logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Конгресси Амрико

5 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ҳайати вакилони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки таҳти сарварии узви Палатаи намояндагон Дэн Бэртон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Гуфтугӯи муфассали судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико сурат гирифт.
Дэн Бэртон Тоҷикистонро «кишвари бисёр муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ «намоён» арзёбӣ намуд. Ӯ ташрифи чунин ҳайати баландпояи Конгрессро, ки бори нахуст сурат мегирад, «нишонаи ҳавасмандии амиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» маънидод карда, изҳор дошт, ки «минбаъд чунин робитаҳо ва ҳам ҳамкории мутақобилан судманд рушд хоҳанд кард».
Таъкид гардид, ки Амрико кумакҳои техникии худро ба сохторҳои низомию амниятӣ, хусусан ба неруҳои сарҳадӣ ва мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир идома дода, аз соли 2014 ба баъд барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон баъд аз хуруҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ афзун менамояд.
Вакилони Конгресси Амрико, аз ҷумла изҳор доштанд, ки кишвари онҳо аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад.
Суҳбати ҳавасмандона, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути эҳёи Шоҳроҳи Абрешим сурат гирифт.

х х х

Дэн Бэртон, роҳбари ҳайати вакилони Конгресси Амрико, пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иброз дошт, ки суҳбати мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар рушди иқтисодиёт, сиёсат, тиҷорат ва амният хеле самимона сурат гирифт.
Зимни гуфтугӯ масъалаи бекор кардани ислоҳи Ҷексон Веник ба қонуни тиҷорати Амрико, ки дар замони шӯравӣ қабул шуда буд ва то кунун барои густариши ҳамкорӣ халал мерасонад, матраҳ гардид. Мо ҳатман ин масъаларо ба конгресс ва Ҳукумати Амрико мерасонем, то он роҳи ҳалли худро пайдо ва ба рушди минбаъдаи муносибатҳои ҳар ду кишвар мусоидат намояд ва Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шавад.
Назар ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дар маркази Осиёи Марказӣ воқеъ гардида, бо бисёр давлатҳо ҳамсарҳад аст ва дар минтақа кишвари хеле муҳим ба ҳисоб меравад.
Грегори Велдон Микс, вакили конгресс, иброз дошт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Амрико на барои даҳсолаҳо, балки ба садсолаҳо нигаронида шудааст. Мавсуф зикр сохт, ки бояд ҷавонони Тоҷикистон дар Амрико ва ҷавонони Амрико дар Тоҷикистон таҳсил намоянд, зеро оянда дар дасти ҷавонон аст.

М. САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.12    №: 88-91    Мутолиа карданд: 2058
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед