logo

сафарҳо

Идомаи гузориш аз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Аз субҳи 13 июн сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом идома ёфт.
Конибодом яке аз шаҳрҳои муҳими саноатию кишоварзии вилояти Суғд ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлатро дар ин ҷо роҳбарият ва аҳли ҷамоат истиқбол гирифтанд.

Боздиди Президент аз маркази шаҳр бо оғози навсозии роҳҳои дохилии он рост омад. Барои ин мошину механизми зиёди муосири роҳсозӣ сафарбар гардидааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, имсол тибқи нақша, бояд 4 км роҳҳои маҳаллии дохили шаҳри Конибодом навсозӣ шавад. Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дастур дод, ки худи ҳамин сол 11 км роҳ навсозӣ шавад ва мужда расонд, ки барои ин 3 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ низ ҷудо мегардад. Соҳибкори маҳаллие, ки ба навсозии ин роҳ машғул аст, изҳор дошт, ки 1,5 километри роҳро аз ҳисоби даромадҳои ширкати худаш аз нав месозад.
Хотиррасон гардид, ки имсол навсозии роҳҳои маҳаллӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд авҷи тоза пайдо намудааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ба Маркази тиҷоратию истеҳсолии "Созмон" ташриф овард, ки дар як гӯшаи маркази Конибодом қарор дошта, ба гуфти роҳбараш Дилмурод Отахонов, самараи дастгирии давлатӣ аз рушди соҳибкории хусусӣ мебошад.
Тавре аён шуд, ин бино аз ду ошёна иборат буда, дар он коргоҳҳои истеҳсоли мебел, масолеҳи сохтмонии пластикӣ ва алюминӣ, дӯхти либос, заргарию гулдӯзӣ, толори пардози арӯсон ҷойгир шуда, як қисми дигари утоқу толорҳояш барои пешниҳод ба иҷорагирони дигар омода гаштаанд.  То ҳол дар ин марказ 25 нафар аз ҷониби худи соҳибмулк ва 30 каси дигар аз ҷониби иҷорашинҳои он бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Бо маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, соҳибкор Дилмурод Отахонов уҳдадорӣ гирифт, ки коргоҳҳои истеҳсолиро васеъ намуда, дар зарфи як соли оянда боз 150 ҷойи нави корӣ муҳайё созад.
Ин соҳибкори муваффақ ба истиқболи солгарди 15-уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва дар пайравӣ ба иқдомоти сершумори башардӯстонаи Сарвари давлатамон барои 30 нафар писарчаи ятим ва аз оилаҳои ниёзманд ҷашни хатна орост. Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори саховатпеша барои ин кори хайру савобаш арзи сипос карда, ба ҳар як писарчаи соҳибҷашн туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Дар гӯшаи дигари шаҳр бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, як мактаби наву замонавӣ, ки бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ дар заминаи як бинои валангор бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Зимни шиносоӣ бо шароити дар ин боргоҳи маърифат муҳайёшуда, аз ҷумла зикр гардид, ки он дорои 40 синфхона, 8 утоқи корӣ, ошхона, майдончаи варзишӣ ва ғайра иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ҷавонону наврасони синни мактабии ин маҳалла аз ифтитоҳи он басо шод гардиданд, зеро то ин вақт дар ин наздикиҳо ягон мактаб вуҷуд надоштааст. Мактабҳое, ки онҳо таҳсил мекарданд, дар сурати пиёда рафтан дар масофаи қариб яксоата роҳ қарор доштанд.
Дар хоҷагии ба номи Энаҷон Бойматоваи шаҳри Конибодом бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дарави ғаллаи обӣ оғоз ёфт.
Ба роҳбарият ва аҳли заҳмати хоҷагӣ маслиҳат дода шуд, ки ҳосили ғалларо аз ин ва дигар заминҳои обӣ ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он кишти такрориро ба роҳ монанд, то ки истифодаи пурсамари он ва рӯёндани ду ва зиёда ҳосил таъмин гардад. Тавре аён гардид, деҳқонони ин хоҷагӣ дар ташкили кишти такрорӣ ва рӯёндани якчанд ҳосил аз як замини обӣ таҷрибаи хуб касб намудаанд.
Дар ҳамин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин нашъунамои сабзавоту полезӣ, ниҳолҳои зардолубоғи навбунёд ва навниҳолҳои кӯчати ин ва дигар меваҳои шаҳдборро аз назар гузаронда, ба мутахассисон ва деҳқонону боғпарварон маслиҳатҳои муфид дод.
Дар зери як зардолубоғи серҳосили ин хоҷагӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат, иди зардолу ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гашт. Тавре зикр гардид, дар ин ҷо 54 намуди беҳтарин, серҳосил ва асосан ба содирот нигарондашудаи зардолу ба намоиш гузошта шуд. Соли гузашта ҳаҷми истеҳсол, коркард ва содироти зардолуи тару тоза ва хушк дар шаҳри Конибодом ба 5 миллион сомонӣ баробар гардид. 6,1% даромад ба буҷети маҳаллии Конибодом аз ҳисоби зародолупарварӣ аст.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин анвои гуногуни меваю сабзавот, тухмиҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ, асали баҳорӣ ва дигар маҳсулотро ба намоиш гузошта шуда буданд.
Зимни шиносоӣ бо гӯшаи занбӯриасалпарварон, аз ҷумла зикр гардид, ки баъди қабули Барномаи давлатии рушди ин бахш, яъне аз соли 2003 ин ҷониб истеҳсоли асал ва дигар маҳсулоти занбӯр беш аз 7 баробар афзудааст. Соли 2003 дар вилояти Суғд ҳамагӣ 200 кг асал ҷамъоварӣ шуда буд. Соли гузашта ин нишондод ба наздики 1200 тонна расид. Соли равон бошад занбӯрпарварон бовар доранд, ки аз 49500 оилаи занбӯр 1,5 ҳазор тонна асал ҷамъоварӣ мешавад.
Дар ҳамин ҷо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, озмуни вилоятии беҳтарин шаҳр ва ноҳияи зардолупарвар ҷамъбаст гардид. Тибқи натиҷаҳои озмун, ки аз ҷониби комиссияи вилоятӣ муайян шудааст, ҷойи якум бо 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ насиби шаҳри Конибодом гашт. Ҷойи дуюм бо 30 ҳазор сомонӣ ба шаҳри Исфара ва сеюм бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба ноҳияи Ашт дода шуд.
Дар  таги зардолубоғи дигари ҳамин хоҷагӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, бо фаъолони вилояти Суғд маҷлиси машваратӣ доир намуда, натиҷаҳои 5-моҳаи фаъолияти шаҳру ноҳияҳои онро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод ва барои таъмини рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи файзбор дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, аз шаҳри Конибодом ба шаҳри Исфара ташриф оварда, нахуст бо рафти корҳои азхуднамоии дашти навободи Моҳпарӣ аз наздик шинос шуд.
Тавре зикр гардид, дар мавзеи Моҳпарӣ бо баровардани об аз дарёи Исфара бояд наздики 3 ҳазор гектар замини ташналаб шодоб гардида, дар зиёда аз 800 гектари он беш аз 5 ҳазор хонавода ё худ 40 ҳазор аҳолӣ дар маҳаллаҳои навбунёди ободу зебо соҳиби манзили истиқоматӣ шавад. Зиёда аз 2200 гектари он барои боғдорию зироаткорӣ ва ба кор таъмин кардани мардум пешбинӣ гаштааст.
8 километри канали обёрӣ, ки дарозии умумиаш 10 км хоҳад буд, аллакай омода гашта, ба мавзеи Моҳпарӣ расидааст. Дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар фазои тантанавӣ ба каналӣ Моҳпарӣ ва ин мавзеи ташналаб оби ҳаётбахш сар дода шуд.
Мавриди зикри хос аст, ки беш аз 4 километри ин канал дар давоми 2 моҳ бе харҷи маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби мардум ба тариқи ҳашар канда шуд. Барои қиёс зикр гардид, ки 5 км аввали ин канал замони шӯравӣ дар давоми 5 сол омода гардида будааст. Аз ин хотир бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми Исфара бо нерӯи бузурги ваҳдатофарӣ матонати бемисли Фарҳоди кӯҳканро дар ин мавзеъ бори дигар такрор намудаанд.
Тавре зикр гардид, ба ин кор, асосан ҳавасмандии мардум ба ободонии ин мавзеи паҳно, ҳалли мушкилоти манзилӣ ва ҳамчунин қобилияти ташкилию сафарбарсозии роҳбарияти шаҳри Исфара боис гардидааст.
Аксари булдозеру экскаватор ва техникаю механизмҳо моликияти шахсии соҳибкорону аҳолии шаҳри Исфара буда, бехарҷи маблағҳои давлатӣ ба ин кор сафарбар шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, бо гузоштани хишти аввали яктоӣ мактабу маркази саломатӣ ва нахустин хонаи истиқоматӣ ба бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин оғоз бахшид. Ин маҳаллаҳо дорои 2 мактаби замонавӣ бо 1150 ҷойи нишаст дар як баст, як маркази саломатӣ, 2 ҳаммоми ҷамъиятӣ ва дигар иншооти иҷтимоию зербиноӣ хоҳанд буд.
Дар ин мавзеъ асосан оилаҳои ниёзманди деҳаҳои сераҳолии Чоркӯҳ, Ворух, Чилгазӣ, Кулкант, Нафтобод ва ғайра, ки мушкилоти ҷиддии манзилӣ доранд, ҷойгир мешаванд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, таъкид намуд, ки маҳаллаҳои нави истиқоматиро бо шабакаҳои обу барқ, роҳҳои мумфарш, хонаҳои зебою устувор ва дигар шароити зарурӣ бунёд намоянд.
Аз ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба маркази шаҳри Исфара ташриф оварда, се корхонаи нави коркарди меваю сабзавот ва як мағозаи фурӯши китобро ифтитоҳ намуд ва аз варзишгоҳи марказии шаҳр дидан карда, дастур дод, ки онро навсозӣ ва дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст кунанд.
Аввал корхонаи саноатӣ, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар шаҳри Исфара ба кор дароварда шуд, ин корхонаи "Исфара - фуд" доир ба коркард ва бастубанди хушкмеваи зардолу, себ ва ғайра буд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, дар ин корхона 60 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст. Иқтидори лоиҳавии корхона 3 ҳазор тонна буда, дар 4 моҳи аввали кор дар ин ҷо 150 тонна хушкмева коркард ва дар зарфҳои зебои бозоргузар бастабандӣ шудааст. То охири сол аз ин ҷо то 600 тонна хушкмева бояд ба хориҷи кишвар содирот шавад.
Корхонаи дуюми саноатӣ бо номи "Сан Фуд" бунёд ёфтааст, ки маънояш озуқаи офтобӣ мебошад. Ҳоло дар ин ҷо 88 нафар соҳиби кор шудааст. То охири сол шумораи коргарон бояд ба 140 нафар расад. Соли равон аз ин корхона беш аз 350 тонна хушкмева содирот хоҳад шуд. Ба иттилои раиси раёсати ширкати "Барс" Бахтиёр Мирзобаҳодуров, ки таъсисдиҳандаи ин корхона мебошад, то соли 2013 иқтидори коркард ва содироти хушкмеваи ин корхона ба 1,5 ҳазор тонна расонда хоҳад шуд.
Дар паҳлуи он, ҳамчунин як хати нави технологӣ оид ба коркарди меваю сабзавоти тару тоза дар корхонаи саноатии "Бадр и К0" ба кор дароварда шуд.
Дар ин корхона, асосан афшураю хамираи зардолу, себ, помидор омода ва аввал дар зарфҳои калонҳаҷм ҷойгир мешавад. Сипас ин маҳсулоти нимтайёр давоми 8 моҳи дигар дар зарфҳои хурди ба бозори истеъмолӣ пешниҳодшаванда бастабандӣ мегардад. Номгӯи пурраи маҳсулоти ин корхона аз 6 намуд иборат аст.
Бо фаъол гардидани хати нави ассептикӣ иқтидори истеҳсолии корхонаи  "Бадр и К0" аз 2 миллион ба 4 миллион қуттии шартӣ расонда шуда, шумораи коргаронаш аз 30 ба 60 нафар расид.
Мавриди зикри хос аст, ки маҳсулоти ҳар се корхонаи имрӯз дар шаҳри Исфара фаъолгардида, асосан ба содирот ба Русия, Беларусу Украина ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо нигаронда шудааст. Сифати истеъмолии қисмати зиёди ин маҳсулот дар озмоишгоҳҳои муътабари байналмилалӣ озмуда шуда, соҳиби сертификати ҷаҳонии HASP мебошанд.
Бо қаноатмандӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, то охири соли 2013 шумораи корхонаҳои коркард ва бастабанди меваи хушк дар шаҳри Исфара ба 15 адад мерасад.
Соҳибкорони исфарагӣ, ҳамчунин азм доранд, ки як адад чунин корхона дар шаҳри Кӯлоб низ бунёд намуда, меваю сабзавоти ин минтақаи пурфайзу баракатро мавриди коркарди саноатӣ ва бастубанд қарор диҳанд ва иқтидори содиротии ширкатҳои худро афзун намоянд.
Зимни ифтитоҳи маркази савдои "Марҳабо", ки дар ошёнаи аавали он мағозаи калони фурӯши китоб ҷойгир шудааст, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҳоло он дорои 10 ҳазор нусха китоб аст ва то моҳи сентябри соли равон ин шумора ба 40 ҳазор мерасад.
Дар як гӯшаи он, ҳамчунин китобхонаи электронӣ омода шудааст, ки бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар китобхонаҳои бонуфузи ҷаҳон пайваст мебошад.
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба шаҳри Исфара бо боздид аз варзишгоҳи марказии шаҳр ба поён расид.
Дар ҳузури чандин ҳазор варзишгарони касбӣ ва ҷавонону наврасон, ки барои истиқболу гусели меҳмони олимақом гирд омада буданд, Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, мужда расонд, ки ин варзишгоҳ мавриди навсозии пурра қарор гирифта, дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.12    №: 75-78    Мутолиа карданд: 2262
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед