logo

ҳукумат

Нақшаи генералии шаҳраки Ҳисор ва маркази Ишкошим тасдиқ гардид

29 июн таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Прези-денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Пас аз тасдиқи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2012, ки масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис буд, ҳисоботи вазири кишоварзӣ дар бораи татбиқи амалии Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ барои солҳои 2007-2015 шунида шуд. Тавре зикр гардид, то қабули барномаи мазкур дар кишвар 8 корхонаи парандапарварӣ бо 495 ҳазор сар паранда фаъолият карда, солона ҳамагӣ 24 миллион дона тухм истеҳсол мекард. Ҳоло шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 18 адад расидааст, ки 9 - тоашро соҳибкорони инфиродӣ бунёд намудаанд. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 1,5 миллион паранда парвариш меёбад. Соли 2011 151 миллион дона тухм истеҳсол гардид. Истеҳсоли гӯшти паранда низ дар корхонаҳои парандапарварӣ афзоиш ёфта, ҳаҷми он аз 21 тоннаи соли 2007 дар соли 2011 ба 341 тонна  расид. Баробари афзоиши истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда воридоти ин маҳсулот аз хориҷи кишвар рӯ ба коҳиш дорад.
 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, барои боз ҳам зиёд намудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, саршумори паранда ва истеҳсоли маҳсулоти он, пурра таъмин намудани бозори дохилӣ ва ба роҳ мондани содирот ба хориҷи кишвар ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дод.
 Раиси ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ҳисобот дод.
 Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ доир ба ривоҷ додани ободонии ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла навсозии роҳҳои маҳаллӣ, тармими мактабу бемористонҳои таъмирталаб, рушди минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», муҳайёсозии шароити зарурӣ барои ҷалби бештари сайёҳон, таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоию сӯзишворӣ ва дигар корҳои муҳим дастуру ҳидоятҳо дод.
 Номгӯи самтҳои таълим (ихтисос), ки аз рӯи онҳо имкони дарёфти таҳсилоти олии касбӣ дар шакли таҳсили шабона ва ғоибона мумкин нест, Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҳисор барои солҳои 2012-2016, Нақшаи генералии шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор, Нақшаи генералии маркази ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд санади дигар тасдиқ карда шуд.
 Лоиҳаҳои як зумра қонунҳо доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла ба қонунҳо "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон", "Дар бораи милитсия" ва "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
 Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, доир ба ҳарчи зудтар дастрас намудани ёриҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза осебдидаи ноҳияҳои Рашту Тавилдара ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
 Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба ҷамъбасти босифати натиҷаҳои нимсолаи якуми соли равон, суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва ривоҷ додани кишти такрорӣ, сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ва омода кардани варзишгоҳҳо ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бо роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак бояд моҳи сентябри соли равон пурра ба истифода дода шавад ва дар ҳамин вақт навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғоз ёбад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.07.12    №: 86    Мутолиа карданд: 4906
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед