣ омода мешаванд.
Буққаҳои хоҷагӣ, ки то 1400 -1500 кг вазн мегиранд, асосан ба гӯшт мераванд ё ба хоҷагиҳои дигари чорводор барои наслгирӣ фурӯхта мешаванд.
Дастоварди аз ҳама ҷолиби хоҷагӣ ширдӯшии мошинии автоматӣ бо навтарин технологияи олмонӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон бори нахуст ба назар мерасад. Дар компютере, ки дар маркази идораи ин дастгоҳҳои ширдӯшӣ насб шудааст, тамоми маълумоти оморӣ ва назоратӣ доир ба ҳар як гови дӯшо сабт мегардад. Бо ёрии ин дастгоҳи нави технологӣ ҳам хароҷоти хоҷагӣ кам мешавад ва ҳам қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ба таври шоиста риоя мегарданд.
Дар вақти боздиди Сарвари давлат дар фермаи хоҷагӣ захирасозии тарбеда бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Тавре иттилоъ дода шуд, то имрӯз 2300 тонна тарбеда дар чуқуриҳои дароз бо риояи технологияи хуби нигаҳдории он зери плёнка ва хок захира ш        удааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳар як замини обии юнуҷқа дар як сол то 6-7 маротиба дарав мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба масъулини соҳа доир ба паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадам ба дигар ноҳияҳо, боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои кори соҳа, ҳамқадам будан бо дастовардҳои илму техникаи навтарини ҷаҳонӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва боло бурдани қудрати содиротии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.05.12    №: 67    Мутолиа карданд: 1986
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед