маориф
Маориф: масъалаи
нигаронкунанда ҳалли худро ёфт
Чанд рӯз пеш аз ин яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки вобаста ба надоштани маълумоти дуруст тобишҳои гуногун гирифт, сари вақт дастрас нагардидани шаҳодатномаҳо дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосӣ буд.
Нуриддин Саидов, вазири маорифи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки "аз ин масъала набояд ҳангома ва касе ё гурӯҳеро гунаҳгор сохт. Ҳеҷ ҳодисаи ғайричашмдошт низ рух надодааст".
Тибқи маълумоти вазир соле пештар тақсими ғайриқонунии беш аз ду ҳазор шаҳодатнома дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ошкор гардид. Ба хотири боз рух надодани чунин як фасод рӯйхати хатмкунандагони мактабҳо дар асоси фармон ба шуъбаҳову раёсату идораҳои маориф пешниҳод ва вобаста ба ин дар нашриёт миқдори чопи шаҳодатномаҳо ба роҳ монда шуд. Дар нашри нахустини ин ҳуҷҷат ғалат роҳ ёфт. Нашриёт шакли дурусти онро аз ҳисоби маблағҳои худ чоп кард. Аз рӯи тартиби силсила ва рақамҳо он ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳо пурра тақсим гардидааст. Ба ин хотир муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ то 10 август ва миёнаи касбӣ то 20 август тамдид шуд.
Абдулқодири РАҲИМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.12 №: 92-93 Мутолиа карданд: 5607