logo

сафарҳо

Сарчашмаҳои оби нӯшиданӣ ҳифз шаванд

20 июн Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи умумии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор вориди шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид.
Нимаи дуюми рӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар чорабинии якҷояи ЮНЕСКО ва механизми «СММ-Об» оид ба масоили соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ кард.
Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, аз тамоми давлатҳо даъват ба амал овард, ки тавассути амалҳои мушаххас дар соҳаи об ва санитария чораҳои зарурӣ андешанд, то ин ки Соли байналмилалии ду ҳазору сездаҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи об пурсамар ҷамъбаст гардида, натиҷаҳои бадастомада дар солҳои минбаъда барои некӯаҳволии мардум ва муҳити зисти устувор истифода шаванд.
Президенти кишвар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба бархе аз масоили Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намуда, зарурати роҳандозии ҳамкории муассир ва ҳамаҷонибаро ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва дигар мақсадҳои мувофиқашудаи байналмилалӣ дар соҳаи таъминоти об ва санитария таъкид намуд. Ҳамчунин, ҳамкорӣ дар соҳаи об барои таъмини рушди устувор ва пешбурди «иқтисодиёти сабз» мавриди диққати махсуси Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Тавре Президенти Тоҷикистон тазаккур дод, «кишварҳо бояд муштарак амал намуда, афзалиятҳои иҷтимоию иқтисодиро муайян созанд, маблағҳоро ба таври оқилона истифода баранд ва обро барои нигоҳ доштани рушди устувор ва тавозуни экологӣ равона созанд».
Сарвари давлати тоҷикон зимни суханронии худ аз бобати таъсири манфии хушкшавии баҳри Арал ба вазъи экологӣ дар ҳавзаи баҳри Арал ва тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақа изҳори нигаронӣ намуд. Чунонки Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, «дар чунин ҳолат беҳтар гардидани вазъияти мавҷуда ва рушди минбаъдаи устувори минтақа фақат ба ҳамкории мутақобилан судманд дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои оби минтақа вобаста аст».
Дар ин росто Президенти Тоҷикистон зарур донист, ки дар ҳавзаи баҳри Арал ба ғайр аз стратегияҳои миллӣ, бояд стратегияи ягонаи минтақавии истифодабарии захираҳои оби минтақа амалӣ шавад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки дар ҷараёни татбиқи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи сарчашмаҳои оби нӯшиданӣ диққати махсус дода шавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.12    №: 81    Мутолиа карданд: 1873
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед