logo

сафарҳо

Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо СММ қаноатманд аст

20 июн дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия дар доираи иштирок дар Конфронси Рио+20 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо  Пан Гӣ Мун, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории гуногунҷанбаи кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоду муассисаҳои сершумори он баррасӣ гардиданд.

Дар  оғоз  Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таъкид кард, ки «ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи олии ҳамкории худ бо Созмони Милали Муттаҳид, ки чанде пеш мо бистумин солгарди онро ҷашн гирифтем, қаноатманд аст».
Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси ниҳодҳо ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳаллу фасли маҷмуи калони масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию амниятии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият баланд арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо ба раванди татбиқи пайгиронаи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Оқибатҳои буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нишонаҳои шиддат гирифтани буҳрони озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, проблемаи зиёди экологӣ ва офатҳои табиии харобиовари солҳои охир аз ҷумлаи монеаҳои чунин раванд номида шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, Президент, изҳори умед кард, ки Созмони Милали Муттаҳид дастгирии минбаъдаи ҷониби Тоҷикистонро дар раванди расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва рафъи монеаҳои зикршуда идома хоҳад дод.
Ҷонибҳо инчунин оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин баъзе масъалаҳои мубрами экологӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.
Дар масъалаи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя, Президенти кишвар иброз дошт, ки «мо ба ҳарчӣ зудтар баромадани ин сарзамини азияткашида аз ҳолати низоъ сидқан манфиатдорем ва ҷаҳду талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дастгирӣ менамоем».


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.12    №: 81    Мутолиа карданд: 1926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед