барқияҳо
29 май Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба унвони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Чумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад. Дар робита бо ин воқеаи фархунда Шуморо муборакбод намуда ва орзуҳои самимонаю беҳтаринро ба халқи дӯсту бародари Тоҷикистон иброз медорам.
Озарбойҷон муносибатҳои мустаҳками дӯстию ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тайи солҳои гузашта арзи вуҷуд доштанд, ба дараҷаи баланд қадр мекунад. Мехоҳам бо камоли қаноатмандӣ зикр намоям, ки тайи бист соли гузашта ба мо муяссар гардид, ки муносибатҳои анъанавии дӯстию бародарии миёни кишварҳоямонро ҳамаҷониба ривоҷ диҳем.
Мо азм дорем, ки робитаҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва робитаҳои дигарро минбаъд ҳам дар заминаи принсипи фоидаи мутақобила густариш диҳем. Итминони комил дорам, ки дар натиҷаи саъю кӯшишҳои муштарак ҳамкории байни кишварҳоямон минбаъд ҳам ба нафъи халқҳоямон ривоҷ ёфта ва мустаҳкам мегарданд.
Муҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо тансиҳатии бардавом, ба халқи Шумо беҳбудӣ, рушди собитқадамона ва пешрафти кишваратонро таманно дорам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.06.12 №: 69-70 Мутолиа карданд: 3326