сафарҳо
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
1 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Худоёров, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷӣ, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноат, Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Азим Иброҳим, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулнора Ҳасанова, раиси Бонки давлатии амонатгузорӣ "Амонатбонк" ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.06.12 №: 69-70 Мутолиа карданд: 1879