logo

сафарҳо

Сафари кории Президент ба шаҳри Роғун

10 июл Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф овард ва зимни он ҳамчунин бо рафти корҳои барқарорсозӣ дар неругоҳи Роғун шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом дод.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, зимни шиносоӣ бо рафти барқарорсозии иншооти мавҷуда ва омодагӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун аз сатҳ ва сифати баланди корҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт: "Ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд хуб эҳсос намояд, ки неругоҳи Роғун барои садсолаҳо пешбинӣ шудааст ва сифати корҳо бояд ба ин ҳадафи воло мутобиқ бошад".  Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, ҳамчунин изҳор дошт, ки "неругоҳи Роғун бояд асрҳо ба мардуми Тоҷикистон ва кулли минтақа хизмат карда, танҳо манфиат расонад ва ҳеҷ зиёне надошта бошад". Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани маблағҳои буҷетию саҳмияҳои мардум ва масолеҳи сохтмонӣ дода шуд.
Аз сифати хуби корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмон ва ҳамчунин табъу руҳияи баланди бунёдгузорони ин кохи нурофарин баръало аён аст, ки дастуру ҳидоятҳои Эмомалӣ Раҳмон - Сарвари давлатро оид ба устувору босифат анҷом додани ҳар як амал сармашқи кори худ кардаанд.
Зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Роғун, ки бо иштироки масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ ва роҳбарони як зумра шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ба роҳбарияту аҳли заҳмати онҳо доир ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона, ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, омодагӣ ба зимистон, барои ду сол захира кардани озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва хӯроки чорво супоришҳои мушаххас дод ва таъкид гардид, ки ин ба роҳбарони тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар низ дахл дорад.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ҳамчунин аз афзоиши шумораи ҷинояткорию қонуншиканӣ дар миёни ҷавонону наврасон изҳори нигаронӣ карда, доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, иҷрои босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" дастуру ҳидоятҳо дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.12    №: 92-93    Мутолиа карданд: 1934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед