мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Лутфулло Фурӯзанда
15 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Фурӯзанда - муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла ба кор даровардани чархаи дуюми неругоҳи барқи обии "Сангтӯда-2", оғози сохтмони неругоҳи «Айнӣ» дар болои рӯди Зарафшон, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии ду кишвар, кашидани лӯлаи об аз Тоҷикистон ба Эрон баррасӣ шуд.
Ду ҷониб аз фаъолияти босамари 150 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон ва афзоиши тиҷорати мутақобила, ки соли 2011 ҳаҷми умумии он ба 204 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2010 2% афзудааст, изҳори қаноатмандӣ кард. Ҳамзамон бо ин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки "имкону захираҳо барои якчанд маротиба боло бурдани нишондодҳои табодули молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон хеле зиёд аст".
Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.12 №: 79-80 Мутолиа карданд: 2219