logo

сафарҳо

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи умумии конфронси СММ оид ба рушди устувор

20 июн Эмомалӣ Раҳмон,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи умумии конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ифтитоҳ гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Бояд тазаккур дод, ки конфронсро Пан Гӣ Мун, Дабири кулли СММ, ҳусни оғоз бахшид. Конфронс бо як овоз Дилма Русеф - Президенти Бразилияро раиси конфронс ва Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Тоҷикистонро яке аз муовинони ӯ интихоб кард.

Сипас аз байни бештар аз 140 сарони  давлат  ва  ҳукуматҳои    кишварҳои олам аввалин шуда, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, суханронӣ намуд.
Дар суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба Стратегияи миллии рушд, ки аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бармеояд ва мағзи муҳтавои онро се масъалаи асосӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти нақлиётиву коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат ташкил медиҳанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
Тавре Президенти кишвар таъкид сохт, тибқи ин Стратегия истифодаи самаранок ва сарфаи захираҳои табиӣ, ки унсури асосии иқтисоди «сабз»-ро таҷассум менамоянд, инчунин инкишофи бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи низоми экологӣ ҷузъи таркибии ислоҳоти дар Тоҷикистон татбиқшавандаро ташкил медиҳанд.
«Дастрасии фарогир ба хадамоти энергетикаи муосир, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ, тавсеаи истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия масъалаҳои муҳимтарини рушди устуворанд», - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни  суханронӣ  Эмомалӣ  Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро нисбат ба ташаббуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Энергетикаи устувор барои ҳама» изҳор намуд.
Ба қавли Президенти Тоҷикистон, «истифодаи гидроэнергетика ба консепсияи иқтисоди «сабз», ки яке аз мавзуъҳои асосии реҷаи кори Конфронси Рио+20 аст, комилан мутобиқат дорад».
Дар робита ба нақши бузурги ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об дар амри ноил шудан ба ҳадафҳои рушд, Эмомалӣ Раҳмон аз эълон шудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ бо ташаббуси Тоҷикистон махсус хотиррасон шуд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба се масъалаи ба ҳам пайванди экологию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ – тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон ҷалб намуд. Ӯ изҳори умед кард, ки ниҳодҳои байналмилалӣ ва кишварҳои мададрасон пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ хоҳанд намуд.
Дар поёни суханронӣ Президенти Тоҷикистон ҷонибдории кишварро аз баррасии масъалаҳои таҳкими чорчӯбаи ниҳодии рушди устувор ва таъсиси мақоми байниҳукуматии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ҳамчунин роҳандозии раванди таҳияи маҷмуи мувофиқашудаи ҳадафҳои фарогир дар соҳаи рушд иброз дошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.12    №: 81    Мутолиа карданд: 1944
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед