logo

маориф

Мактаб ба номи ҳомии шарафманди Ватан гузошта шуд

Дар мактаби миёнаи рақами 11-и ноҳияи Роштқалъа бо иштироки Қодири Қосим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими номгузорӣ баргузор гардид.

Дар рафти суханронӣ Қодири Қосим иброз намуд, ки Ватан фарзандони сарсупурдаи худро ҳаргиз фаромӯш намекунад. Ӯ пешниҳод кард, ки ба мактаб номи  Саидмурид Лутфуллоев, фарзанди шуҷои Ватан, гузошта шавад.
Саидмурид Лутфуллоев хатмкардаи ҳамин мактаб буда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ дар ин ҷо ду сол ба шогирдон дарси адаб додааст. Тақдир ӯро ба кор дар сафҳои неруҳои амнияти кишвар кашид. Капитан С. Лутфуллоев соли 2011 дар муҳориба бо душманони миллат дар минтақаи Рашт қаҳрамонона ҳалок гардид.
Айнулло Лутфуллоев, падари Саидмурид, омӯзгори ботаҷриба, аз он изҳори сипос намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз ҳолу аҳволи оилаи онҳо зуд-зуд хабар мегирад ва хизматҳои Саидмуридро қадрдонӣ мекунад.
Дар чорабинӣ ҳамчунин ҳамхизматони марҳум аз Раёсати амнияти давлатии вилоят ширкат варзида, аз шуҷоату далерӣ, ору номуси ватандории Саидмурид ёдоварӣ карданд.
Қодири Қосим, барои ду хонандаи беҳтарини мактаб   стипендияи раиси вилоятро муқаррар карда, барои таъмири толори варзишии мактаб 12 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.

Раҳмони ГУЛЗОР,
"Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.12    №: 79-80    Мутолиа карданд: 5551
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед