logo

президент

Натиҷагирӣ аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

8 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, бо аъзои ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони идораҳои назди ҳукумат, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат, асосан масъалаи вобаста ба татбиқи амалии натиҷаҳои сершумору пурарзиши сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат,  ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои дахлдор дастур дод, ки барои татбиқи босамари тавофуқоти зимни ин сафар ҳосилшуда нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, пешниҳод намоянд.
Тавре зикр гардид, тайи ин сафар танҳо бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 санади нав доир ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту роҳсозӣ, геология, кишоварзӣ, бонкдорӣ ва ғайра ба имзо расид.
Ба масъулин доир ба иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда, аз ҷумла сохтмони маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Шаҳритус, корхонаҳои афинажӣ ва коркарди мис дар шаҳри Панҷакент, комбинати металлургӣ дар мавзеи Зарнисори шаҳри Қайроққум, иншооти иҷтимоӣ дар Панҷакенту Зарнисор, тезондани бунёди нақбҳои Шаҳристону Чормағзак, омодасозии лоиҳаи неругоҳҳои барқи обии "Нуробод-1" ва "Нуробод-2", кашидани хатҳои нави интиқоли неруи барқ, тавсеа додани корҳои геологӣ-иктишофӣ дар майдонҳои ояндадори нафту газ ва маъданҳои кӯҳӣ, рушди технологии соҳаи кишоварзӣ, ташкили технопаркҳо дар деҳот, омодасозии кадрҳои муҳандисӣ-техникӣ дар ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ва ғайра дода шуд.
Зимни машварат ба масъулини дахлдор, ҳамчунин доир ба сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, хусусан дар ноҳияҳои кӯҳистон ва ҷоннок намудани корҳо дар дигар самтҳои фаъолият супоришҳои мушаххас дода шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.12    №: 73    Мутолиа карданд: 32429
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед