logo

сафарҳо

Асри XXI асри рушди муштараки Тоҷикистону Чин аст

- Мулоқот бо Лю Кесин, шаҳрдори Сямэн;
- Эмомалӣ Раҳмон профессори фахрии донишгоҳи Сямэн;
- Вохӯрӣ бо Су Шулин, губернатори музофоти Фуҷиан;
- Иштирок дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ»;
- Сӯҳбат бо Фан Ҷсян, раиси Шӯрои директорони ширкати «Синоҳайдро»;
- Эмомалӣ Раҳмон, «шаҳрванди фахрӣ»-и Шанхан;
- Шиносоӣ аз фаъолияти истеҳсолии ширкати Зи Ҷин.

1 июн сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз музофоти Фуҷиан, ки дар ҷанубу шарқи ин кишвар қарор дорад, оғоз ёфт.
Дар фурудгоҳи шаҳри Сямэни музофоти Фуҷиан Сарвари давлати Тоҷикистонро бо меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.

Дар  оғози  сафар  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо Лю Кесин, мири (котиби кумитаи ҳизбии) шаҳри Сямэн, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо ин шаҳри бузургу бостонии кишвари Чин баррасӣ шуданд.
Тавре зикр гардид, месазад, ки таҷрибаи муваффақи Сямэн дар рушди иқтисоду тиҷорат ва шаҳрсозӣ мавриди омӯзиш ва пайравӣ қарор бигирад.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати ҳамроҳи худ дастур дод, ки Тоҷикистон дар ярмаркаи ҳарсолаи тиҷоративу сармоягузории Сямэн дар сатҳи шоиста муаррифӣ карда шавад.
Лю Кесин, шаҳрдори Сямэн, дар навбати худ ба иштироки доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии ин шаҳр дар намоиш – фурӯши молҳои истеҳсоли худ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дар бахшҳои маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ғайра сурат гирифт.


* * *
2 июн дар рӯзи дуюми сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба донишгоҳи Сямэни музофоти Фуҷиан ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд.
Чжу Чунши, ректори донишгоҳи мазкур, зимни суханронии ифтитоҳии худ эълон намуд, ки бо қарори Шӯрои илмӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои хизматҳои шоён дар таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории пурсамар бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф, унвони профессори фахрии донишгоҳи Сямэн дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, зимни суханронии худ ба ҳайати профессорону устодони донишгоҳ барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳои илмию таҳсилотии ду кишвар минбаъд боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Бо ёдоварӣ аз шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои гуногуни таҳсилотии Ҷумҳурии Мардумии Чин изҳори умед карда шуд, ки минбаъд теъдоди онҳо дар ин донишгоҳи соҳибнуфуз низ зиёд мешавад. Тавре зикр гардид, ҳоло дар ин ҷо танҳо як донишҷӯи тоҷик таҳсили илм менамояд.
Чжу Чунши, ректори донишгоҳ, изҳор дошт, ки барои минбаъд зиёд намудани бурсияҳо ба донишҷӯёни тоҷик чораҳо меандешад.
Мулоқот бо намоиши барномаи фарҳангии донишҷӯёни ин донишгоҳ ба поён расид.

* * *
2 июн, дар шаҳри Сямэн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо Су Шулин, губернатори музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқоти судманд анҷом дод.
Бо ёдоварӣ аз афзоиши садкаратаи гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин дар 10 соли охир ва ба зиёда аз 2 миллиард доллари амрикоӣ расидани ҳаҷми солонаи он, изҳори боварӣ шуд, ки нақши музофоти Фуҷиан низ дар ин раванд боз ҳам бештар мегардад.
Фаъолияти пурсамари ширкати Зи Ҷини музофоти Фуҷиан дар Тоҷикистон намунаи хуби ҳамкории ибратбахш номида шуд.
Бо хушнудӣ зикр гардид, ки ширкати Зи Ҷин дар корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистон бо ворид намудани техникаю технологияи навтарин истеҳсоли тиллоро афзун намуда, беш аз 2 ҳазор ҷойи кор муҳайё намудааст.
Изҳори боварӣ шуд, ки ширкатҳои ин музофот минбаъд дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, корхонаҳои нави саноатӣ ва рушди технологии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон низ иштироки фаъол хоҳанд дошт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт. Дар посух ба дархости ҷониби Тоҷикистон Су Шулин, губернатори Фуҷиан, ба зердастони худ дастур дод, ки шумораи бурсияҳоро барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Сямэн афзун намоянд.
Баъди анҷоми мулоқот дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома дар бораи барпо намудани робитаҳои бародарӣ миёни вилояти Суғди Тоҷикистон ва музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

* * *
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба Маркази байналмилалии намоишгоҳҳо ва конфронсҳои шаҳри Сямэн ташриф оварда, дар форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш шумораи зиёди соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони Тоҷикистону Чин ба ҳам омаданд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 10 соли ахир гардиши савдо миёни Тоҷикистону Чин 100 баробар афзуда, ҳаҷми солонаи он ба зиёда аз 2 миллиард доллари амрикоӣ расид. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳаи бузурги муштарак бо шарикони чинӣ амалӣ мегардад.
«Бо вуҷуди ин, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, - имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ҳанӯз хеле зиёданд». Аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорони чинӣ ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, сохтмонӣ, сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, телерадиокоммуникатсия, бунёди зербинои сайёҳӣ ва ғайра таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Дар бизнес-форуми «Тоҷикистон: имконоти сармоягузорӣ» ҳамчунин Су Шулин, губернатори музофоти Фуҷиан, профессор Чжэен Ҷинхэ, раиси Шӯрои директорони корпоратсияи «Зи Ҷин», Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азим Иброҳим, сардори Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Як зумра тавофуқоти муҳим бевосита миёни соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ҳосил шуд.

* * *
2 июн, нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар шаҳри Сямэн ҳайати ширкати мошинсозии «Шанхай (SAIC)» ва Фан Ҷсян - раиси Шӯрои директорони ширкати «Синоҳайдро»-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ бо ҳайати ширкати SAIC имконоти ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи мошинсозӣ ва истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии мошину тракторҳо баррасӣ шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки «SAIC» бузургтарин ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, аз соли 2009 ба ин сӯй дар миёни 10 ширкати бузургтарини мошинсозии ҷаҳон мақоми намоён дорад. Ин ширкат, ки бо машҳуртарин ширкатҳои мошинсозии ҷаҳон беш аз 50 корхонаи муштарак дорад, дар соли 2010-ум 3,6 миллион ва соли 2011 бошад 4 миллион мошин тавлид намудааст.
Маҳсулоти асосии ин ширкат мошинҳои гуногуни сабукраву боркаш, автобусу минибас ва трактору мошинолоти кишоварзӣ мебошад.
Ҳар ду ҷониб ба бунёди як корхонаи муштараки истеҳсоли намудҳои гуногуни автомобилҳо дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Зимни суҳбат бо Фан Ҷсян, раиси Шӯрои директорони ширкати «Синоҳайдро», масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла таҷдиду бунёди неругоҳҳои барқ баррасӣ шуданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки «Синоҳайдро» аз бузургтарин ширкатҳои чинӣ дар ин соҳа буда, аз солҳои 50-уми асри гузашта ба ин сӯй беш аз 70% иншооти гидроэнерготехникии ин кишвар аз ҷониби он бунёд ёфтааст.

* * *
Субҳи 3 июн Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, барои шиносоӣ бо фаъолияти истеҳсолии ширкати «Зи Ҷин» дар конҳои тиллою мис ба шаҳри Шанхани музофоти Фуҷиани Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф овард.
Дар майдони Мардумии Шанхан зимни як маросими тантанавӣ Се Хайбо, мири шаҳр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистонро «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон намуда, ба ӯ «Калиди тиллоӣ»-и он ва дипломи шаҳрвандии фахриро тақдим намуд. Мири шаҳри Шанхан нақши Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳким ва густариши робитаҳои судманди Тоҷикистону Чин намоён арзёбӣ карда, «шаҳрванди фахрӣ»-и ин шаҳр эълон шудани ӯро боиси ифтихору сарфарозии худ ва сокинони шаҳр номид.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, барои қадршиносии баланд ба роҳбарият ва сокинони шаҳри Шанхан арзи сипос карда, изҳор дошт: «Эҳсоси ҳусни ҳамҷавориву дӯстии байни халқҳои мо аз қаъри таърих – замони Роҳи Бузурги Абрешим маншаъ мегирад, аз ин рӯ решаҳои дӯстии мо пурқувватанд».
«Дар асри бисту як мо якҷоя бо Чин масоили рушди муштаракро ҳаллу фасл мекунем, дӯстии деринаро таҳким мебахшем ва ҳамкориҳоро тавсеа медиҳем», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

* * *
Аз шаҳри Шанхан Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба кони металлҳои рангаи ширкати «Зи Ҷин», ки дар қуллаи кӯҳи Тиллоии шаҳри Лунян қарор дорад, ташриф овард.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кӯҳканӣ ва заршӯии корхонаҳои истеҳсолии ширкати «Зи Ҷин», аз ҷумла зикр гардид, ки ин ширкат дар бахши истеҳсоли металлҳои ранга дар кишвари Чин мавқеи пешқадамтаринро ишғол менамояд.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки ин ширкат дар корхонаи  муштараки  «Зарафшон»-и Тоҷикистон аллакай наздики 200 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, бо ворид намудани техникаю таҷҳизоти навтарин истеҳсоли тиллоро хеле афзун намуд.
Соли 2011 корхонаи «Зарафшон» 1320 кг тилло истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2010-ум 9% зиёд мебошад. Давоми соли 2011 ин корхона ба буҷети давлатии кишвар 18 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст.
Тавре зикр гардид, солҳои наздик истеҳсоли солонаи тилло дар корхонаи «Зарафшон» бояд ба 5 тонна расонда шавад.
Зимни боздид аз корхонаи миси ин ширкат, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он бо истифода аз навтарин технологияи олмонӣ ҳар сол беш аз 20 ҳазор тонна мис истеҳсол намуда, 40%-и онро ба хориҷа, асосан ба Аврупою Амрико содир мекунад. Зимни суҳбат ду ҷониб ба мувофиқа омад, ки чунин як корхонаро бо насби ҳамин гуна таҷҳизоти пешқадам дар вилояти Суғди Тоҷикистон бунёд намоянд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, дар Чин идома дорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.06.12    №: 71    Мутолиа карданд: 1965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед