logo

сафарҳо

Сафаре ки ҳосилаш беш аз як миллиард доллар аст

4 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои идомаи сафари давлатӣ ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз шаҳри Сямэн ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин шаҳри Пекин омад.
Нимаи  дуюми  рӯз  Эмомалӣ    Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, бо Ҷян Ҷемин, раиси Шӯрои директорони Ширкати миллии нафту гази Чин (China National Petroleum Corporation-CNPC), мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ташкил ва густариши ҳамкорӣ доир ба корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту гази Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, изҳор дошт, ки "Тоҷикистон ба ҳамкории мутақобилан судманд бо Ширкати миллии нафту гази Чин ҳавасманд мебошад ва барои ин омода аст, тамоми шароити заруриро муҳайё созад".
Ҷян Ҷемин, ҳам ба ташкили ҳамкории судбахш изҳори ҳавасмандӣ намуд. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт: "Ширкати миллии нафту гази Чин бо 60 кишвари ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва Тоҷикистон 61-ум хоҳад буд".
Тавре зикр гардид, ин ширкат аз рӯйи ҳаҷми истеҳсол, коркард ва содироти нафту газ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад.
Дар охири мулоқот миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва Ширкати миллии нафту гази Чин (CNPC) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
 
* * *
Субҳи 5 июн дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои дуҷонибаи сатҳи олии миёни роҳбарияти ду кишвар оғоз ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистонро дар Қасри Маҷлиси намояндагони мардумӣ Ху Ҷинтао, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, пешвоз гирифта, ба макони баргузории маросими расмии истиқбол даъват намуд.
Маросими истиқболи расмӣ бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб оғоз ёфта, бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон ва арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин идома ёфт.
Масоили ҳамкории ду кишвар дар музокироти сатҳи олии сиёсӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ шуданд.
"Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат ва афзуд, -давлатҳои мо тайи 20 соли робитаҳои дипломатӣ ба ҳамсояҳои наку, дӯстони содиқ ва шарикони боэътимод табдил ёфтаанд".
"Тоҷикистон чун ҳамеша дар масоили ягонагию якпорчагии Чин мавқеи устувору бетағйир дорад", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Ху Ҷинтао дар навбати худ ба Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: - "Ман ба мавқеи устувору қотеонаи шумо дар мубориза бо хатарҳои сегонаи ҷаҳони муосир қоилам. Нақши шахсии шумо дар таъмини амнияти минтақавӣ басо намоён аст ва мо аз ин қадрдонӣ мекунем".
Зимни баррасии масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар аз ҷумла таъкид гардид, ки густариши равобит дар соҳаҳои энергетика, саноати кӯҳӣ, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳим дар ин самт мебошад.
Ҳар ду ҷониб ба бунёди нерӯгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерӯи барқ, марказҳои барқу гармидиҳӣ, сохтмон ва навсозии роҳҳои оҳану мошингард, оғози корҳои геологӣ-иктишофии захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ва густариши робитаҳои минтақавӣ ҳавасмандии худро таъкид намуд.
Аз рушди бонизом ва натиҷаҳои ҳамгироӣ миёни сохторҳои дифоӣ ва амниятии Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, ба густариши робитаҳои дуҷонибаи онҳо ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ҳавасмандӣ зоҳир сохтанд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони Тоҷикистону Чин ду санад ба имзо расид:
- Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ.
Тавре иттилоъ дода шуд, тибқи созишнома оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ 150 миллион юан ёрии бебозгашт ё грант ҷудо карда мешавад.

* * *
5 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Пекин бо Ли Жогу, президенти Бонки соди-роту воридот (Эксимбонк)-и Чин мулоқот намуд.
Зимни суҳбати самимӣ аз ҷумла нақши намоёни бонк дар ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Чин таъкид гардид, зеро аз ҷониби он барои татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва ғайра беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо шудааст.
Бо ишора ба мувофиқаҳои нави дар сатҳи роҳбарияти олии ду кишвар ҳосилшуда таъкид гардид, ки Эксимбонки Чин минбаъд низ чунин лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, дар таҳким ва густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвари ҳамсоя нақши намоёни худро идома медиҳад.
Дар охири мулоқот миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин Созишномаи қарзи имтиёзнок оид ба лоиҳаи таҷдиди қисмати сеюми марҳилаи аввали роҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб- Хоруғ-Кулма ба имзо расид.
Мутобиқи ин созишнома ба маблағи 50,54 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзӣ ҷудо мегардад.

* * *
5 июн  дар  шаҳри Пекин Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқотҳои судбахш анҷом дод.
Дар мулоқот бо Чжан Син, раиси Шӯрои директорони ширкати Тебиан электрик аппаратус (ТВЭА), масоили бунёд ва таҷдиди як зумра иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба сохтмони хати 500-киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби Гарм - Душанбе ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 зоҳир гардид.
Таъкид гашт, ки лоиҳаи сохтмони хати 500-киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Оби Гарм - Душанбе баъди омӯзиши дақиқи комиссияи ҳукуматии Тоҷикистон барои маблағгузорӣ ва оғози татбиқ пешниҳод карда мешавад.
Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бошад, тибқи тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ҳосилшуда, бояд тезонда, дар зарфи як соли оянда ба поён расонда шавад.
Зимни суҳбат бо раиси Шӯрои директорони ширкати Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент (ZTE) масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ гаштанд.
Таъкид гардид, ки чунин ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст.
Дар вохӯрӣ бо Ли Чао, раиси ширкати Ҳенан Ҷинҷиан Силверсид, масъалаи ҳамкорӣ дар бахши зироаткорӣ баррасӣ ёфт.
Тавре зикр гардид, ҳоло ин ширкат дар ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дар 600 га замини корами обӣ пахта ва сабзавоту полезӣ кишт намуда, истифодаи технологияҳои пешқадами каммасраф ва серҳосили кишоварзиро ба роҳ мемонад.
Дар заминҳои кишти ин ширкат беш аз 40 нафар мутахассиси кишоварзӣ ва деҳқонони Тоҷикистон машғули кор ва омӯзиши таҷрибаи ғании ҳамкасбони чиноии худ мебошанд.
Дар мулоқот бо Вэн Ган, директори генералии ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн), масъалаи вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба фаъолияти ин ширкат доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, ба мисли Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон, қисмати Душанбе-Данғараи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма- Қароқурум бо нақби Чормағзак, баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода низ бо сифат ва суръати баланд дар муҳлати муайяншуда навсозӣ мешавад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар самтҳои ҳамкорӣ сурат гирифт.

* * *
Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Вэн Ҷябао, Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқот орост.
Дар суҳбат ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои мулоқоти роҳбарони аввали Тоҷикистону Чин Вэн Ҷябао изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвараш барои татбиқи амалии тавофуқоти имрӯза ва қаблии миёни ду кишвар имкону захираҳои заруриро сафарбар менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои дастгирии пайваста аз рушди босуботи кишвари мо арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Чин, хусусан дар татбиқи лоиҳаҳои бузургҳаҷми зербиноӣ ба нафъи кулли минтақа хизмат мекунад.

* * *
6 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҷя Синлин, раиси Кумитаи умумичинии Шӯрои мардумии сиёсии машваратӣ вохӯрд.
Онҳо масоили вобаста ба таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ва робитаҳои байнипорлумонии Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, изҳор дошт: "Имрӯз бо эътимоди комил метавон гуфт, ки муносиботи Тоҷикистону Чин намунаи арзандаи ҳамкорӣ ва ҳамгироии бобарори давлати бузург бо ҳамсоякишвари худ аст". Ӯ, ҳамчунин таъкид дошт, ки "имрӯз муносиботи Тоҷикистону Чин давраи рушди босуръати худро ба сар мебаранд".
Аз он ки имрӯз ду кишвари ҳамсоя ба ҷаҳони муосир ва мушкилоти ташаккули тартиботи одилона дар садаи 21 мавқеъ ва назари ягона доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Зимни мулоқот доир ба дурнамои муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чин ва ҳамгироии муштарак дар арсаи минтақа ва ҷаҳон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
* * *
6 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Чен Юан, раиси идораи Бонки давлатии рушди Чинро ба ҳузур пазируфт.
Зимни баррасии ҳамкории мутақобилан судманди ду ҷониб ба нақши ин бонк дар густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, хусусан дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода шуд. Аз муҳтавои ҳамкории Бонки давлатии рушди Чин бо Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
"Натиҷаҳои дастгирии Бонки давлатии рушди Чин аз соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ва ташвиқи ҳунармандии занону духтарони деҳот, боиси хушнудӣ аст", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат.
Чен Юан изҳор дошт, ки ҳамкории аз ҳама босамари Бонки давлатии рушди Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо Тоҷикистон ба назар мерасад.
Бо ёдоварӣ аз ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин, ки соли 2011 бори аввал аз 2 миллиард доллари амрикоӣ гузашт, изҳори боварӣ шуд, ки солҳои наздик ин нишондод боз 2 баробар афзоиш меёбад.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба зарурати таҳия ва қабули стратегияи дарозмуддати ҳамкории ин бонк бо Тоҷикистон, маблағгузории бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва бонкдорӣ сурат гирифт.
Баъди анҷоми мулоқот миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин ду санад доир ба ҳамкорӣ барои рушди деҳот ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ ба имзо расид.

* * *
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар ҳошияи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, мулоқот намуд.
Сарони ду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои сершуморе, ки дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва илму фарҳанг рӯи коранд, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Ба сохторҳои марбутаи ду кишвар дастур дода шуд, ки барои ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд такмил додани нақби «Истиқлол», ба кор даровардани чархаи дуюми Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 2, оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ дар болои рӯди Зарафшон ва ба поён расондани имконсанҷии техникӣ ва молиявии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи бунёди роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин чораҳо амалӣ намоянд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба дигар лоиҳаҳои судбахши дуҷониба ва ҳамгироии Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯби муносибатҳои сеҷониба бо Афғонистон, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

* * *
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, 6 июн низ роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
 Дар мулоқот бо Хуан Ҷзанжун, раиси Шӯрои директорони ширкати Чайна Глобал, асосан масоили ҳамкорӣ дар мавзеи Зарнисори шаҳри Қайроққуми Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба кори корхонаи металлургӣ ва тавсеаи он то комбинати бисёрбахшаи ин соҳа баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки корҳои сохтмону таҷҳизи он тезонда, бунёди роҳҳои маҳаллӣ, мактабу бемористон ва дигар иншооти зарурии иҷтимоӣ низ бояд оғоз карда шавад.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар дигар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ сурат гирифт.
Зимни суҳбат бо Лин Жуйҷи Ҷанжун, ноиби президенти ширкати Хуавэй, масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ гашт.
Табодули андеша, аз ҷумла доир ба ташкили шабакаи назорати автоматии кори нақлиёт ва хадамоти хизматрасонии ҳаракат дар роҳҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, изҳор дошт, ки барои интихоби ширкати амаликунандаи ин лоиҳа озмуни ошкоро эълон карда мешавад ва ҳамаи ширкатҳои дохилию хориҷӣ метавонанд дар он иштирок намоянд.

* * *
Дар  ҳошияи  ҳамоиши  Созмони  ҳамкории  Шанхай     Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон, мулоқот намуд.
"Мавқеи Тоҷикистону Покистон оид ба аксари масъалаҳои муҳим ба ҳам наздиканд. Ин омил имконият медиҳад, ки ду давлати дӯст ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақавӣ дар ҳамоҳангӣ амал намояд", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон.
Гуфтугӯи судманд доир ба тезондани татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои тавассути сарзамини Афғонистон ба ҳам пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии Тоҷикистону Покистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва ғайра сурат гирифт.
Ба манзури аҳамияти ҳаётии амну субот дар Афғонистон барои рушди ҳамкории минтақавӣ сарони ду давлат изҳор доштанд, ки Тоҷикистону Покистон ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвари ҳамсоя мусоидати фаъол мекунанд ва хоҳанд кард.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба ҷаласаи ояндаи сарони давлатҳои чоргонаи Душанбе (Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия) ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

* * *
6 июн миёни сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистону Чин 5 санади иловагии ҳамкорӣ ба имзо расид:
2 созишнома миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва Бонки давлатии рушди Чин доир ба маблағгузории соҳаи кишоварзӣ ва омодасозии кадрҳои соҳаи молия ва бонкдорӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати давлатии назорати техникӣ ва карантини сифати молҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нозирот ва карантини рустанӣ;
Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи геологияи ангишти музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин;
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати алюминийи тоҷик" (TALCO) ва Ширкати миллии масолеҳи сохтмонии Чин (CNBM).
Тибқи созишномаи миёни TALCO ва CNBM, бояд дар ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки сементбарорӣ бо номи "CNBM-TALCO семент" бунёд ёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна сементи навъи «620» хоҳад буд. Ин корхона бо навтарин техникаю технология муҷаҳҳаз шуда, бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ аввалин шуда, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва атрофи он чунин навъи баланди семент истеҳсол хоҳад кард.
Тибқи нақшаҳои қаблӣ, навбати аввали он бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна семент бояд дар зарфи 14 моҳ сохта, ба истифода дода шавад.
Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона 5 ҳазор кас соҳиби ҷойи кор мешавад.

* * *
6 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо медали тиллоии Кумитаи олимпии Чин сарфароз гардид.
 Медали тиллоии ин ниҳоди бонуфузи варзишии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Қасри маҷлиси мардумии ин кишвар аз ҷониби Лю Пен, раиси Кумитаи олимпии Чин, тақдим карда шуд. Тавре зикр ёфт, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузургаш дар дастгирии рушди варзиш ва ҳаракати олимпӣ ба ин мукофоти олӣ сарфароз гашт.

* * *
6 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ ёфтанд.
"Мо ҳамеша аз мавқеи кишвари дӯст дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ менамоем", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон ва изҳори боварӣ намуд, ки "ба Афғонистон мақоми давлати нозири Созмони ҳамкории Шанхай дода мешавад".
Сарони ду давлати ҳамсоя барои татбиқи босамари лоиҳаҳои дар ҷараёни Конфронси душанбегии РЕККА пешниҳодшуда ҳамкории ҳамоҳанги Тоҷикистону Афғонистон ва кишварҳою созмонҳои мададрасонро зарур шумурданд. Тавре зикр гардид, лоиҳаҳои сохтмони роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба самтҳои гуногуни Афғонистон ва то сарҳади Покистон ва кашидани хатҳои интиқоли барқи 500-киловолтаи Сангтӯда - Пули Хумрӣ ва КАСА-1000 аз ҷумлаи онҳоанд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, Тоҷикистон имсол омода аст ба Афғонистон тавассути хати 220-киловолтаи Сангтӯда - Қундуз - Пули Хумрӣ ҳудуди 700 мегаватт нерӯи барқ содир намояд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай аз болоравии босуръати ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва имконоти транзитии ду кишвар изҳори хушнудӣ карда, ҳавасмандии худро ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахш, аз ҷумла тавассути ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ, таъкид намуданд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тавсеаи бештари заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкорӣ ва тақвияти ҳамгироии миёни сохторҳои низомию амниятии ду кишвар сурат гирифт.

* * *
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо натиҷаҳои зиёди пурарзиш ба поён расид.
Тайи сафари пурмаҳсули худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ба шаҳрҳои Сямэн, Лянчен, Шанхан ва Пекин ташриф оварда, дар баробари мулоқотҳо бо роҳбарияти олии ин кишвар ва иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо роҳбарони аввали Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, бо доираҳои соҳибнуфузи сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва роҳбарони ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Чин наздики 25 мулоқоти судманди дигар анҷом дод.
Тайи 10 рӯз дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 санади нави ҳамкориҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, саноат, роҳсозӣ, геология, кишоварзӣ, бонкдорӣ, телерадиокоммуникатсия ва ғайра ба имзо расид.
Тавофуқоти зиёди дигар миёни корхонаю ширкатҳои давлатию хусусӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Чин ҳосил шуд.
Тибқи яке аз чунин мувофиқаҳо дар муддати кӯтоҳ дар ноҳияи Шаҳритус бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ сармоягузории мустақим як корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 3 миллион тонна сементи баландсифати навъи "620" бунёд меёбад, ки дар он беш аз 5 ҳазор кас соҳиби кори доимӣ хоҳад шуд. Навбати аввали он баъд аз як сол бо иқтидори солонаи истеҳсоли 1 миллион тонна семент бояд ба кор дароварда шавад.
Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 дар муҳлати як соли оянда ба анҷом расонда, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ карда мешавад.
Тибқи санадҳои дар рӯзҳои ин сафар имзошуда, ҳаҷми умумии грант, кӯмакҳои техникӣ, қарзҳои имтиёзнок ва сармоягузории мустақим аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди анҷоми сафари бобарору пурмаҳсул шоми 7-уми июн аз шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ватан омад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.06.12    №: 72    Мутолиа карданд: 1974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед