logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Соманахалли Малайя Кришна

3 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, Соманахалли Малайя Кришна, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт.
Соманахалли Малайя Кришна даъватномаи Президент ва Сарвазири Ҳиндустонро  ба  Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба ин кишвар тақдим намуд. Тавре зикр гардид, сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ба Ҳиндустон, ки дар моҳи сентябри соли равон дар нақша аст, таконбахши муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар хоҳад буд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, амниятию низомӣ ва фарҳангию маърифатии ду мамлакат баррасӣ ёфтанд.
Аз натиҷаҳои 20 соли муносиботи дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муддат 35 санади байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ имзо шуда, заминаи хуби ҳамкорӣ муҳайё гардидааст. Бо иштироки сармояи Ҳиндустон ҳоло дар Тоҷикистон 5 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва неругоҳи «Варзоб-1» навсозӣ мешавад.
Бо зикри натиҷаҳои намоёни ҳамкорӣ, ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз хеле зиёданд.
Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавии ду кишвар, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва доир ба барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон ва рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавассути қаламрави ин мамлакат сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.07.12    №: 87    Мутолиа карданд: 2178
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед